Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Қӯрғонтеппа

Дар таърихи 5 марти соли ҷорӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Қӯрғонтеппа, бахшида ба иди 8-март рӯзи Модарон озмуни «Кани духтарон» байни духтарони хонандагони синфҳои 11 баргузор гардида аз рӯи шартҳои озмун: Пухтани таомҳои миллӣ, Намоиши либосҳои миллӣ, Оро додани дастурхони идона, Хондани суруди «Алла», Тайёр кардани хуришҳо ҳунару маҳорати  кадбонугии худро нишон дода, аз тарафи хонандагон барномаи консерти бахшида ба рӯзи модар пешкаши устодон, омӯзгорон ва меҳмонон гардида, дар охир ҳайати ҳакамон ғолибони озмунро муайян намуда, аз тарафи маъмурияти муассиса  бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуд.          Хонандагон дар ҷамъомадҳои пагоҳи рӯзи дар васфи модар, ватан бо  шеърҳо ва маърӯзаҳо баромад намуда, аз тарафи роҳбарони синф  соатҳои тарбиявӣ, дар мавзӯъҳои «Модар – Ватан», «Эхтироми модар» гузаронида шуд. Инчунин ба 5-нафар омӯзгороне, ки ба нафақа буданд, аз тарафи маъмурият ва омӯзгорони таълимгоҳ ба маблағи 560 сомони туҳфа харидори намуда, бахшида ба рӯзи модарон супорида  шуд.

Директори муассиса:                                        Солиева Д.

14.03.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар 
 

 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню