Фаъолияти маъмурият ва коллективи омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Фаъолияти маъмурият ва коллективи омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15

Фаъолияти маъмурият ва коллективи омӯзгорони  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15
Соҳаи  маориф ва илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун  яке  аз  соҳаҳои  арзишманд,  афзалиятнок  ва  сарнавиштсози чомеа   дониста  шудааст ва муассисаи таълимӣ ҳамчун муҳимтарин институти ичтимоии ин соҳа, дар ҳама давру замон ҳолат ва рушди чомеаро муайян месохт ва ба он таъсир мерасонад.Маъмурият, коллективи омӯзгорон ва хонандагони муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №15 низ дар соли хониши 2014-2015 фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳуррии Тоҷикистон  “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳуррии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Консепсияи миллии тарбия, Консепсияи миллии таҳсилот дар Ҷумҳуррии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳуррии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳуррии Тоҷикистон ба Мачлиси Олии Ҷумҳуррии Тоҷикистон аз 23.01.2015 сол дастуру супоришҳои сарвари давлат оид ба соҳаи маориф ва дигар ҳуччатҳои муҳими аҳамияти соҳавӣ доштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва шӯъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппаро ба роҳбарӣ гирифта, мутобиқ  ба фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №292 аз 05.04.2006 оиди  “Хондани китобҳои бадеӣ, луғатомӯзӣ, машқи хат”, чамъбасти соли таҳсил ва гузаронидани аттестатсияи давлатии аз синф ба синфгузарондан ва хатм, сари вақт гузаронидани чамъомадҳои  пагоҳирӯзӣ,ҳафтаҳои фаннӣ, таъмини давомоти  пурраи шогирдон, назорат аз болои рӯзномадорӣ ва парвандаҳои шахсии хонандагон, ташкили босифати дарсҳои  иловагӣ аз фанҳои таълимӣ, беҳтар намудани кори  Созмони талабагӣ ва бурдани назорати доимӣ аз болои ичрои барномаҳои таълимӣ бо дарки масъулият равона намуданд.                                                                                                                                                                                                                                                               
Ҳамаи инро ба ҳисоб гирифта дар давоми соли таҳсили 2014-2015 сатҳи дониши давраи  “Алифбо”-ии  110 нафар хонандагони синфҳои 1-ум ва ҳолати таълими фанҳои забон ва адабиёти точик, забони русӣ, забони англисӣ, биология, химия, технологияи информатсионӣ, география, математика, физика, тарбияи чисмонӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, таърих ва ҳуқуқ нисбат ба соли хониши 2013-2014 беҳтар гардид.
Аҳли омӯзгорон ва маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 дар давоми нимсолаи дуюми соли 2015 як қатор корҳоро дар самти таълиму тарбия ва чорабиниҳои умумии шаҳру вилоят ба сомон расонд. Аз чумла дар давоми панч моҳ панч Шӯрои омӯзгорон дар масъалаҳои зерин гузаронида шуд.
1.Ҳолати дарсҳои иловагӣ, корҳои фардӣ чорабиниҳои берун аз синфӣ.
2.     Натичаи олипиадаи вилоятӣ.
3.     Рафти ичрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 17.09.2005 №92 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2005-2015»
4.     Сатҳи дониш, маҳорат ва малакаи  хонандагони синфи 11-ум аз фанни  Таърихи халқи точик.
5.     Рафти ичрои қарори Вазири маорифи Ҷумҳуррии Тоҷикистон аз 5.04.2005 сол №292 «Оид ба беҳтар намудани
сатҳи дониш ва дарачаи чаҳонбинии хонандагон дар асоси супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳуррии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 22.12.2005 сол, ки дар машварат бо кормандони соҳаи маориф баён гардид».
6.     Сатҳи дониши пас аз давраи «Алифбо»-и хонандагони синфи якум.
7.     Ҳолати таълим ва сифати дониши хонандагони синфҳои 9-11 аз фанни технологияи информатсионӣ.
8.     Ҳолати таълим ва сатҳи дониши хонандагони синфи 8-9 аз фанни алгебра.
9.     Рафти ичрои қарори Ҳукумати Ҷумҳуррии Тоҷикистон аз 1.09.2010 №4/6 «Дар бораи тасдиқи Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии Ҷумҳуррии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015».
10.              Санчиши фронталии дониш, малака ва маҳорати хонандагони синфҳои чорум.
11.              Ҳолати дарсҳои иловагӣ, корҳои фардӣ дар давраи таътилӣ зимистона.
12.              Натиҷаи Олимпиадаи вилоятӣ.
13.              Рафти иҷрои қарори раиси вилоят Хатлон аз  17.09.2005,№92 “Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2005-2015”
14.              Баррасии ҳуҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ.
15.              Сатҳи дониш, маҳорат ва малакаи хонандагони синфи 11-ум аз фанни Таърихи халқи тоҷик.
16.              Рафти ичрои банди 1.2-и фармони Вазири маорифи ҶумҳуррииТоҷикистон аз 5.04.2006,№292 “Оид ба беҳтар намудани сатҳи дониш ва дарачаи чаҳонбинии хонандагон дар асоси супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳуррии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 22.12.2005,ки дар мачлиси машваратӣ бо кормандони соҳаи маориф баён гардидаанд” аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ дар   синфҳои 9
17.              Сатҳи дониши давраи “Алифбо”-и хонандагони синфи 1
18.              Ҳисобот   оид ба амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳуррии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”.
19.              Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз  9.07.2010,№212 оид ба  қарори Ҳукумати Ҷумҳуррии Тоҷикистон аз 29.05.2010, №278  “Дар бораи тасдиқи Барномаи кор бо ноболиғон барои солҳои 2010-2015”
20.              Ҳолати таълими фанни Технологияи информатсионӣ, сатҳи дониши хонандагони синфҳои 9,11.
21.              Ҳолати таълимӣ ва сатҳи дониши хонандагони с. 9 аз фанни Алгебра
22.              Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.09.2010,№416 “Дар бораи тасдиқи Барномаи компютеркунонии  муассисаҳои таҳсилоти умумии ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2011-2015”.
23.              Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.05.2010,№270 “Дар бораи Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015”.
24.              Сатҳи дониши хонандагони синфи 9 аз фанни Химия.
25.              Ба маълумоти омӯзгорон расонидани Фармони Вазири маорифи ҶумҳуррииТоҷикистон     “Дар бораи анчоми соли хониши 2014-2015, гузаронидани аттестатсияи аз синф ба синфгузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳуррии Тоҷикистон”
26.              Кор карда баромадани Дастурамали аз аттестатсияи давлатӣ гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
27.              Ҳолати таълим ва сатҳи дониши хонандагони синфи 10 аз фанни Адабиёт
28.              Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2002, №200 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳуррии Тоҷикистон”
29.              Рафти тайёрӣ ба татестатсияи давлатии аз синф ба синфгузаронӣ  ва хатм .
30.              Рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.04.2009 сол таҳти №206 дар бораи “Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
31.              Ҳолати таълим ва сатҳи дониши хонандагони синфи 11 аз фанни забони русӣ
Рафти ичрои банди 30-юми қарори Ҳукумати Ҷумҳуррии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006, №122  “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои аз аттестатсия гузаронидани кормандони идора ва шӯъбаҳои маориф, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассисҳои томактабӣ ва таҳсилоти иловагии Ҷумҳуррии Тоҷикистон баррасӣ карда шуданд.
Дар чаласаҳои назди директор масъалаи суръати хониши хонандагони синфи даҳум, ҳолати таълими фанни Алифбои ниёгон ва сатҳи дониши хонандагони синфи ҳафтум, сатҳи дониш малака ва маҳорати хонандагони синфи 8-ум аз фанни физика, «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳуррии Тоҷикистон» ва ичроиши он дар муассиса, ичрои нақшаҳои тарбиявӣ. Холати таълими Тарбияи чисмонӣ дар синфҳои 1-4. Ҳолати таълим ва сатҳи дониши хонандагони синфи 10 аз фанни Адабиёт. Рафти ичрои қарори Ҳукумати Ҷумҳуррии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2002, №200 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳуррии Тоҷикистон».      Ҳолати санитарию  гигиенӣ ва риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ, зидди сӯхтор. Шинос намудани омӯзгорон бо Дастурамали аз аттестатсияи аз синф ба синф гузаронӣ  ва  хатм. Рафти ичрои барномаҳои таълимӣ аз ҳамаи фанҳо.
Рафти тайёрӣ ба таъмирӣ чорӣ
Дар Шӯрои методии муассиса масъалаҳои зерин баррасӣ ва муҳокима карда шуданд:
1.     Рафти ичроиши барномаи таълимӣ дар нимсолаи якум ва сатҳи дониши хонандагон.
2.     Усулҳои беҳтар намудани гузаронидани дарсҳои намунавӣ дар муассиса.
3.     Ҳолати кори коромӯзҳо бо мутахассисони чавон.
4.     Ҳисоботи омӯзгорони чавон оид ба вазъи расонидани ёрии методӣ ба онҳо ва рафти тайёр намудани реферат ва маърӯзаҳо.
5.     Таҳлили фаъолияти омӯзгорон дар самти тайёр намудани асбобҳои аёнии худсоз.
6.     Тарзи кор фармоии усули фаъоли таълим дар синфҳои болоӣ ва расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорон.
7.     Тарзу усулҳои гузаронидани маҳфилҳои фаннӣ ва роҳҳои беҳтар намудани онҳо.
8.     Рафти тайёрии омӯзгорон, навиштани маърӯзаҳо барои хонишҳои педагогии августии муаллимон.
9.     Кор карда баромадани Дастурамали аттестатсияи аз синф ба синфгузаронидан ва хатм.
10.           Ичроиши барномаҳои таълимӣ, меъёри корҳои хаттӣ ва лабараторӣ аз тамомӣ фанҳо.
11.           Рафти тайёри ба аттестатсияи хатм ва аз синф ба синфгузаронӣ, тайёр намудани матни корҳои хаттӣ ва тестӣ.
12.           Барраси намудани нақшаи кори солонаи Шӯрои методӣ барои соли нави хониш.
Дар олимпиадаи шаҳрӣ ва вилоятӣ  18-нафар хонандагони муассисаи таълимӣ дар он иштирок намуда 8-нафари онҳо дар олимпиадаи вилоятӣ чойҳои намоёнро ишғол намуданд, вале дар олимпиадаи Ҷумҳурриявӣ аз ҳисоби хонандагони синфҳои 11-ум ягон хонанда роҳ наёфт. Онҳо ба муаллимони пуртачриба вобаста шуда дар оянда тайёрӣ хуб дида истодаанд. Бо ташаббуси шӯъбаи маориф дар назди шӯъба дарсҳои иловагӣ ташкил карда шудааст. Хонандагони лаёқатманди муассиса дар он дарсҳои иловагӣ бо шавқу ҳавас иштирок варзида истодаанд.
Дар мусобиқаҳои варзишӣ, ки аз тарафи шӯъбаи маориф ва ташкилоти чавонони шаҳр ташкил карда мешуд иштироки фаъолона варзида чойҳои намоёнро ишғол намуданд ва сазовори чойҳои намоён, соҳиби ифтихорномаҳо, медалҳо ва тӯҳфаҳои қиматнок гаштанд.                             Дар муассиса дар ин муддат якчанд чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида шуд, аз чумла «Ровии беҳтарин», озмуни «Хушнависон», озмунҳои «Донояк ва Ҳамадон». Дар байни хонандагон конфиренсияҳо оиди «Рӯзи модар». «Ҳомии Ватан»  700 солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ «Таърихӣ Наврӯз», 5 солагии Наврӯзи Чаҳонӣ, иштироки фаъолона дар ҳафтаи мусиқӣ ва китоб, ташкил ва гузаронидани рӯзи гулҳо ва парандаҳо,  Конфиренсия бахшида ба зодрӯзи Садриддин Айнӣ, Чорабини бахшида ба рӯзи кайҳонавардон, Рӯзи якдилии меҳнаткашон, чашнгирии зодрӯзи Лоиқ Шералӣ, Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, рӯзи чавонон ва қабули хонандагон ба сафи созмони талабагӣ бо иштироки директори маркази таҳсилоти иловагии шаҳр Нурова Гулнора, дар озмуни суру два рақси  беҳтарин иштирок намуда Маҳмудов Музафар ва Рабиева Парвина бо рақси қумбоқи Кулобӣ чойи якумро гирифтанд.                  Ҳама рӯзҳои шанбе хонандагон ба ободонӣ ва кабудизоркуни машғул буданд. Дар муассиса боғи навбунёд бо номи «Боғи Ирфон» ташкил карда шуд, ки 210 ниҳоли мевагӣ шинонда шуд ва сабзу хурам шуда истодааст. Дар гирди майдончаи варзишии тобистонаи муассиса 150 бех ниҳоли ҳамешасабзи «Арча» шинонида шуд. Корҳои ободонӣ дар таълимгоҳ идома  дошта коллективи омӯзгорон кӯшиш ба он медиҳанд, ки сатҳи сифати дониши хонандагонро дар муассиса баланд бардоранд.
Дар 5-маҷлиси умумии падару модарон, 4-вохӯри бо гурӯҳи кории мақомоти ичроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ ва 6 вохӯри бо кормандани ШВКД  ва РВКД дар вилояти Хатлон бо хонандагон ва падару модарон бо масъалаҳоӣ оиди рафти ичрои Қонуни Ҷумҳуррии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару  модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимҳо дар Ҷумҳуррии Тоҷикистон ”  ва роҳҳои баланд бардоштани сатҳи дониш, мустаҳкам намудани базаи моддии муассисаи таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бо вучуди андешидани ин тадбирҳо, тақвияти корҳои методӣ, машғулияти маҳфилҳо ва  чалб намудани хонандагон, баланд бардоштани сифати дониш ва дарачаи чаҳонбинии хонандагон ба талаботи рӯз чавобгӯ нест. Гарчанде нишондодҳои  мактаб дар олимпиадаю дигар чорабиниҳои таълимӣ нисбати солҳои пешин хуб бошанд ҳам, вале ба талаботи имрӯза чавобгӯ нест.
Тартиби гирифтану натичаи корҳои  хаттӣ  таҳти назорати доимии муовинони директор  қарор нагирифтанд. Дар баъзе ҳолатҳо ба сифати дониши хонандагон дуруст баҳогузорӣ карда намешуд омӯзгорон баҳоҳоро аз меъёр зиёд мемонанд, ки ин хонандагонро фориғ болу бемасъулият мекунад, чунин камбудиҳоро дар кори муаллимон Усмонова М. Қаландаров Б, Ғиёсов Р,Авлиёева О, Зарипов Т дида мешавад.
Фаъолияти роҳбарони синф ва ташкилотчии муассиса Давлатова Зуҳро ва дигарон дар ташкил ва гузаронидани мачлисҳои синфии падару модарон, соатҳои тарбиявӣ, кори ташкилотҳои чамъиятии хонандагон ба монанди Шӯрои духтарон, Кумитаи хонандагон ва Созмони талабагӣ буда беҳбудӣ металабад. Дар соли хониши нав  Давлатова Зуҳроро зарураст, ки корро дар ин самт чоннок намояд. Дар давоми соли сипаришуда иттиҳодияҳои методии фанҳои забони руссӣ ва хоричӣ, химия ва биология, география ва экология, фанҳои омехта, синфҳои ибтидоӣ ягон конфиренсиҳои илмӣ адабӣ гузаронида нашуданд. Дар соли хониши нав ба Азимова Ф ва Давлатова З супориш ва вазифадор карда мешавад, ки фаъолияти худро нисбати корҳои беруназ синфиро чоннок намоянд. Муаллимҳои фаннӣ ба ороиши кабинетҳои таълимии худ аҳмияти чиддӣ намедиҳанд, дарсҳо хушку холӣ, бе асбоби аёнӣ, харитаву муляжҳо гузаронида мешаванд. Вақти он расидааст, ки маъмурият гузаштани таълим ба системаи кабинетиро ҳал намояд. Дар санаи 20.08.2015 машварати августи дар муассисаи таълимии №12-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардида, дар он “Мурочиатномаи” шуҳбаи маорифро аҳли маорифчиён қабул намуданд. Омӯзгорон фаъолияти минбаъдаи худ аз рӯи “Мурочиатномаи” шуъбаи маорифро дар раванди таълиму тарбияи насли наврас оғоз менамоянд.  Ба ҳамаи колективи омӯзгорон супориш ва вазифадор карда мешаванд, ки аз рӯи Оиннома, Низомнома, Нақшаи солонаи муассиса фаъолият намуда, хонандагонро ба олимпиадаҳои шаҳриву вилоятӣ ва Ҷумҳурриявӣ тайёр намоянд.
 
 
Директори муассиса:                                        Солиева Д.

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню