Литсейи давлатии Ориёно» - и шаҳри Қӯрғонтеппа. - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Литсейи давлатии Ориёно» - и шаҳри Қӯрғонтеппа.

Литсейи «Ориёно»   30 августи соли 2006 – ум таҳти фармони  раиси шаҳр, №550   дар асоси пойгоҳи моддию техникии мактаб - парваришгоҳи ба номи Логинови шаҳри Кӯрғонтеппа ба ҳайси гимназияи хонандагони лаёқатманди «Ориёно» таъсис ёфта буд, ки 29 сентябри соли 2006, № 003 – 1412 дар Раёсати адлияи вилояти Хатлон ба қайд гирифта шуда буд.  Бо қарори раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз 8.11.2008, №520 гимназия ба литсей – интернати физики – математикии «Ориёно» табдил дода шуд, ки 27.1.2009, №003  1412 «А» дар Раёсати адлияи вилояти Хатлон ба қайд гирифта шуд. Соли таҳсили 2016 – 2017 муассисаи мазкур таҳти қарори Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз 29.07.2016, №401   ба литсейи давлатии «Ориёно» табдил дода шуд.  Зиёда аз  даҳ сол мешавад, ки муассисаи таълимии мазкур дар раванди таълиму тарбияи насли наврас саҳмгузор буда, феълан  1052   нафар хонанда дар он таҳсил мекунанд, ки 305 нафарашро духтарон ташкил мекунанд. Айни замон дар литсей 59  нафар омузгор фаъолият менамоянд, ки аз онхо 10 нафарашон «Аълочии маориф», 2 нафар ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол», 6 нафар муаллифони доимии мақолаҳои методи ва 44 нафар дорандаи тахассуси дараҷаи оли ва якуми омузгори ҳастанд. Боиси қайд аст, ки омӯзгори фанни забони англиси Комилов А. ба истиқболи 25 – солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи Президенти дар соҳаи маориф ва  омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ Саидова Зебо бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардиданд. Дар соли таҳсили 2015-2016 литсейро 64 нафар  хонанда синфи 11- умро  хатм карданд, ки  ҳамаи хатмкунандагон бо тариқи Маркази миллии тести ба Донишгоҳу  коллечхои дохилу хоричи кишвар дохил шудаанд. Аз чумла: кластери  якум  6 нафар, кластери дуюм 13 нафар,  кластери сеюм  2  нафар,  кластери чорум   17  нафар, кластери панҷум   26 нафар мебошанд,  ки 5 нафарашон дар хориҷи кишвар таҳсил карда истодаанд. Аз аввали соли таъсисёбии литсей  ҳамаги дар олимпиадаи вилояти:  81 медали тилло,   69 медали нуқра,    79 медали  биринҷи,  3  ҷойи  ифтихори; дар олимпиадаи ҷумҳурияви:  3 медали тилло,    8 медали нуқра, 21 медали биринҷи,   1 ҷойи ифтихори;  дар олимпидаи байналмилали: 13 медали тилло, 21 медали нуқра, 13 медали  биринчиро  сохиб  гардидаанд.      Таълиму тарбияи шахсияти фаъол ва эҷодкор дар маркази диққати маъмурият ва омӯзгорони литсей аст. Аз ин ҷост, ки шогирдони ин даргоҳ  дар тамоми чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, аз ҷумла “Чароғаки роҳнамо”, “Ватанпарвар”, “Экологони наврас”, “Маҳфили зарифон”, “Тирамоҳи зарин”, “Хонандаи бехтарин”,  “Китобхони беҳтарин”, “Ихтироъкори наврас”   ширкат варзида,  ғолиб баромаданд. Моҳи октябри соли 2016  дар литсей даври якуми (дохили мактаби)  олимпиадаи фанни гузаронида шуд.  Дар ин олимпиадаи хонандагоне, ки ҷойҳои намоёнро ишғол карданд, ба даври дуюми олимпиадаи фанни (шаҳри)  номнавис шуда, ба шуъбаи маорифи шахр дархост барои иштироки онҳо ба даври дуюм пешкаш карда шуд.  То имрӯз хонандагони синфи 11 аз рӯи 11 фанни таълими дар даври шаҳрии олимпиада, ширкат варзида сазовори 18 чои  ифтихори гардиданд. Боиси ифтихор аст, ки дар шаҳри Чанг-маи шохигарии Таиланд олимпиадаи байналмилали аз фанни математика бо иштироки намояндагони 33 давлати ҷаҳон баргузор гардид, ки дар он гурӯҳи иштирокчиёни Тоҷикистонро 21 нафар ташкил мекард. Ин ду нафар аз вилояти Хатлон-хонандагони синфи 9 б Абдуллоев Изатулло ва хонандаи синфи 8 в Мусоев Олимҷон аз ҳамин литсей буд, дар ин олимпиада сазовори ҷои 3 гардиданд. Аз тарафи Раиси шаҳр мӯҳтарам Амрулло Асадулло ин ду нафар бо тӯҳфаҳои пули қадрдони карда шуданд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ 

27.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню