Конфренсияи илми адаби бахшида ба Рӯзи забони давлати дар Литсеи -1 - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Конфренсияи илми адаби бахшида ба Рӯзи забони давлати дар Литсеи -1

    Тахти роҳбарии муовини Раиси шахри Қӯрғонтеппа, Раиси комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлати»-и  назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа  Косимзода Солияхон   дар толори Литсеи №1  бо иштироки Прокурори шаҳр Б. Сафарзода ва  омузгорону хонандагони   муассисахои таълими бахшида ба Рӯзи Забони давлати конфренсияи илми адаби дар мавзуи «Умри миллат ба  умри забон вобастааст» доир карда шуд. Қосимзода Солияхон оиди зарурияти кабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлати» ва холати вокеии иҷроиши талаботхои он дар фаъолияту коргузории ташкилоту корхонахо ва муассисахои давлати сухан ронда, хамчунин дар рафти суханрониаш аз хизматҳои шоистаи мутафакирони форсу тоҷик (ба монанди А. Рудаки, А. Сино, Хоҷа Ҳофиз, Саъдии Шерози ва дигарон) дар беолоиш нигох доштану такмил бахшидани забони тоҷики ёдовар шуданд. Пракурори шаҳр Б. Сафарзода оиди мухтавои меъёрхои Қонуни Чумхурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлати» ва окибатхони номатлуб ичро намудани ин талаботхо, ки боиси ба чавобгарии маъмури кашидан мегарданд, ба иштирокчиёни конфронс сухбати фаҳмондадиҳи доир намуданд. Дар конфронс хонандагони муассисаҳои таълими дар мавзуи забон ва Ватан кироати шеър намуданд. Боиси ифтихор аст, ки баъди ба дастовардани Истиқлолияти давлати халки куханбунёди тоҷик ба тахкими забони тоҷики ва дастгирии хамачонибаи он саъю кушиш намуда истодаанд. Ба ҳамагон маълумаст, ки эхтиром доштани забон ва пос доштани он як рукни асосии давлатдориву маданияту фарханг аст.  Ҳадаф аз баргузори чунин конфронсхо асосан ҳифзи ин муқадасоти гуворо, ки худ рукни асоси ва пояи миллат аст,  мебошад.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

7.10.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню