Оид ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Оид ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14

Маъмурият ва кормандони омўзгории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 дар нуҳ моҳи соли 2015 ичрои сифатноки қарор, амр, фармоишҳои соҳавиро  таъмин намуда, чиҳати самаранок истифода бурдани вақти таътили зимистона, таъмини беҳдошти саломатии хонандагон дар фасли тирамоҳу зимистони соли 2015-2016, мутобиқ ба нақшаи умуми муассисавӣ ба роҳ мондани кори таълиму тарбия, ташкили давомоти хонандагон ба дарсҳо, анчоми соли таҳсил ва оғози соли нави таҳсил фаъолияти бомаром пеш бурданд.
Тамоми фаъолияти муассиса чиҳати ичрои сифатноки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (таҳрири нав), Стратегияи милии рушди маориф, Консепсияҳои милии таҳсилот ва тарбияи миллӣ,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимҳо», барномаҳои самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015,  тайёр кардани кадрҳои омўзгорӣ барои солҳои 2011-2016, компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2011-2015, такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2004-2014, рушди маориф, рушди  тарбияи чисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи чисмонӣ ва варзиш», консепсияи миллии инкишофи тарбияи чисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи  кор бо ноболиѓон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015,   барномаи таълимӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, таъмини муассисаҳои таълимию илмии чумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои мучаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ,  ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020,  тарбияи насли наврас  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017, рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020 равона гашта, аз натичаи онҳо ҳар як моҳ ба котиби матбуотии Раис ва ҳар як семоҳа ба шуъбаи маориф ахборот манзур пешниҳод мегардад.
Яке аз хусусиятҳои муҳими ин давра аз чониби омўзгорон, падару модарон ва хонандагон хуш пазируфта шудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мақоми олии қонунгузор (23.01.2015) буда, он дар мачлиси умумии муассиса баррасӣ гашт. Аз рўи масъалаҳои баррасигашта, нақша-чорабиниҳои муассиса мураттаб гардонида шуд тасдиқ карда шуд ва ани ҳол мавриди ичориш қарор дорад.
Моҳҳои феврал-июн  пешниҳоди Президенти муҳтарам, Чаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон чиҳати ташкили маркази миллии тестӣ ва  чорӣ намудани низоми нави таҳсилоти ба меъёрҳои чаҳонӣ чавобгўй, дар оянда хоста гирифтани мутахассисони баландихтисос ва соҳибмаърифат ва чавобгўй ба меъёрҳои бозор дохиливу хоричӣ дастгирӣ карда шуд.  Дар ин чода мачлиси якчояи падару модарону омўзгорон ва хонандагони синфҳои 9-11 доир гашта, аз хонандагон ва падару модарон даъват ба амал оварда шуд, ки ба интихоби навъи таҳсил, шакли таҳсил, забони таҳсил, дурусти касбҳо аз рўйи кластер,   истифодаи саривактӣ аз нуктаҳои бакайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ, такмили дониш ва маҳорати чавоб дода тавонистан ба саволу масъалаҳои тестӣ, истифода бурда тавонистан аз сомонаи маркази миллии тестӣ, ҳучра (кабинет)-и инфиродӣ аҳамияти чиддӣ дода шавад.
Дар соли таҳсили  2014-2015 -69 нафар хонандагон  синфи 11-ро хатм намуданд. Тибқи Маркази милили тестӣ 47 нафар хонандагон ҳуччат супориданд ва айни ҳол 36 нафари онҳо ба Маркази милили тестӣ ва 3 нафарашон берун аз ин марказ ба муасисаҳои олӣ ва махсус  роҳ ёфтанд.
        Гурўҳи  идоракунии сифати таҳсилоти муассиса (роҳбараш- Облоёрова М)  дар ин давра масъалаҳои ҳолати таълим ва сатҳи сифати дониши хонандагон аз  фанҳои алгебра, геометрия, забонҳои англисӣ ва русӣ, химия ва биология, таърих,  технология, тарбияи чисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, технологияи информатсионӣ ва сатҳи сифати дониши хонандагон мавриди таҳқиқ қарор дода, барои ноил гардидан ба  таҳсилоти босифат, дуруст назорат намудани сифати таҳсилоти хонандагон аз ҳар як фанни таълимӣ, додани баҳои воқеӣ ба дониши хаттию шифоҳии ҳар як хонандаи мактаб  ва таҳияи нақшаи чорабиниҳо оид ба роҳҳои бартараф намудани камбудиҳое, ки ба баланд гардидани сифати таҳсилот монеагӣ ба вучуд меоранд, тавсияҳо пешниҳод намуд.
  Аттестатсияи гузариш ва хатм тиби талаботи Дастурамали бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.01.2014, 32/26 тасдиқгашта чараён гирифт. Дар омодасозӣ, таҳия ва тартиб додани маводҳои тестӣ, хаттӣ ва шифоҳии аттестатсия, Протоколҳои аттестатсия, муҳлат ва вақти гузаронидани аттестатсия талаботи Дастурамали мазкур ба инобат гирифта шуд. 
  Дар муассиса Экрани баҳо вучуд  дошта,   шаффофият чорӣ гашт.
    Дар давраи ҳисоботӣ   самтҳои фаъолияти муассиса –рафти ичрои талаботи Барномаи забони давлатӣ, Барномаи компютеркунонӣ, Барномаи кор бо ноболиѓон, сатҳи дониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ мавриди санчиш ва муҳокимаи ташкилоти болоӣ гашт.
Истироҳати тобистонаи кўдакон ва  наврасон дар соли 2015  низ хуб гузашт. Дар муассиса нақшаи фарогирии кўдакону наврасон тасдиқ карда шуда, маъмурияти муассиса, чонишини роҳбар оид ба тарбия, раиси кумитаи иттифоки касаба, чонишини роҳбар оид ба корҳои хочагӣ  барои ташкили кори пурсамари майдончаи истироҳатӣ-таълимӣ, майдончаи солимгардонӣ ва меҳнатӣ-истироҳатӣ  тадбирҳои мушаххас андешиданд.  Дар маъракаи истироҳати тобистона 12  нафар ба истироҳатгоҳи фароѓатӣ- таълимии “Соҳил”  чалб карда шуд.
Дар  нуҳ моҳи соли 2015    ҳафт   маротиба вохўрии маъмурият,   коллективи  педагогӣ,   падару  модарон бо  мақомот  ҳифзи  ҳуқуқ  гузаронида шуда, барои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни хонандагон бо нозири  минтақавӣ  ва  кормандони  шўъбаи  корҳои  дохилӣ  мунтазам вохўрӣ  гузаронида,  дар  бораи  оқибатҳои дуздию  ѓоратгарӣ, қонуншиканӣ, оворагардӣ, шабгардӣ, компютербозӣ, истифодаи телефонҳои  мобилӣ дар муассиса, риояи ҳатмии тартиботи дохилили муассисавӣ  сўҳбатҳо   ташкил карда шуданд.
Бо  ташаббуси як қатор  омўзгорони муасиса  барои фароҳам овардани  шароитҳои воқеӣ, чиҳати татбиқи Конвенсияи ҳуқуқи кўдак, баланд бардоштани сифати дониши хонандагон, таълими имкониятҳо барои солимии кўдак, созмондиҳии афкори умумии чомеа вобаста ба эҳтиромии ҳуқуқи кўдак робита бо оилаҳои онҳо  дар якчояги бо котиби комиссия ҳуқуқи кӯдаки мақомоти ичроияи макҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа як қатор корҳо    амалӣ карда шуданд.
Бо дстгирии падару модарони саховатманд дар муасисса ҳафт чои нишаст дар сахни хавлии мактаб, роҳравҳои сафолакпуш ва зиёда аз 140 метр чӯйборҳои атрофи муасиса бо новаҳои обгузар таъмин карда шуданд.
 Муасиса дар ҳамаи чорабиниҳои мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолона иштирок менамояд.(аз чумла дар баргузории шанбегиҳо).
Роҳбари  муассиса                                                       Каримова М.

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню