Баромади роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳр Азимзода Н.Б - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Баромади роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳр Азимзода Н.Б

Баромади роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳр Азимзода Н.Б дар конфренсияи илми-адаби бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон
Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу суббот ва таъмини амнияти мардуми кишвар.
Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷаноби Си Ҷинпин дар хаққи Сарвари давлати тоҷикон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буд: «Дар 25 – соли соҳибистиқлоли таҳти роҳбарии қатъии Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикстон ваҳдати милли, суботи иҷтимои ва беҳбудии некуаҳволии мардумро ба даст оварда, роҳи муваффақонаи тараққиётро пайдо кард, ки он бо вижагии миллии кишвари худ мувофиқ буда, аз ҷониби Чин ба он баҳои баланд медиҳад»
Донишманд ва фаиласуфи бузурги англис Френсис Бэкон гуфта буд, ки «Се чиз миллатро бузург ва фараҳманд месозад; хоки ҳосил хез, саноати фаъол ва ҳаракати озоди одамон ва мол». Олими дигар Сервантес чунин қаид карда буд, ки сарвари оқилу доно, таърихи куҳани милли ва сулҳу субот миллатро аз нобудсози наҷод медиҳад.
Дарки ҳамин гуфтаҳо кушишҳои паивастаи Президети Ҷумҳурии Тоҷикстон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки баҳри барқарор намудани сулҳу суббот дар кишвар, ободи, баланд бардоштани сатҳи зисти аҳоли, вусъати робитаҳои иқтисоди, тиҷорати ва инсони ва ба сатҳи муносибатҳои баланди баиналмиллали баровардани Тоҷикстон равона гардидааст. Аз Табарони, Баиҳақи ва Суюти ривоятҳое ҳастанд, ки Расули Акрам (с.а.в) мефармояд. Подшохи одил дар рӯи замин, сояи Худованд аст. Ҳар касе, ки чунин подшоҳро эҳтиром кунад, Худоро эҳтиром намудааст.
Дар ташаккули ҳаёти ҳуқуқии халқу миллатҳо шахсиятҳои таърихие ҳастанд, ки ном, фаъолият ва зидагиномаи онҳо бо таърих ва сарнавишти давлатдори ва низоми ҳуқуқии онҳо паиванди ногусастани дорад. Дар шаклгирии низоми ҳуқуқии тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он шахсиятхои таърихи муосир аст, ки на танхо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрузу фардои Тоҷикстон, давлатдори ва ҳуқуқии муосири давлати соҳибихтиёрамон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишхои волои фарҳанги ҳуқуқуии ниёгон, таҳия ва қабули қонунҳои милли хизматҳои шоиста намудааст.
Чи тавре, ки таърих гувоҳи медиҳад, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро дар замони ҷанги шаҳрванди ва вазъияти басо хатарнок ба уҳда гирифт. Чунки ҳамон солҳои вазнин, вақте мардуми тоҷик паси сангарҳо қарор гирифта муқобили ҳамдигар қиём менамуданд, касе роҳбарии кишвар ва бори сангини мардуми тоҷикро ба ҷузъ Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда нагирифт. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои барои миллат мушкилу тақдирсоз ва барои таърих фаромушнашаванда, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бе ягон  тарсу харос, балки  бо шуҷоати   том ва иродаи қави ин бори сангинро ба душ гирифта, дар баромади аввалини худ, дар иҷлосияи XVI-уми ҷаласа дар Қасри Арбоб аҳд карданд, ки ба халқи тоҷик сулҳ меоварад ва Худованду мардуми  тоҷик шоҳиди онанд, ки Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон  ба савганди худ вафо намуд.
Дар ин радиф сарвари давлат чунин гуфта буданд, ки «Ман ба раҳми парвардигор, ба хиради азаливу иродаи неки халқам бовари доштам ва
ҳамеша ба неруҳои солим ва рӯҳи сулҳхоҳонаи миллати тоҷик такя менамудам».
Агар ба гуфтаи зикршудаи Франсис Бекон аҳамият диҳем, пас маълум хоҳад шуд, ки сиёсати Президенти кишвар баҳри аз бунбасти коммуникатсиони баровардани Ҷумҳуриямон ва таъмини ҳаракати озоди одамон ва мол ҳадафи стратеги барои миллати тоҷик ва аҳамияти байналмилали дошта, на танҳо барои Тоҷикстон, балки ба кишварҳои ҳамсоя низ шароити мусоидро барои гардиши мол ва вусъати тиҷорат ба вуҷуд меорад. Дар ин самт сарвари давлат ҳануз аз давраҳои ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикстон барои ҳалли мушкилиҳои Ҷумҳурияви ва минтақави ба мулоқотҳои дуҷониба ва бисёрҷониба фаъолияти дипломатро оғоз карда буд. Баъд аз истиқрори сулх то инҷониб ин фаъолият васеътар ва пурсамартар гардида истодааст. Чунин самти фаъолияти сарвари давлат аз вусъати робитаҳои иқтисоди, тиҷорати ва инсони ва ба сатҳи муносибатҳои баланди байналмилали баровардани сиёсати дохилии Тоҷикстон шаҳодат медиҳад. Дигар самти фаъолияти сарвари давлат, ки дар сатҳи баланд ба иҷро расид, ин ислоҳоти конститутсиони ва рушди низоми ҳуқуқи тахти роҳбарии Тасдиқи гуфтахои боло ин дар тули даврони фазои истиқлолияти кишвари азизамон,  қабул намудани Сарқонуни кишвар, 15-Қонунхои конститутсиони, 21-Кодексхо, 14-Қонуни авф, 17-Қонуни буҷет, 17- Санадҳои ҳуқуқи байналмилали, 4- Санади ҳамкории иқтисодии Авруосиё, 30-Санади ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба (аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикстон дар байни дигар давлатҳои иттифоқ аввалин шуда соли 1998 санади байналмилалии суди ҷиноятии байналмилалиро қабул кард, ки он аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон, соли 1999 ратификатсия карда шуд), 313- Қонунҳои соҳави ва зиёда аз 17- хазор Қарорҳои хукумат мебошад.
Ин ҳама комёбиҳо аз заҳмати тулонии сарвари давлат гувоҳи медиҳанд. Агар мо, дар бораи фаъолияти ҳама самтҳои сарвари давлат сухан ронем, ҳафтаҳо, моҳҳо, ва солҳо кам аст.
Барои ҳамин ҳам, яке аз саҳмҳои асоси ва таърихии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат буд, ки:
1. Миллатро аз нобудшави наҷот дод;
2. Ба ҷанги шаҳрвандии хонамонсӯз хотима бахшид;
3. Сулҳу суббот, оромиро барқарор намуд;
4. Гурезагонро ба Ватан баргардонид;
5. Тоҷикон ва Тоҷикстонро дар ҷаҳониён муарифи намуд;
6. Сиёсати дохилии Тоҷикстонро дар арсаи байналмилали муаррифи намуд;               
7. Кишварро ободтару зеботар гардонид;
8. Мутахассисони барчастаро тайёр намуд;
9. Ғами халқу миллатро хурд.
Хамаи суханҳои дар боло гуфта шуда дар ҳаққи сарвари давлат- саҳифаҳои таърихи буда, худи ӯ бошад асосгузори сулҳ, бунёдгузори давлати милли, наҷоддиҳанда ва мутаҳидкунандаи миллати тоҷик ва Пешвои миллат мебошад. Худи Сарвари давлат дар яке аз баромадҳояшон дар вохӯри бо зиёиёни кишвар чунин қайд карда буданд. «Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу ороми, аз хатари нобудшави, наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандашави раҳо бахшидани миллатамон мебошад».
Ба он натиҷаҳое, ки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон   дар даврони 23- соли сарвариаш ноил гардид, дар таърихи давлатдории тоҷикон аввалин буда, аз заҳматҳои пай дар пайи пурмашақати ӯ шаҳодат медиҳад. Чи тавре, ки таърих гувоҳи медиҳад, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Асосгузори сулҳу ваҳдати милли баини  тоҷикон буда, арзандаи  Пешвои милат аст, ки чунин иқдомро кулли мардуми Тоҷикстон эътироф намудаанд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

22.11.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню