Вохури бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Кӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Вохури бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Кӯрғонтеппа

Рузи 8 октябри соли ҷори дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Кӯрғонтеппа вохурии навбатии бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯрғонтеппа  бо хонандагони синфҳои болои доир гардид. Мавзуи суҳбати хусусияти тарбиявидоштаро масъалаҳои: муқаддас нигоҳ доштани оила, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои милли, аз ҷумла пушидани сару либоси милли, эҳтироми калонсолон, идомаи таҳсили духтарбачагон баъди хатми синфи 9, дохил шудан ба мактабҳои олии кишвар ва хориҷа, риояи қоидаҳои ҳатмии рафтори талабаги, пешгири аз шомилшави ба характерҳои тунрав, пешгирии ҷиноятсодиркуни, худкуши ва дигар масъалаҳои мубрами руз ташкил дод. Ба хотири аз байн бурдани мушкилотҳои дар боло дарҷ гардида, баргузории чунин чорабиниҳо аз тарафи бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯрғонтеппа дар дигар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ба нақша гирифта шудаааст.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

11.10.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню