Маҷмааи фароғати, истироҳати ва комплекси варзиши дар шаҳри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Маҷмааи фароғати, истироҳати ва комплекси варзиши дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 25-уми августи соли ҷори зимни сафари хизматии худ ба вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Қӯрғонтеппа Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмонии Маҷмааи варзиши, фароғати ва истироҳати дар шаҳри Қӯрғонтеппа оғози расми бахшида буданд. Маҷмааи мазкур дар майдони 54 гектар марҳила ба марҳила бунёд мегардад. Қисмати бештари маҷмааро иншоотҳои варзиши ташкил намуда, ба ин иншоотҳо майдонҳои хурду калони бозии футбол, волейбол, баскетбол, теннис, толорҳои машқи бадан ва қасри намудҳои варзиши оби дохил мешаванд. Калонтарин иншооти ин маҷмаа сохтмони майдони футбол барои 25 ҳазор тамошобин пешбини шуда буда, мутобиқ бо меъёрҳои байналмилали сохта мешавад. Дар ин чо як кули сунъи ва боғи фарҳанги-фароғати низ дар майдони 12 гектар бунёд хоҳад ёфт.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

3.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню