МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Машварат идроку хушёри диҳад
Бо ташаббуси КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон дар китобхонаи вилояти ба номи Шамсиддин Шохин конференсияи илми - амали дар мавзуи «Нақши васоити ахбори омма (ВАО) ва хизбхои сиёси дар инъикосу таблиғ ва арчгузори ба арзишхои милливу давлатдории Тоҷикистони сохибистиқлол» шуда гузашт.
Конференсияро раиси КИ ХХДТ дар вилоят А. Ализода бо сухани муқаддимави хусни оғоз бахшида, дар мавзуи зикршуда журналист Н. Маъмурзода маърӯза кард. 
24.08.2016
Натиҷаҳои назаррас
Дар нимсолаи авали соли чори ба бучет беш аз 72 миллион сомони ворид гардид, ки ин дар нисбати хамин давраи соли гузашта 8 миллион сомони зиёд мебошад. Дар натичаи андешидани тадбирхои таъсирбахш нақшаи умумии андози ичтимои 102 фоиз ичро гардида, талаботи нафақахӯрон пурра пардохт карда шуд. 21 нафар маъюбон бо роххатхои табобати таъмин гардида, 2 нафар маъюбони эхтиёчманд дар муассисахои будубоши ҷумҳурияви ҷойгир карда шуданд. 
24.08.2016

Қӯрғонтеппа нигинест дар ангуштарини Хатлонзамин
Қӯрғонтеппаро шахри чавон ва дӯсти унвон мекунанд. Дар ин макони ободу зебо имрӯз халқияту миллатхои гуногун зиндаги ва фаъолият доранд. Махсусан шахри Қӯрғонтеппа дар ду-се соли даврони сохибистиқлоли рушд ёфта, ободу зебою дилрабо гаштааст. Хар як мехмонони хоричие ки боре ба Қӯрғонтеппа меояд, аз зебоии шахр ва мехмоннавозию пазироии сокинонаш мафтун гашта, орзу мекунад боз бори дигар ба шахри Қӯрғонтеппа биояд.
24.08.2016
Пешвози Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Имрӯз тамоми сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа, хурду калон бесаброна ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Қӯрғонтеппа интизори мекашанд. Тамоми сокинони шаҳр таҳти роҳбарии раиси шаҳр мӯҳтарам Амирулло Асадулло бо дарки баланди масъулияти ватандори...
24.08.2016
Конференсияи хисоботи-интихоботи
Дар толори мақомоти ичроияи шахри Қӯрғонтеппа конференсияи хисоботи-интихоботии Шӯрои ҷамъиятии ҳаракати ваҳдати милли ва эхёи Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид.
24.08.2016
Чароғонкунонии шаҳри Қӯрғонтеппа
Ҷиҳати равшанамоӣ ва ороиши шаҳри Қӯрғонтеппа дар давоми ду соли охир аз тарафи муассисаи давлатии комуналлии чароғонкунонӣ ва ороишии шаҳри Қӯрғонтепппа корҳои зиёде таҳти роҳбари ва дастгирии ҳамаxонибаи раиси шаҳр мӯҳтарам Амирулло Асадулло ба анxом расонида шуд.
24.08.2016 
Оши идона
Дар боғи фарҳангию истироҳатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба зиёда аз 10000 нафар иштирокчиёни чорабинии фарҳанги бахшида ба 25 - солагии давлатии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоxикистон, ки рӯзи 25 -уми август дар варзишгоҳи «Пахтакор» намоиш дода мешавад... 
24.08.2016 
КОРМАНДОНИ 
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ҚӮРҒОНТЕППА
Ташрифкунандагон
Қурби асъор
   ДАР 25-08-2016 
1 USD       7.8687
1 EUR       8.8657
1 RUB       0.1185
           
           ОБУ ҲАВО 
                 
          Субҳ:         +27..+29t°C 
          Рӯзона:    +35..+37t°C 
          Шом:         +25..+27t°C 
          Шабона: +21..+23t°C


Хатҳои уфуқӣ ва чароғакҳои роҳномои танзими ҳаракати автомобилҳо
Баъди таъмири асосии роҳҳои мошингарди шаҳри Қӯрғонтеппа хатҳои уфуқӣ  ва чароғакҳои роҳнамои танзими ҳаракати автомобилҳо  аз нав барқарор карда шуда истодаанд. Чароғакҳои роҳнамои танзими ҳаракати автомобилҳо рақамӣ буда, ҳаракати пиёдагардонро осон ва ҳамзамон ба танзим медароранд...
22.08.2016
Таъмири асосии бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа
Бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳр Амирулло Асадулло бори аввал ба бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҳисоби даромади барзиёдии  буҷаи маҳал таъмири асосӣ гузаронида шуд. Таъмир бо суръат ва бо сифати ба меъёрҳо ҷавобгӯ дар кӯтоҳтарин мӯҳлат ба анxом расонида шуд... 
22.08.2016
Сохтмони театр дар арафаи анҷомёбист
Сохтмони бинои театр дар шаҳри Қурғонтеппа дар арафаи анҷомёбӣ буда, мутобиқи нақша дар рузи таxлили 25-умин Солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад. 
22.08.2016
Мактаби хусусӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Бинои мактаби хусусӣ барои 1240 хонанда дар ду баст воқеъ дар кӯчаи Дустии Халқҳо, ки аз тарафи ҶДММ «Аминxон» фармоиш гардида буд, дар арафи анxомёбист ва дар рӯзи таxлили 25-умин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба истифода дода мешавад...
22.08.2016
Корхонаи истеҳсолии ЧДММ «Қӯрғонтеппасохтмон»
Базаи корхонаҳои истехсоли масолеххои сохтмони воқеъ дар кӯчаи Кайхонавардон, ки аз тарафи ҶДММ «Қӯрғонтеппасохтмон» фармоиш ва аз тарафи пудратчи ҶДММ «Қӯрғонтеппасохтмон» бо маблағи умуми 6240,0 сомони сохта шуда...
22.08.2016
Ивази шиору навиштачотхо
Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ пешвоз гирифтани 25-умин Солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ дар қаламрави шаҳри Қурғонтеппа бо як рӯҳияи идона ва ифтихори ватандӯстӣ идома доранд...
22.08.2016 
Айёдати маъюбон
Ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагии аҳолӣ мунтазам  татбирҳои судманд  аз тарафи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷӯмҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шуда  истода аст...
22.08.2016 
Санҷиши мукамали ҳолати ҳолати омодагии мудофиаи граждани дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Бо назардошти фармони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гаждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2016 №121 «Оид ба гузаронидани санxиши мукамали ҳолати омодагии мудофиаи гражданӣ ва системаи ягонаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон» 
22.07.2016
Маркази омӯзиши қаннодӣ
Бо ташабусси бахши xавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҳисоби духтарон ва занони маҳаллӣ маркази омӯзиши қанодӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳ аз симу зар» ташкил карда шуд. Курс дар як вақт 15-нафар бонувони бекасбукор ва хонашинро ба омӯзиши ройгон фаро гирифта, як моҳ давом менамояд. 
Ансабли рақсии «Ситора» дар шаҳри
Қӯрғонтеппа таъссис ёфт
Бо дастгири марди фарҳангдусту фарҳангшинос Амирулло Асадулло раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ансабли давлатии рақсии «Ситора»-и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  таъссис дода шуд.Ҳоло дар ин ансабл зиёда аз 30- нафар ҷавонписарону ҷавондухтарон ҷалб гардида ба онҳо ду устоди варзидаи рақс нозукиҳои санъати фарханги сирф миллӣ-рақсро меомузонанд.
22.07.2016
Таъмири биноҳои баландошиёна дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 25-умин солгарди Истиқлолияти Давлатии Љумҳурии Тоxитикистон, ки таxлили он дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба нақша гирифт шуда аст, дар хиёбони «Ваҳдат»-и шаҳри Қӯрғонтеппа таъмири биноҳои баландошиёна аз тарафи корхонаи...
22.07.2016
Хадамоти тиббии мудофиаи граждании шаҳри Қӯрғонтеппа
Бо мақсади муайян намудани тайёрӣ ва омодагии ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании шаҳр оид ба иҷро намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» дар кӯчаи Ваҳдати шаҳри Қӯрғонтеппа аз санаи 18.07.2016 сол то 21.07.2016 сол машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ бо ҷалби Хадамотҳои дахлдор баргузор гардид.
21.07.2016
Истироҳати бо фароғат
Дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти томактабии ҳудуди шаҳр давраи солимгардонии кӯдакон идома дорад. Дар доираи чорабиниҳое, ки дар ин давра ба нақша гирифта шудааст, тарбиягирандагони муассисаҳои томактаби ба машғулиятҳои гуногун ҷалб мегарданд.  
18.07.2016
Эҳтиёт шавед!
Чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст, дар фасли гармо касалиҳои сирояткунанда авҷ мегиранд. Алалхусус канаҳо, кӯрпашшаҳо, муш ва калламушҳо моро ба ташвиш овардаанд. Канаи бо номи “Геалома Анатоликум” ин намуд канаҳоро дар саҳро, хона, оғилхонаҳо, чарогоҳҳо ва чорво вохӯрдан мумкин аст. Канаи  “Геалома Анатоликум” айни ҳол гурусна буда, мисли кӯрпашша асосан хун мемакад.Хуни чорворо макида чорворо ба касалии тейлериоз дучор мекунад. 
18.07.2016
Таътил хубу хотирмон мегузарад
Чандест, ки кӯдакону наврасон ба таътили тобистона баромада, хар кадоме ин давраро хубу хотирмон сипари месозанд. Чуноне раиси кумитаи иттифоқи касабаи шуъбаи маорифи шахри Қӯрғонтеппа Сулаймон Бақоев изхор дошт, бо мақсади дар давраи таътили тобистона ба истирохату фароғат таъмин кардани  кӯдакону  наврасон тадбирхои  саривақти  андешида шуда, айни  замон дар назди  муассисахои таълимии худуди  шахр  фаъолияти лагерхои истирохати – солимгардони, фароғати-таълими, варзиши- бехдошти  ба рох монда шудааст. 
18.07.2016
Бемории хатарнок ва пешгири аз он
Бо фарорасии фасли тобистон бемориҳои сироятии карантинии хафнок Вабо, Товун ва Таби-хунин авҷ мегиранд, ки аз ин бемориҳо, маризие, ки бештар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вомехӯрад, ин Таби хунин мебошад. Таби хунини Осиёи Маркази бемории шадиди вируси буда, ба гурӯхи зоонозхо медарояд ва дар табиат манбаи муайян ва таби думавчи дорад.
18.07.2016
Ба хотири сазовор чашн гирифтани 25 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба хотири сазовор чашн гирифтани 25 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон, ки тачлили он дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар нақша аст, корҳои созандагиву ободкори бо суръат идома доранд. 
18.07.2016
Шанбегӣ
Тибқи супориши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе тамоми кормандони муассисаҳои тиббӣ, варзишӣ, сокинони маҳаллаҳо, идораҳои ободонӣ ва мазилию коммуналӣ ба шанбегии умумишаҳрӣ баромаданд.
Аз ҷумла кормандони беморхонаи клиникии шаҳри Қӯрғонтеппа...
18.07.2016
Шаш моҳи соли 2016
АХБОРОТ
Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Қӯрғонтеппа, дар шаш моҳи соли 2016 барои иҷрои вазифа ва ӯҳдадориҳое, ки аз оинномаи корхона, Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон...
15.07.2016
Маркази омӯзиши дӯзандагӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Бо мақсади xалби занону  духтарони маҳаллӣ бо касбомӯзии ройгон ва бо ин восита дастгирӣ намудани  онҳо дар оғоз ва рушди соҳибкории мустақилонаи онҳо, бо ташабусси Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар доира лоиҳаи «Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон», ки сарпарастии онро Иттиҳоди мутаҳидаи Амрико оид ба рушди байналхалқӣ дар Тоҷикистон ба ӯҳда дорад
14.07.2016
Аз фаъолияти Маркази миллии тестӣ
Бехтаринхо донишчӯ мешаванд
- Мархилаи аввали имтихон ба охир расид, аммо ягон шикоят ба қайд гирифта нашудааст. Довталабон ва волидони онхо аз тарзу усул ва рафти санчиши дониши довталабон розианд, - мегӯяд намояндаи ваколатдори Маркази миллии тести дар маркази имтихонии 03/06 воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Шухрат Яхёев. Зеро фаъолияти марказ дар рафти омодагихо ба имтихонот дар давоми сол идома ёфта, мардум мохияти ММТ-ро хуб дарк кардаанд. 
14.07.2016
Маркази омӯзиши адрасбофӣ ва атласбофӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Бо ташаббуси мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахри Қӯрғонтеппа дар натичаи хамкорихои судманд бо Ассотсиатсияи миллии занхои сохибкори Тоҷикистон бо мақсади
ичрои дастуру супоришхои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон
14.07.2016
Бахшида ба ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ  ва 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эй мулки азиятдидаи ман, эй халқи соддаю ҷафокашидаам, магар фаромӯш мегардад он рӯзгоре, ки ҳамагӣ чанд сол қабл паси сар сохтаӣ? Орзӯи чандинҳазорсоларо ба даст овардем, соҳиби истиқлолияти комил гардидем. Аммо мо натавонистем, ки ин истиқлолиятро ҳамчун атои Яздонӣ истиқбол намоем. 
14.07.2016
Табби хунин
Таби хунин, бемории вазнини вирусии дорои манбаъхои табиии сирояти буда, ба гурӯхи беморихои ба воситаи хун сироятёбанда мансуб меёбад.
Бемори ба одам асосан ба воситаи газидани канаи сироятёфта, алоқа бо хуни одами сироятёфта ва ё хуни хайвони сироятёфта мегузарад. 
14.07.2016
Ҷамъбастии шашмоҳаи натиҷаҳои тараққиёти иxтимоӣқтисодии шаҳри Қӯрғонтеппа             
Дар толори мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппамаxлиси xаъбастии шашмоҳаи натиxаҳои тараққиёти иxтимои-иқтисодии шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки муовини Раиси вилоят баргузор гардид.
9.07.2016 
Корҳои созандагӣ дар маҳаллаи «Баҳор»
Ҷомеаи шаҳрвандӣ бобати бунёди мамлакати пурқуввату мӯътадил шарики давлат мебошад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ худидоракунанда  аст, бинобар ин дар он нақши чунин унсурҳо чун мақомоти худидоракунии маҳаллӣ махсус мебошад. 
5.07.2016
Паёми табрики раиси шахри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло ба муносибати иди саиди Фитр
Ҳамдиёрони азиз!
Инак, ба диёри ҳамеша баҳори мо иди саиди Фитр, ки яке аз муборактарин ва муътабартарин идҳои исломӣ буда, бо шукӯҳу шахомати махсус дар тамоми кишварҳои мусулмони ҷашн гирифта мешавад, фаро расид. Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳаркадоматон хушию хурсанди, бароятон бахту саодат, рӯзгори неку осуда орзу менамоям.
5.07.2016
Шӯъбаи хифзи мухити зисти шахри Қӯрғонтеппа
Шӯъбаи хифзи мухити зисти шахри Қӯрғонтеппа дар 6 мохи соли 2016 бахри ичрои  талаботхои Қонунхои Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи хифзи хавои атмосфери», «Дар бораи партовхои сахти истехсоли ва  истеъмоли», «Дар бораи хифзи мухити зист», «Дар бораи экспертизаи давлатии экологи», «Дар бораи хифзи сарватхои оби», тачлили Рӯзи Вахдати милли ва 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон 
5.07.2016
Дар доираи 190 рӯзи ободонӣ
Хизматрасонӣ ҷавобгӯ ба талабот бошад
Қӯрғонтеппа шаҳри озодаҳо -маркази яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ буда, зиёда аз 104 ҳазор аҳолӣ дорад. Боиси ифтихор аст, кирӯз то рӯз ободу зебо гардида, дар радифи шаҳрҳои пешрафта ҷой мегирад. Вақте аз кӯчаҳои шаҳр гузар месозам, аз корҳоиободонию созандагӣ, ки имрӯз дар шаҳр вусъат доранд, руҳам болида мегардад. 
5.07.2016
Иди Фитр
Кормандони беморхонаи клиникии шаҳри Қӯрғонтеппа дар арафаи Иди саиди Фитр дар партави даъвату ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбон, оилаҳои ниёзманд, бепарастор ва барҷомонда кӯмаки хайриявӣ расониданд. 
5.07.2016
Марказҳои имтиҳонсупорӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа айни ҳол бо хоҳиши Маркази миллии тестии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-маркази имтиҳонсупорӣ бо тариқи тестӣ дар 6-муассисаи таҳсилоти умумии шаҳри Қӯрғонтеппа (мактабҳои №12, 6, 10, 3, 4, 9,) ба фаъолят оғоз намуданд. Марказҳо дар синфхонаҳои таъмиршуда, xогир кардашуда, тариқи камераҳои мушоҳидавӣ тамоми рафти имтиҳонсупорӣ зери назорати...
5.07.2016
Гулбазм дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон
Бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади эҳёи анъанаҳои наxиби аxдодӣ, такон додани зебопарастии сокинони вилоят дар майдони «70 - Солагии Водии Вахш» - и шаҳри Қӯрғонтеппа озмуни вилоятии  «Гулбазм» барпо гардид, ки гулпарварони шаҳри Қӯрғонтеппа дар ин озмун  xои аввалро ишғол намуданд.
5.07.2016
Рейди муштарак
Аз тарафи комиссияи танзим ва бехатарии роҳҳои назди мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар якxоягӣ бо намояндагони нозироти андоз ва шуъбаи иҷозатномадиҳӣ (литсензия) бо мақсади аз байн бурдани тамбашавӣ дар назди бозори «Фаровон» - и шаҳри Қӯрғонтеппа рейди муштарак гузаронида шуд. 
28.06.2016 
Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Дар боғи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа чун анъана 27-уми июн Рӯзи Ваҳдати милли бо шукуҳу ҳашамати хоса тачлил карда шуд. Чорбабиниро бо сухани ифтиои-табрики Раиси вилоят Гулмуҳамадзода Д. оғоз намуда, дар бораи аҳамияти таърихии ин санаи тақдирсоз барои миллати тоҷик сухан гуфтанд. Дар ҳақиқат Ваҳдати милли дар радифи дигар арзишҳои волои милли Ватан-Модар, забон, дин, Парчам, Нишон, Суруди милли дар қатори муқадасоти милли дохил мешавад. 
27.06.2016 
Истиқлолият ва Ваҳдат –ду рукни давлати миллӣ
Муассиси Вахдати милли ва эхёи Тоҷикистон, Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хамеша бо рисолату зехнияти модарзодии халқи азизамон эътимод кард...
27.06.2016 
Нақши Конститутсия дар пойдории Ваҳдати миллӣ
Рӯзи 27 июни соли 1997 бастани истиқрори сулх, халқи точикро аз гуреза шудану ноором будан ва бадбинихову дасисачӯихо халос кард, лекин ин дастовард бо осони ба даст оварда нашудааст. Чунончи, бахри амали гардидани хадафи мазкур мохи апрели соли 1994 ҳайати музокира таъсис дода шуда, амал мекард. Боз як қадами устувор бахри расидан ба ин хадаф, рӯзи 6 ноябри соли 1994 қабули Конститутсия ва интихоби Президенти тозаистиқлоли Тоҷикистон гардид.
27.06.2016 
Бахшида ба 19-солагии «Ваҳдати миллӣ»
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои беморхона бахшида ба 19-солагии «Ваҳдати миллӣ» дар беморхона бо иштироки устодони Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав декани факултаи таърих ва ҳуқуқ Пиров А.К., мудири кафедраи таърихи умумӣ Саидмуминов А. ва кормандони беморхона мизи мудаввар баргузор гардид. Пиров А.К. ва Саидмуминов А. 
25.06.2016 
Маҷлиси Комиссия оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои назди мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа
Дар толори мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонеппа мачлиси Комиссия оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои назди мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа доир гардид.
24.06.2016 
Конфренсия илмӣ бахшида ба Рузи «Ваҳдати миллӣ»
Дар толори мақомоти иxроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа конфренсияи илмӣ бахшида ба таxлили Рузи «Ваҳдати миллӣ», ки чун анъана ҳамасола 27-уми июн дар қаламрави ҷумҳурӣ дар сатҳи давлатӣ бо шукӯҳу ҳашамати хоса ҷашн гирифта мешавад, дар мавзӯи «Нақши ваҳдати миллӣ дар рушди ҷомеа» баргузор карда шуд. 
24.06.2016 
Дар иҷлосияи ҳафтуми Мачлиси вакилони халқи шахри Қӯрғонтеппа даъвати панчум баргузор гардид.
Дар толори мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокиияти давлтии шаҳри Қӯрғонтеппа ичлосияи хафтуми Мачлиси вакилони халқи шахри Қӯрғонтеппа даъвати панчум бргузор гардид Рӯзномаи ичлосияи хафтуми Мачлиси вакилони халқи шахри Қӯрғонтеппа даъвати панчум бо масъалахои зерин тасдиқ карда шуда буд:
24.06.2016 
Мо рохбари меомӯзем
Дар доираи семинари омӯзиши, ки тайи ду рӯз, тахти унвони «Мо рохбари меомӯзем», бо иштироки 120 нафар чавонони фаъол, гирандагони стипендияи президенти, идрорпулии раисони шахру нохияхо, кормандони сохторхои махаллии раёсати чавонон, варзиш ва сайёхии вилоят гузаронида шуд, вохӯрии раиси вилоят Гулмахмадзода Давлатшох Қурбонали бо чавонони фаъол баргузор гардид.
24.06.2016 
Дар арафаи иди шарифи Рамазон бо ташабусси шуъбаи САҲШ дар ҳамбастагӣ бахши кор ба занон ва одила тасмин гирифта, дар санаи 23 июни соли ҷорӣ, ки 5 нафар занони пирони барҷомонда, маъюбон ва шахсони якаву танҳо, кумаки яквақта маводҳои хурока аз қабили равған, шакар, биринҷ, маҳсулотҳои ордӣ ва хокаи шустушувӣ дода шуд.
24.06.2016 
Дилам ҷавлон заду ёди Ватан кард
Вахдат, сулху дӯсти, амониву осудаги натичаи хиради волои инсонист. Махз инсон метавонад бо ақлу заковат ва идроку ояндабини тақдири ояндаи худро дигаргун созад.
Солхо паи хам мегузаранд, аз он рӯзхои дахшатбору хунбор, ки бар сари фарзанди точик омада буд. Алангаи оташи чанг боло гирифта, дуди ғализи он Тоҷикистони азизро саросар печонида буд. 
23.06.2016 
Бадахшон
Вилояти мухтори кӯхистони Бадахшон минтақае аст, ки дар он чо унсурхои қадимаи фарханги милли, ки аз замони ориёихо нишонаанд, нигохдори шудаанд ва дар партави истиқлолият рӯ ба рушд овардаанд. Чӯробу сару либос мусиқи, рақс ва аз хама чолибтаринаш дафбазм ончунон холису зебоянд, ончунон дар таърих решахои жарф доранд, ки хамеша дар доираи таваччухи оламиён қарор доранд. 
24.06.2016 
Маҷлиси Ситоди шаҳрӣ оид ба ҳамоҳангсозии  корҳо оид ба фаъолияти мунтазами иншоотҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017
Маҷлиси ситодро бо сухани муққадимавӣ сардори Ситод муовини якуми раиси шаҳр Абдуллозода Искандар оғоз намуда, иштирокчиёни ситодро бо қарори раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ва замимаҳои қарор оиди гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 шинос намуд. Дар рафти маҷлис сардори Ситод, муовини якуми раиси шаҳр Абдуллозода Искандар иштирокчиёни маҷлисро таъкид намуд, ки бо қарори раиси шаҳр, нақшаи- чорабиниҳо ва маводҳои зарурӣ тасдиқ гардида, моро зарур аст, ки нисбати иҷрои он тадбирҳо андешем.
22.06.2016 
Ташабуси ТЧЧ «Созандагони Ватан»-и шахри Қӯрғонтеппа
Бо ташабуси ТЧЧ «Созандагони Ватан» дар шахри Қӯрғонтеппа дар хамкори бо Раёсати  ҷавонон, варзиш ва сайёхии вилояти Хатлон  зиёда аз 50 нафар гурӯххони ташабускори   донишгохи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав   бо мақсади ичрои нақша чорабинихои ТЧЧ «Созандагони Ватан» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошнои пайдо намудани чавонон аз чойхои таърихии кишвар  ба нохияхои Данғара, Темурмалик, Восеъ ва шахри бостонии Кӯлоб сафар карданд.
22.06.2016 
Машғулияти омӯзишии «Зан –роҳбар»
Тибқи нақшаи тасдидгардидаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар толори мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа машғулияти омӯзишии «Зан –роҳбар» барои мудирони шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оила, инчунин як нафари зан аз ҳисоби кадрҳои захиравии мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуд. 
22.06.2016 
Таътил идомаи фаъолияти дабистонҳост
Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр пас аз анчоми соли тахсил ба таътили тобистона баромаданд. Тавре раиси кумитаи иттифоқи касабаи шуъбаи маорифи шаҳр С. Бақоев изҳор дошт, соли равон чиҳати дар сатхи зарури ба роҳ мондани таътили тобистонаи хонандагон тадбирҳои қатъи андешида шуд. 
22.06.2016 
Курси таълимӣ
Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахри Қӯрғонтеппа бо дастгириии ташкилоти ҷамъияти ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа курсхои таълимии атласу адрасбофи ба роҳ мемонад. Курсхои мазкур дар тӯли як сол  фаъолият карда, дар он ба занону духтарони хохишманд ва хонанишин бо хунари атласу адрасбофи омӯзонида мешавад.
Орипова М.
Ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи омодагихо ва истиқболи сазовори чашни бузурги Ватан-25–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кумитахои махаллахо ва ташкилоту муассисахои шахри новобаста аз шакли моликият ва тобеият, барои махалла ва кӯчаи бехтарин, хона ва оилаи намунави, ин- чунин муассисахои бехтарин мусобиқахои шахри гузаронида шуд. 
22.06.2016 
Дастовардҳо
Хафтаи сипаригашта мутахассиси иттилоотии мақомоти  иҷроияи маҳаллии. ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯғонтеппа - Муродова Сановбар Давронхоновна дар озмуни Ҷумҳуриявии олимони ҷавонон «Навовари бехтарин»,- ки бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри  Хуҷанд баргузор гардид...
22.06.2016 
Оид ба фаъолияти шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва Кумитаҳои маҳаллаи шаҳри Қӯрғонтеппа
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани талаботхои Амри Президенти Чумхурии Точикистон аз 8 апрели соли 2013, № АП-2209, қарори раиси шахри Қӯрғонтеппа аз 16 апрели соли 2013, № 185 «Дар бораи тақсимоти нави худудии шахри Қӯрғонтеппа оиди ташкили махаллахо» ба имзо расида, дар ин давра як қатор корхои муайян ба сомон расонида шудааст.
16.06.2016 
Дар бораи ҳолати фаъолият дар китобхонаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа  дар давоми  соли 2016
Нақши китоб ва китобхонаҳо барои тарбияи наслҳои имрӯзу оянда хеле муҳим аст. Китобхонӣ ҷузъи  муҳими тарбияи насли наврасро бояд ишғол кунад. Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст.
Китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Қӯрғонтеппа соли 1938 бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ташкил гардидааст.
16.06.2016 
Иқдоми наҷиб
Бо ташабусси мудири бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа Муродов Сафарали ва дастгирии эмомхатибони ҷомеъаи шаҳри Қӯрғонтеппа бо маблағи зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ кудакистони рақами № 7-и шаҳри Қӯрғонтеппа таъмири асосӣ карда шуда, ҳазамон утоқҳои таъмиркардашуда бо катҳои хобби замонавӣ ва ҳамагуна таҳxизотҳои зарурӣ таъмин карда щуданд. 
16.06.2016 
Таъмири асосии бинои маъмурии мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа
Таъмири асосии бинои маъмурии мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа дар арафаи анxомёбист. 
14.06.2016 
Иҷроиши барномахои  давлати  дар муассисаҳои таълимӣ
Маъмурияти муассисаи тахсилоти миёнаи умумии  №4 ба маълумоти Шумо мерасонад, ки  чихати ичроиши барномахои  давлати  дар муассиса як қатор корхо ба анчом расонида шуд.Аз чумла оиди  барномаи стандарти давлатии тахсилот қайд намудан зарур аст, ки дар муассисаи таълими дар соли чори 1224 нафар хонандагон 
14.06.2016 
Сехи истеҳсоли яхмос.
ЧДММ «Осиё +К»-и шаҳри Қӯрғонтеппа яке аз корхонаҳои навтаъсиси замони истиқлолият буда, фаъолияташро истеҳсоли яхмосҳои босифат ташкил менамояд.Тамоми воситаҳои меҳнати корхона аз таъҷизот ва технологияи пешқадами муосир иборат буда, ин аст, ки маҳсулоти истеҳсол намудаи корхона дар бозори дохилӣ  рақобатпазир буда, доимо хардидори худро пайдо менамояд. 
14.06.2016 
Ясмин – хонандаи сол
Озмуни «Хонандаи сол – 2016», ки соли равон байни макотиби шахр гузаронида шуд, ҷамъбаст гардид. Хонандаи синфи 11-и МТМУ №5 Ясмин Фатхуллоева ғолиб дониста шуда, ба даври озмуни вилоятии «Хонандаи сол – 2016» роххат гирифт.
9.06.2016
Баррасии масъалаҳои муҳим
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, бо иштироки муовинони раиси шаҳр, сардорони  шуъбаҳои вазорати корхои дохила, холатхои  фавқулодда  ва  мудофиаи шаҳрвандии шаҳр, нозирони  минтақави, раисони  маҳаллаҳо ва фаъолон ҷамъомад доир гардид.    
9.06.2016 
Агентии суғуртаи ичтимои ва нафақаи назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахри Қӯрғонтеппа
Кормандони агентии суғуртаи ичтимои ва нафақаи назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахри Қӯрғонтеппа дар асоси қонунхои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии ичтимои», кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору қонунхои қабул намудаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда дар давоми соли чори корхои муайянеро ба сомон расонидаанд.
8.06.2016
Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Трансформатор»
Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Трансформатор» дар 5 мохи соли 2016 ба маблағи 1339606 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 134870 сомонӣ зиёд  буда, иҷроиш  111,2  фоизро ташкил дод.  Дар ин давра аз тарафи корхона 69-адад трансформаторҳои гуногунтамға истеҳсол карда шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 баробар зиёд мебошад.
8.06.2016
Чорабиниҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Қӯрғонтеппа
Муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №15-и шахри Қӯрғонтеппа бахшида ба 25-солагии Истиқлолият, 23-май рӯзи чавонон ва Вахдати миллии     Чумхурии Точикистон аз рӯи нақша – чорабинии таълимгох байни хонандагон ва устодон дар таърихи 12-апрели соли 2016 махфили физики бахшида ба «12-апрел рӯзи кайхона-вардон» аз рӯи барномаи махфил...
6.06.2016
Эълон намудани ҳашари умуми шаҳри.
Бо мақсади тақвият додани корҳои ободони ва бунёдкориву созандаги дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз 03 06 2016 сол №78 амри Раис шаҳр Амирулло Асадулло дар бораи «Рӯзи 4 июни соли 2016 аз соати 6 то 12 эълон намудани ҳашари умумишаҳри» қабул гардида, барои  ичроиши он ситоди  шаҳрӣ  низ ташкил карда шуд. 
4.06.2016
Рузи ҳифзи муҳити зист
Дар толори тобистонаи боғи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа бо ташабусси мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа ва Райёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Рузи ҳифзи муҳити зист, ки ҳамасола дар тамоми давлатҳои мутамадини олам xашн гирифта мешаванд, xашн гирифта шуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки масъалаҳои экологӣ   ва хифзи табиат дар асри XXI бо хусусиятхои худ, яъне гармшавии иқлим дар сиёсати чахонии тамоми башарият ахамияти хосаеро касб кардаанд. 
6.06.2016
Солимии кӯдакон-солимии Ҷомеа
Кормандони маркази саломатии кӯдакони шахри Қӯрғонтеппа рохбараш Баргигул Баротова дар таъмини хифзи сихатии кӯдакон  нақши арзанда доранд. Муоинаи саривақти ва сихатии кӯдакон тахти назорати доимии онхо қарор дошта, пайваста кӯшиш менамоянд, ки вазифаи хешро дар сатхи баланд иҷро намоянд.
4.06.2016
Тарбияи кудак вазифаи мо
30 нафар мураббиёни кӯдакистони №1-и шахр мудираш Манзура  Холова, ҷихати тарбияи атфол нигохубин ва мухайё намудани шароити онхо кӯшиши зиёд ба харч дода, барои дар сатхи баланд ба рох мондани кор муваффақиятхои назаррасро ноил гардидаанд.
 Дар ин чо 120 нафар тифлон дар шароити хеле хуби нигохубин қарор дошта...
4.06.2016
Экология ва хифзи табиат
Проблемахои экология ва хифзи табиат дар чомеаи чахони ва махсусан замони чахонишави ба худ нақши муассиреро касб намудаанд.
Олимон хисоб намудаанд, ки дар асри XXI гармшавии хаво аз + 1,5 то ба +4 дарача мерасад, ки ин омил бешубха боиси оқибатхои гуногуни фалокатбор дар сайёраи замин хохад шуд. 
4.06.2016
1-июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Дар боғи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа Рузи байналмилалии ҳифзи кудакон, ки аз соли 1950 ин xониб дар тамоми давлатҳои мутамаддин xашн гирифта мешавад, бо шукӯҳу ҳашамати хоса таxлил карда шуд. Чорабиниро бо сухани ифтитоӣ ва табрикӣ аз номи Раиси вилоят муовини Раиси вилоят Хидирзода М... 
1.06.2016
Сиҳатии аҳоли- вазифаи муқаддаси мост
Мохи Шарифи Рамазон мохи хайру эхсон. Мардуми точик ин мохро хуш истиқбол карда, урфу одатхои онро ба чо меоранд. Мохи пархезкори ва ормӯзиши гуноҳост. Мохест, ки покизагиро дӯст медорад. Шахси рӯзадор на ботинан балки зохиран низ бояд пок бошад. Дар ин мохи хайру рахмат, аз пайи корхои нек гардад..
31.05.2016 
Чорабинии идона барои кӯдакон
Дар санаи 28 майи соли 2016 соати 9:00 дар боғи фарханги фароғатии шахр бо дастгирии мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахри Қӯрғонтеппа, ва Ҷамъияти сахомии пушидаи “Телекомм Технолоджи” ба муносибати Рӯзи байналмилалии мухофизати кӯдакон 1 - июн”...
31.05.2016
Ҷаъмбасти озмун
Ҷиҳати ичрои Амри Президенти Ҷумҷурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2016, № АП-681 «Дар бораи гузаронидани мусобиқаи чумхурияви бахшида ба чашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҷурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии хокимияти давлати, мақомоти ичроияи хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон...
31.05.2016
Санҷиш бо мақсади бехбудӣ
Ёдовар мешавем, ки дар асоси амри раиси шахр Амирулло Асадулло, №49 аз 4-уми апрели соли 2016 гурӯхи кории мақомоти ичроияи шахр оид ба санчиши вазъи бахисобгирии омори дар сохахои мухталифи иқтисодиёти шахр фаъолият дорад. Имрӯз низ ҷихати ба танзим даровардани хисоботхои омори, бақайдгирии ташкилоту корхонахо, андозбандии сохибкорон, пардохти маблағхои барқ, коммунали, андоз, обу корези, бастани шартномахо, риояи қонуни забон, танзими анъана ва чашну маросимхо дар як қатор мағозахои хиёбони Вахдат (ҶДММ Боварӣ-М, ҶДММ Таком ва ғайра) аз тарафи гурӯхи  кории мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахр тахти рохбарии муовини Раиси шахр Аминов Тоҷиддин санчиш гузарониданд.
17.05.2016
Дарёфи истеъдодҳои ҷавон
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳии шаҳр дар ҳамкорӣ бо маркази фарҳангии ҷавонон ва шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба 25-солагии Истеқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ҷавонони шаҳри Қурғонтеппа, фестивал озмуни «Истеъдодҳои ҷавон» баргузор гардид. 
17.05.2016 
Ташрифи мушоҳидони байналмилалӣ ба участкаҳои райъпурсии минтақаи Кӯрғонтеппа
Мушоҳидони  байналмилалӣ  ва намояндагони комиссияи марказии райъпурсии Ҷӯмҳурӣ ба участкаҳои райъпурсии минтақаи Кӯрғонтеппа ташриф намуда, ба шафофият, омада будану тартиби дурусти ташкилии ин учаскаҳо бори дигар боварӣ хосил намуданд. Дар баробари худро қайд намудан дар китобҳои бақайдгирӣ...   
15.05.2016 
Чорабинӣ ба хотири баланд бардоштани қобилияти зеҳнӣ ва пешгирӣ аз шомилшавӣ баҳаракатҳои инфиродии ҷавонон ва наврасон.
Бо ташабусси Шуъбаи корҳои дохилии Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва дастгирии Раиси шаҳр - мӯҳтарам Амирулло Асадулло рӯзҳои 14-15 май...
15.05.2016
Чорабинӣ бахшида ба рузи оила
Дар толори Литсейи-1 шаҳри Қӯргонтеппа дар давоми силсила- чорабиниҳо бахшида ба    Рузи оила бо ташабусси бахши занон ва кор бо оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, таҳти сарпарастии ташкилоти ҷаъмиятии «Ғамхорӣ»...
15.05.2016
Семинар дар мавзӯи «Моҳият ва зарурати райъпурсӣ»
Бо ташабусси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, дастгирии Раиси шаҳр мӯҳтарам Амирулло Асадулло ва таҳти роҳбарии роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Профессор Азимзода Назир дар толори кохии «Ватан» бо иштироки намояндагони комиссияи марказии райъпурсӣ дар мавзӯи «Моҳият ва зарурати райъпурсӣ» семинар баргузор карда шуд.
12.05.2016 
Муқимат бо корупсия
Дар толори кохии «Ватан» бо иштироки муовини Агентии мубриза бо ҷиноятҳои молиявӣ ва муқимат бо коорупсияи назди Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон мӯҳтарама Мӯқимӣ Н дар мавзӯи «Роҳҳои муқимат бо корупсия» бо сокинон ва фаъолони шаҳри Қӯрғонтеппа сӯҳбат барпо карда шуд. Сӯҳбатро бо сухани ифтитоӣ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Профессор Азимзода Назир оғоз намуда, ҳамзамон мафҳуми ҷиоятҳои характери коупсиондоштаро аз нигоҳи қнуни ҷиноӣ тафсир намуданд. 
11.05.2016
Корвони саломатӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Бо ташабус ва дастгирии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикиситон, Райёсати тандурустии вилояти Хатлон ва Кумаки аввалияи тибию санитарии шаҳри Қӯрғонтеппа дар шаҳри Қӯрғонтеппа корвони сайёрӣ саломатӣ барпо карда шуд. Дар корвон беҳтарин мутахасисони тиббӣ ва технологияву таҷизотҳои муосир ба сокинони шаҳр дар тамоми давраи  рӯз хизмати ройгон намуданд.
6.05.2016
Айёдати иштирокчии ҷанг дар арафаи таҷдиди 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ .
Дар арафаи таҷдиди 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Раиси кумитаи маҳаллаи «Ваҳдат»-1 Мусоев Бобоҷон  иштирокчии ҷанги Ҷанги Бузурги Ватанӣ...
5.05.2016
Иҷроиши пилла
Кирмакпарварони хоҷагиҳои деҳқонии Қӯрғонтеппа яке аз аввалинхо шуда дар митқиёси Ҷумхӯри нақшаи пилласупориро сарабаландона иҷро намуданд. Нақшаи имсолаи пилласупории шаҳр 2000 килограмм пешбинӣ шуда буд. Хоҷагиҳои деҳқонии вобаста шуда, бо саъю кушиши худ тавонистанд пеш аз мӯҳлат ва барзиёду босифат ин нақшаро иҷро намоянд. 
4.05.2016
Бахши хифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр
Тибқи қарори Хукумаи Ҷумхурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, № 437 «Дар бораи идома ва чори намудани механизми тачрибавии кӯмаки унвонии ичтимои ба оилахо ва шаҳрвандони камбизоат» дар шахри Қӯрғонтеппа ба бахши хифзи ичтимоии ахоли аз то 28 - апрели соли 2016-ум 719...
4.05.2016
Шӯрои шуъбаи маориф
Марбуд ба рушди соҳаи маорифи шаҳр рӯзи 29 апрели соли 2016 Шӯрои шуъбаи маориф доир гардид, ки дар он 10 масъала мавриди муҳокима ва барраси қарор дода шуда дар ин самтҳо қарорҳои дахлдори Шӯрои  шуъбаи маориф ба тавсиб расида дастрасии муассисаҳои таълимӣ ва томактаби гардонида шуд.  
3.05.2016
Бахшида ба 5 - солагии рафти Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»
Дар санаи 29 апрели соли 2016 тибқи нақша – чорабинихои Комиссия оид ба хуқуқи кӯдаки назди мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахри Қӯрғонтеппа дар хайати Қосимова С...
3.05.2016
Шанбеги дар махаллаи Ваҳдат-3
Шнбеи гузашта бо мақсади тайёрӣ ба баргузории рузи райпурсии умумихалқӣ, ки 22-юми май дар шаҳри Қӯрғонтеппа   ва тамоми ҷумҳурӣ баргузор мегардад, ва тачдиди 71-умин солгарди Ғалаба...
30.04.2016
Бозиҳои варзишии мактаббачагон
Бо мақсади рушди варзиш дар байни мактаббачагон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Точикистон дар ҳамкори бо шӯъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа...
29.04.2016 
Санҷиш дар асоси амр
Ёдовар мешавем, ки дар асоси амри раиси шахр Амирулло Асадулло, № 49 аз 4-уми апрели соли 2016 гурӯхи кории мақомоти ичроияи шахр оид ба санчиши вазъи бахисобгирии омори дар сохахои мухталифи иқтисодиёти шахр фаъолият дорад.  
28.04.2016
Бахши кор бо занон ва оила
Санаи 28 апрели соли 2016 бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳамбастагӣ бо намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «ИНИС» дар вилояти Хатлон – Маҳмадова Сайёра...
28.04.2016
Қарори раиси шаҳри Қӯрғонтеппа
Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 31 марти соли 2016, № 72 «Оид ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2016, № АП-681 «Дар бораи гузаронидани мусобиқаи чумхурияви бахшида ба чашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии хокимияти давлати, мақомоти ичроияи хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, вилоятхо, шахру нохияхои тобеи чумхури барои шахр, нохия, шахрак, дехот, деха, махалли бехтарин, хона ва оилаи намунави»...
28.04.2016
Вохӯри бо иштирокчиёни ҶВБ
Санаи 28 апрели соли 2016, соати 10:00 бо ташабуси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси шаҳр дар толори шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, кормандони шуъбаи ширкати суғуртаи иҷтимоии шаҳр, шуъбаи Агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр ва шуъбаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр, вохӯри бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.
28.04.2016
Базми шеър
Бо ташабусс ва дастгирии бевоситаи Раиси шахр мӯхтарам Амрулло Асадулло дар толори кохи «Ватан»-и шахри Қӯрғонтеппа бо иштироки адибон, шоирони шинохтаи чумхӯри ба хотири боло бардоштани маърифати адабии наврасон, базми шеър баргузор карда шуд.
27.04.2016
Тренинг дар толори кохи "Ватан"
Санаи 27 апрели соли 2016, соати 14:00 дар толори Кохи Ватан бо иштироки бевоситаи роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа –Азимзода Н.Б. ҷаласаи якҷояи кормандони Дастгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯргонетеппа ва бо раисони кумитаи маҳаллаҳо баргузор гардид.
27.04.2016
Конференсияи шавқовар
Дар МТМУ №15 – и шахр конференсияи илми – амалии хонандагон аз фанни химия баргузор гардид. Дар он хонандагони синфхои 11 –ум ширкат варзида, дар мавзӯи «Ҷадвали даври» маърӯза намуданд.
27.04.2016 

Бахми шеър
Бо ташабусс ва дастгирии бевоситаи Раиси шахр мӯхтарам Амрулло Асадулло дар толори кохи «Ватан»-и шахри Қӯрғонтеппа бо иштироки адибон, шоирони шинохтаи чумхӯри ба хотири боло бардоштани маърифати адабии наврасон, базми шеър баргузор карда шуд.
27.04.2016





Конференсияи илми – амалии хонандагон
Дар МТМУ №15 – и шахр конференсияи илми – амалии хонандагон аз фанни химия баргузор гардид. Дар он хонандагони синфхои 11 –ум ширкат варзида, дар мавзӯи «Ҷадвали даври» маърӯза намуданд. Хамчунин ба хозирин аз чониби хонандагон намоишхои гуногуни халли реаксияи химияви, чистонхои химияви ва тачрибахои гуногуни химияви намоиш дода шуд. Чорабини хеле хотирмон доир гардида, дар чамъбаст ба хонандагон Ифтихорнома ва дигар тӯхфахои таъсиснамудаи муассисаи мазкур супорида шуд.


Рӯзи мудофиаи намунави
Дар муассисаи таълимии №14-и шахри  Қӯрғонтеппа   тахти  унвони «Рӯзи мудофиаи намунави»  машқхо  марбут  ба  холатхои фавқулода  доир  карда шуд.  
Чорабинии мазкур, бо ташаббуси шуъбаи маорифи шахр,  дар хамкори бо кормандони  Ситод оид ба хотлатхои фавқулоддаи шахр, вилоят, қисми мустақили 21-уми харбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии шахр, нуктаи ёрии таъчили гузаронида  шуда, дар он сарварони  муассисахои таълимии худуди  шахр, омӯзгорони  фанни омодагии дифоъ  ва  хонандагони  муассисаи таълимии мазкур   ширкат доштанд.

«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Қӯрғонтеппа барои солҳои 2016-2020» 
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Қӯрғонтеппа барои солҳои 2016-2020» барои мувофиқа дар сатҳи Вазорату кумитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дошта, дар семоҳаи якум аз руи занҷири мантиқии барномаи мазкур маблағгузории иншоотҳои аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сохташаванда 2 млн. 500 ҳазор пешбини гардида, дар асл 6 млн. 572 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Ҷамъи маблағгузориҳои асосӣ дар миқёси шаҳр аз ҳисоби маблағҳои ҳамаи сармоягузорон 14 млн. 186,6 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2015 ба маблағи 7 млн. 902,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра аз ҳисоби шаҳсони алоҳида ва соҳибкорон 23 адад иншоотҳои ҳаётан муҳим ба маблағи 4 млн. 276,4 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, аз ҷумла 19 адад биноҳои истиқоматӣ ба масоҳати 3546 метри мураббаъ сохта мавриди истифода қарор дода шуд.

Гурӯхи кории мақомоти иҷроияи шахр
Дар асоси амри раиси шахр Амирулло Асадулло, №49 аз 4-уми апрели соли 2016 гурӯхи кории мақомоти иҷроияи шахр оид ба санчиши вазъи бахисобгирии омори дар сохахои мухталифи иқтисодиёти шахр фаъолият дорад.
Мақсад аз созмон додани гурӯх ба танзим даровардани хисоботхои омори, бақайдгирии ташкилоту корхонахо, андозбандии сохибкорон, пардохти маблағхои барқ, коммунали, андоз, обу корези, бастани шартномахо, риояи қонуни забон, танзими анъана ва чашну маросимхо дар қаламрави шахр. Сифати шиору овезахо, номгузори, бахисобгирии ахолие, ки дар шахр истиқомат доранд, мебошад.


 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню