Оид ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти томактабии №9-и шаҳри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Оид ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти томактабии №9-и шаҳри Қӯрғонтеппа

Муассисаи таҳсилоти томактабии №9 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти томактабӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибки Оиннома, Низомнома ва накшаи кории худ фаъолият намуда, то ин муддат як қатор корҳоро ба сомон расонидааст.  Дар соли таҳсили чорӣ  290 нафар кудакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки ба онҳо 20 нафар кормандон  вобаст карда шудаанд. Дар кӯдакистон кӯдакон ба шаш гурӯҳи синну соли (аз 1,5 то 2 сола,  аз 3 то 4 сола, аз 4 то 5 сола, ду гурӯҳ аз 5 то 6 сола ва аз 6 то 7 сола) тақсим карда шудаанд.    Маъмурияти муассиса фаъолияти худро дар асоси  дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр ва шуъбаи маориф ба роҳ монда, аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, чиҳати беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва ба талаботи замона чавобгу будани гурӯҳҳо, чои истироҳат ва хоби кӯдакон, такмили низоми тарбия, муҳайё намудани шароит барои беҳтар намудани шаклу усул ва воситаҳои тарбия, таъмини робитаи доими миёни падару модарон, муассиса ва аҳли чомеа дар кори таълиму тарбия, тарғибу ташвиқи одоби муошират, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ва дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, чавонмардию ахлоқи ҳамида ба воя расонидани тарбиятгирандагон чунин корҳоро ба сомон расониданд.
Дар ин давра бо мақсади беҳтар намудани таълиму тарбия ҳамаи гурӯҳҳои кӯдакистон бо пуррагӣ бо оби тозаи ошомидани таъмин гардида, хатҳо ва ноқилҳои барқии гурӯҳҳои низ иваз карда шудаанд. Ҳамаи гурӯҳҳо бо қолину қолинча, конденсионер, обгармкунак ва чои дастурӯйшӯи таъмин мебошанд.
         Тарбиятгирандагон ва мураббиён дар чорабиниҳои фарҳангию маърифатии вилояту шаҳр  иштирок намуда, дар гурӯҳҳо хушҳолию машғулиятҳои намунавӣ доир намуданд, ки чунин машғулияту хушҳолиҳо ба кӯдакон таъсири худро расонида, баҳри баланд гардидани чаҳонбинӣ ва инкишофи зеҳнии онҳо мусоидаткунанда мебошад.
Рӯзи 1-сентябр саҳни кӯдакистон бахшида ба «Рӯзи дониш» бо шукӯҳона  бо овезаю  байрақчаҳо  оро дода  шуд. Ҳамаи кӯдакон бо сару либоси идона вориди боғча шуданд. Дар даромадгоҳи боғча гурӯҳи кӯдакон падару модаронро бо қироати шеърҳо пешвоз гирифта, бо «Рӯзи дониш» табрик намуданд. Баъд аз хӯрдани хӯроки пагоҳирӯзӣ дар майдончаи боғча хушҳолӣ бахшида ба «Рӯзи дониш» гузаронида шуд, ки аҳли кормандон бо кӯдакон фаъолона ширкат варзиданд. Мувофиқи сенарияи баргузории чорабинӣ кӯдакон дар васфи «Тоҷикистон», «Ватан», «Модар», «Сулҳ» ва ғайра қироати шеърҳо намуда, суруду рақс ва бозиҳои шавқовар гузарониданд.
Баъд аз анчоми хушҳолӣ дар гурӯҳҳои калон машғулияти омӯзишии «Сулҳ шакарханди лаби кӯдакон» гузаронида шуд. Мақсади гузаронидани ин машғулият ба кӯдакон омӯзонидани мафҳуми калимаи сулҳ, дӯстӣ, рафоқат, донистани муқаддасоти давлати худ, инкишоф ёфтани нутқи кӯдакон ва тарбия намудани  меҳру  муҳаббат ба Ватани худ, арч гузоштан ба муқаддасоти миллӣ. 
Инчунин бахшида ба Соли оила, 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ ва зодрӯзи Чалолиддини Рӯми, Иди омӯзгорон дар гурӯҳҳои  муассиса чорабинӣ ва хушҳолию дарсҳои кушод дар мавзӯи «Оилаи ман», «Панди бобо», «Мараббии ман» гузаронида шуданд.
         Бо мақсади ичрои нақшаи кории солонаи муассиса баррасии масъалаҳои томактабӣ ба беҳбудӣ бахшидан ба самти фаъолияти мураббияҳо ва барномаҳои соҳавӣ дар ин давра 1 чаласаи Шӯрои омӯзгорӣ ва 1 машварати назди мудири муассиса доир гардида, дар он 4 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда, чиҳати ичро зери назорат гирифта шуданд.
         Маъмурият ва аҳли кормандони педагогии муассисаи таҳсилоти томактабии №9 фаъолияти худро минбаъд низ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёри-ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, аз тамоми имкониятҳи истифода карда, корро дар ин самт боз ҳам чоннок менамоянд.
                               
         Мудири МТТ №9:                                 М. Холмуродова                                                         

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню