Оиди дар амал татбиқ намудани «Барномаи рушди туризм барои солҳои 2015-2017» - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Оиди дар амал татбиқ намудани «Барномаи рушди туризм барои солҳои 2015-2017»

Оиди дар амал татбиқ намудани «Барномаи рушди туризм барои солҳои 2015-2017» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди туризми дохила ва ба сайёҳат сафарбар намудани наврасону ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа ба минтақаҳои сайёҳи, таърихи-фарҳанги ва табиии кишвар.
Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа тибқи нақшаи чорабиниҳо бо мақсади рушди туризми дохила, васеъ намудани чахонбинии ҷавонон ва шинисои бо мавзеҳои таърихи, фарҳанги ва табиии кишвар дар рӯзи 23 январи соли 2016, 48 нафар наврасону ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Душанбе ба сайёҳат сафарбар карда шуданд. Дар рафти сайёҳат наврасону ҷавонон аз Осорхонаи милли, боғи Парчам, Сирки давлати ва боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе назар намуданд.
Инчунин, тибқи нақша чорабиниҳо бо мақсади рушди туризми дохила ва баланд бардоштани сатхи ҷаҳонбинии ҷавонон як гуруҳ ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа иборат аз 48 нафар рӯзи 31 январи соли ҷори, ба нохияи Ҳисори бостони ва шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд. Дар рафти сафар гуруҳи сайёҳии наврасону ҷавонон аз «қалъаи Ҳисор», осорхонаи милли ва боғи Абӯабдуллоҳи Рӯдаки дидан намуданд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи махаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва дар амал татбиқ намудани Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа, аз рӯзи 26 январи соли 2016 то 31 январи соли 2016 ба муҳлати 5 (панҷ) шабонарӯз ба минтақаи сайёҳии «Сафеддара»-и ноҳияи Варзоб ба сайёҳат сафарбар шуданд. Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа тибқи нақшаи чорабиниҳо, бахшида ба рӯзи «Ваҳдати милли» бо мақсади рушди туризми дохила, васеъ намудани Ҷаҳонбинии ҷавонон ва шинисои бо мавзеҳои таърихи, фарҳанги ва табиии кишвар рӯзҳои 17-19 июни соли 2016, 19 нафар ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Душанбе ва нохияи Варзоб ба сайёҳат сафарбар карда шуданд. Дар рафти сайёҳат сараввал ҷавонон аз бинои «Кохи Наврӯз», боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе назар намуданд.
Сипас, гуруҳи сайёҳии ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа аз минтақаи туристи-истироҳатии «Хоча Оби гарм»-и ноҳияи Варзоб баҳравар гаштанд.

Мутахассиси бахш З. Атоев

3.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню