Ҷамъбастии натиҷаҳои тараққиёти иҷтимои иқтисодии хоҷагиҳои халқи шаҳри Қӯрғонтеппа дар соли 2016 - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Ҷамъбастии натиҷаҳои тараққиёти иҷтимои иқтисодии хоҷагиҳои халқи шаҳри Қӯрғонтеппа дар соли 2016

Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа  таҳти роҳбарии раиси шаҳр мӯҳтарам Амирулло Асадулло ва муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода маҷлиси ҷамбастии натиҷаҳои тараққиёти иҷтимои иқтисодии хоҷагиҳои халқи шаҳри Қӯрғонтеппа дар соли 2016 барпо гардид. Оиди  натиҷаҳои тараққиёти иҷтимои иқтисоди ва дастоварҳои  хоҷагиҳои халқи шаҳри Қӯрғонтеппа дар соли 2016 мудири шӯъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа А. Шоев муфасал баромад намуд. Аз суханрони ва натиҷагирии А. Шоев маълум гардид, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар якҷояги бо коллективҳои меҳнатии шаҳр бо азму иродаи қави супориш ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбари гирифта, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисоди барои соли 2016, дар шаҳр аксар соҳаҳои хоҷагии халқ бо натиҷаҳои арзандаи истеҳсолӣ ҷамъбаст карда шудаанд.
Ҳалли аксар масъалахои иҷтимоию иқтисоди, вусъати корҳои ободони дар шаҳр, баланд бардоштани сатх ва сифати  зиндагии мардум ба иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозҳо ва  пуррагардонии буҷет вобаста мебошанд, ки ин масъала ҳамеша дар маркази диққати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дошта, барои истифодаи самаранок аз имкониятҳои мавҷуда, пурра ба кор андохтани механизм ва манбаъҳои иловагии ҷамъоварии андозҳо  минбаъд низ тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Дар натиҷа, дар ёздаҳ моҳи соли ҷори бо назардошти андози  иҷтимои нақшаи қисми даромади андозҳо 105 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 127 млн. 262,3 ҳазор сомони ворид гардида, нисбати нақшаи ёздаҳмоҳаи соли ҷорӣ (нақша 120 млн. 688,4 ҳазор сомони) 6 млн. 573,9 ҳазор сомони зиёд мебошад. Дар ин давра қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба ҷойи 72 млн. 730,1 ҳазор сомони 72 млн. 163,2 ҳсомони харҷ гардид. Ҳамзамон 100 ҳазор сомони ба фонди стабилизатсиони, 30 ҳазор сомони ба фонди иншоотҳои махсусан муҳими ҷумҳуриявӣ ва 13 млн. 952,5 ҳазор сомони ҳиссачудокуни ба буҷети вилояти Хатлон равона карда шудааст. Дар интиҳои ҷамъбасти муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода баромад намуда, ба натиҷаҳои тараққиёти иҷтимои иқтисоди ва дастоварҳои хоҷагиҳои халқи шаҳри Қӯрғонтеппа дар соли 2016 баҳои мусби дода, ҳамзамон оиди баъзе аз камбудиҳои халталаб истодагари намуданд. Ҷиҳати бартараф намудани норасогиву камбудиҳои ҷойдоштаи  баъзе  аз корхонаву ташкилотхо  аз тарафи раиси шаҳр мӯҳтарам Амирулло Асадулло ба масъулини ин соҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Котиби матбуотии Раиси шаҳр: Бобохонов Қ.
 
13.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню