Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ


Бахши чавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади арч гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ташвиқи тарзи зиндагии дунявӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ,тақлид ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайр, гирифтани пеши роҳи шомилшавии чавонон ба ҳаракату созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ як қатор корҳои назаррасро ба анчом расонидааст.
  Бахши чавонон, варзиш ва сайёҳӣ доир ба муқовиматнокӣ ба падидаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии чавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайр ва пешгирии чинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ дар маҳалҳо, байни хонандагон, донишчӯён ва варзишгарон  13 суҳбату вохӯриҳо бо иштироки зиёда аз 2832 нафар баргузор намудааст. Инчунин Бахши чавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба  шомилшавии чавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва пешгирии чинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ дар байни варзишгарон мунтазам суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, марбут ба ин масъала рӯзи 28 июли соли чорӣ вохӯрӣ бо чавонони шаҳр ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи накшаи чорабиниҳо Бахши чавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар давоми соли чорӣ 19 чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ бо иштироки зиёда аз 11791 нафар ва 36 чорабиниҳои варзишӣ бо иштироки 8687 нафар наврасону чавонон баргузор намудааст.
          Аз чумла бо мақсади тарбия намудани чавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва омӯхтани илму ҳунарҳои муосир тибқи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 22 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Чумҳурии Точикистон, 26 солагии хоричи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аз Афғонистон ва 70 солагии ғалаба дар Чанги Бузурги Ватанӣ, бахши чавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф, Шӯрои чанговарони башардӯст ва комиссариати ҳарбии шаҳр аз 5  то 14 феврали соли 2015 байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр озмуни «Ватанпарвар»-ро баргузор намуд. Дар озмуни «Ватанпарвар» 290 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр  иштирок доштанд. Ғолибони озмуни «Ватанпарвар» бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаҳои таъсиснамудаи бахши чавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр қадр карда шуданд.
         Инчунин тибқи нақшаи чорабиниҳо Бахш дар ҳамкорӣ бо Маркази фарҳангии чавонони шаҳри Қӯрғонтеппа дар давоми соли чорӣ дар қисмҳои ҳарбии 3503 ва 2628  якчанд маротиба чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ баргузор намудааст.
         Дар доираи нақша–чорабиниҳои 30-рӯзи чавонӣ таҳти унвони “Чавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар” ба ифтихори Рӯзи чавонони Точикистон бо мақсади чалби наврасону чавонон ба илмомӯзӣ ва дарёфти хонандагони фаъол, бахши чавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр рӯзи 12 май озмуни “Хонандаи сол”бо иштироки 36 нафар хонандагони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр, рӯзи 14 майи соли 2015 озмуни “Истеъдодҳои чавон” Суруди беҳтарин ва Рақси беҳтарин бо иштироки 250  нафар чавонон ва мусобиқаи волейболро байни кормандони ташкилоту муассисаҳо ва чавонони маҳаллаҳо баргузор намудааст. Ғолибони озмун  бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи бахши чавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр қадр карда шуданд.
          Инчунин бахшида ба “Соли оила” дар ҳамкорӣ бо Филиали ташкилоти чамъиятии ИНИС дар вилояти Хатлон рӯзи 15 майи соли 2015 мизи мудаввар дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати оиладорӣ” бо иштироки 30 нафар аъзоёни маҳфили “Ихтиёриёни чавон” гузаронида шуд. Иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ бо туҳфаҳои хотиравии ташкилоти мазкур қадрдонӣ карда шуданд.
          Чорабиниҳои маърифатӣ –фарҳангӣ ва варзишӣ мунтазам ба навор гирифта шуда, ба воситаи  шабакаҳои  телевизионии  “Сафина”,  шабакаи
1-ум, ТВ Хатлон, “Чаҳоннамо”намоиш дода мешаванд.
          Бахши чавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр  дар оянда низ бо мақсади дар рӯхӣяи ватандӯстию ватандорӣ тарбия намудани чавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим чораҳои амалӣ меандешад.
       Мудири бахши  чавонон, варзиш ва сайёҳии        шаҳри
 
Қӯрғонтеппа                                                           Ҷ. Исматуллозода
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню