Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Қӯрғонтеппа       оиди фаъолияти муассиса дар давоми соли 2015.
Аҳли омӯзгорон ва маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 дар давоми  соли 2015 як қатор корҳоро дар самти таълиму тарбия ва чорабиниҳои умумии шаҳру вилоят ба сомон расонд. Аз чумла дар давоми соли 2015 15 Шӯрои омӯзгорон дар масъалаҳои зерин гузаронида шуд.
1.     Рафти ичрои банди 1.2-и фармони Вазири маорифи ҶумҳурииТоҷикистон аз 5.04.2006,№292 “Оид ба беҳтар намудани сатҳи дониш ва дарачаи ҷаҳонбинии хонандагон дар асоси супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 22.12.2005,ки дар маҷлиси машваратӣ бо кормандони соҳаи маориф баён гардидаанд” аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ дар синфҳои 9
2.     Сатҳи дониши давраи “Алифбо”-и хонандагони синфи 1
3.     Ҳисобот   оид ба амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”.
4.     Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз  9.07.2010,№212 оид ба  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.05.2010, №278  “Дар бораи тасдиқи Барномаи кор бо ноболиғон барои солҳои 2010-2015”
5.     Ҳолати таълими фанни Технологияи информатсионӣ, сатҳи дониши хонандагони синфҳои 9,11.
6.     Ҳолати таълимӣ ва сатҳи дониши хонандагони синфи 9 аз фанни алгебра
7.     Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.09.2010,№416 “Дар бораи тасдиқи Барномаи компютеркунонии  муассисаҳои таҳсилоти умумии ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2011-2015”.
8.     Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.05.2010,№270 “Дар бораи Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015”.
9.     Сатҳи дониши хонандагони синфи 9 аз фанни Химия.
10.                     Ба маълумоти омӯзгорон расонидани Фармони Вазири маорифи ҶумҳурииТоҷикистон     “Дар бораи анчоми соли хониши 2014-2015, гузаронидани аттестатсияи аз синф ба синфгузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
11.                     Кор карда баромадани Дастурамали аз аттестатсияи давлатӣ гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
12.                     Ҳолати таълим ва сатҳи дониши хонандагони синфи 10 аз фанни Адабиёт
13.                     Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2002, №200 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”
14.                     Рафти тайёрӣ ба татестатсияи давлатии аз синф ба синфгузаронӣ  ва хатм .
15.                     Рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.04.2009 сол таҳти №206 дар бораи “Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
16.                     Ҳолати таълим ва сатҳи дониши хонандагони синфи 11 аз фанни забони русӣ
17.                     Рафти ичрои банди 30-юми қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006, №122  “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои аз аттестатсия гузаронидани кормандони идора ва шӯъбаҳои маориф, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассисҳои томактабӣ ва таҳсилоти иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
18.                     Ҳисоботи директор оид ба натичаи чамъбасти соли таҳсили  2014-2015 ва вазифаҳои ҳайати омӯзгорон дар соли таҳсили нав.
19.                     Муҳокима ва тасдиқи нақшаҳои корӣ: -нақшаи кории солонаи муассиса;-нақшаи кории солонаи китобхона;-нақшаи кории солонаи Шӯрои методӣ; -нақшаи кории солонаи гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот.
20.                     Супоришҳои чамъиятӣ ба ҳайатиомӯзгорон  дар соли нави таҳсил: - таъиноти роҳбарони синфҳо;- роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ;- роҳбарони маҳфилҳои фаннӣ;-тасдиқи комиссияи аттестатсионӣ;-тақсимоти соатҳои дарсӣ, соатҳои бахши мактабӣ;- вобаста намудани муаллимони  чавон ба муаллимони собиқадор;  - тасдиқи котиби Шӯрои омӯзгорӣ, Шӯрои методӣ, чаласаи назди мудир, маҷлиси падару-модарон.
21.                     Натичаи аттестатсияи такрории тирамоҳӣ.
22.                     Қабули хонандагон ба синфи 1-ум ва 10-ум.
23.                     Дар бораи рафти корҳо дар самти ҳафтаҳои фаннӣ ва тайёр намудани хонандагон ба олипиада ва гузаронидани даври якуми олимпиада.
24.                     Ҳолати кор бо мутахасисони чавон  ва роҳҳои беҳтар намудани он.
25.                     Ҳолати таъмини китобҳои дарсӣ дар синфҳои 5-11.
26.                     Шинос намудани омӯзгорон бо бандҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006, №122  “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои аз аттестатсия гузаронидани кормандони идора ва шӯъбаҳои маориф, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассисҳои томактабӣ ва таҳсилоти иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
27.                     Вазъи таълими хонандагон аз фанҳои математика ва алгебра дар синфҳои 5-11
28.                     Меъёри баҳогузорӣ ба корҳои хаттии хонандагон ва мақоми он дар баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон.
29.  Натичаи чамъбасти чоряки 1-ум ва вазифаҳо барои чоряки 2-юм.
30.  Рафти ичрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  3.03.2006, №94 “Дар бораи  Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”
31.  Муайян кардани вазъи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии хонандагон дар рафти таълимӣ ОДҲ ва варзиш.
32.  Ҳолати таълимӣ физика ва сатҳи дониши хонандагони синфи              10-11.
33.  Омӯзиши рафти ичрои фармони Президенти Ч.Т №1047 аз 4.04.2003 “Дар бораи такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.” Санчиши ҳолати таълими фанни забони русӣ дар синфҳои 8-9.
34.  Натичаи даври 2-юми  олимпиадаи фаннии макта-ббачагон ва омодагии хонандагон  ба даври 3-юми олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон ва бо ин ма-қсад гузаронидани иншои озод,  санчишҳои тестӣ.
35.  Назорати ичроиши банди 1,2,3,4-и фармони №292-и Вазорати маорифи Чумҳрии Тоҷикистон  оид ба ҳифзи ашъори шоирони классик ва муосири точик.
36.  Ҳолати таълимӣ ва сатҳи дониши хонанагони синфи 10 -11 аз фанни Математика
37.  Вазъи таълимӣ забон ва адабиёти точик ва сифати дониши хонандагон дар синфҳои 9-11.
38.  Рафти ичрои барномаҳои таълимӣ, меъёрҳои корҳои хаттӣ аз ҳамаи фанҳо дар ним. 1-уми соли хониши 2014-2015.
39.  Рафти иҷрои Барномаи таъмини муассисаҳои таълимию илмии Чумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои мучаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ аз 3 майи соли 2010 №223.
 
Дар чаласаҳои назди директор масъалаи суръати хониши хонандагони синфи даҳум, ҳолати таълими фанни Алифбои ниёгон ва сатҳи дониши хонандагони синфи ҳафтум, сатҳи дониш малака ва маҳорати хонандагони синфи 8-ум аз фанни физика, «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ичроиши он дар муассиса, ичрои нақшаҳои тарбиявӣ. Холати таълими Тарбияи чисмонӣ дар синфҳои 1-4. Ҳолати таълим ва сатҳи дониши хонандагони синфи 10 аз фанни Адабиёт. Рафти ичрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2002, №200 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон».   Ҳолати санитарию  гигиенӣ ва риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ, зидди сӯхтор. Шинос намудани омӯзгорон бо Дастурамали аз аттестатсияи аз синф ба синф гузаронӣ  ва  хатм. Рафти ичрои барномаҳои таълимӣ аз ҳамаи фанҳо. Рафти тайёрӣ ба таъмирӣ чорӣ. Ба расмият даровардани ҳуччатҳои хонандагони синфи 1 ва 10. Ҳолат ва роҳҳои беҳтар намудани кори созмони талабагӣ дар муассиса. Ҳолати дафтарҳои синфи ва махфилҳо. Рафти ичрои «Консепсияи миллии таҳсилот».  Ҳолати рӯзномадори дар синфҳои 3-11 ва роҳҳои беҳтар намудани он. Рафти тайёри ба олимпиадаҳои дохилӣ ва шаҳрӣ.
 
Дар Шӯрои методии муассиса масъалаҳои зерин баррасӣ ва муҳокима карда шуданд:
1.     Усулҳои беҳтар намудани гузаронидани дарсҳои намунавӣ дар муассиса.
2.     Ҳолати кори коромӯзҳо бо мутахассисони чавон.
3.     Ҳисоботи омӯзгорони чавон оид ба вазъи расонидани ёрии методӣ ба онҳо ва рафти тайёр намудани реферат ва маърӯзаҳо.
4.     Таҳлили фаъолияти омӯзгорон дар самти тайёр намудани асбобҳои аёнии худсоз.
5.     Тарзи кор фармоии усули фаъоли таълим дар синфҳои болоӣ ва расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорон.
6.     Тарзу усулҳои гузаронидани маҳфилҳои фаннӣ ва роҳҳои беҳтар намудани онҳо.
7.     Рафти тайёрии омӯзгорон, навиштани маърӯзаҳо барои хонишҳои педагогии августии муаллимон.
8.     Кор карда баромадани Дастурамали аттестатсияи аз синф ба синфгузаронидан ва хатм.
9.     Ичроиши барномаҳои таълимӣ, меъёри корҳои хаттӣ ва лабараторӣ аз тамомӣ фанҳо.
10.           Рафти тайёри ба аттестатсияи хатм ва аз синф ба синфгузаронӣ, тайёр намудани матни корҳои хаттӣ ва тестӣ.
11.           Барраси намудани нақшаи кори солонаи Шӯрои методӣ барои соли нави хониш.
12.           Вобаста намудани мутахасисони чавон ба коромӯзҳо.
13.           Ташкил намудани кабинети методӣ дар муассиса ва додани тавсияҳо нисбати ороиш.
14.           Баррасӣ ва тасдиқ намудани нақшаи кори роҳбарони иттиҳодияи методӣ.
15.           Рафти санчиши дафтарҳои синфӣ, парвандаҳои шахсии хонандагонӣ синфҳои 1-10 ва ҳуччатдории роҳбарони иттиҳодяҳои методӣ
16.           Вазъи таълиму тарбия дар синфҳо ибтидоӣ дар асоси Стандарти давлатии таҳсилот.
17.           Вазъи таълиму тарбия дар синфҳо ибтидоӣ дар асоси Стандарти давлатии таҳсилот.
18.           Тарзи гузаронидани дарсҳои намунавии иттиҳодияи методии роҳбарони синфҳо.
19.           Рафти тайёрӣ ва гузаронидани олимпиадаи давраи якум
20.           Усули ичрои меъёри баҳо гузорӣ дар корҳои хаттии хонандагони синфҳои 5-7
21.           Рафти омӯхтани тачрибаи пешқадами муалимаи Гулмаҳмадова Наргиса.
22.           Усулҳои гузаронидани дарсҳои намунавии фанҳои дақиқ.
23.           Рафти тайёрӣ ба олипиадаҳои фанни ва натичаи он.
 
         Муассиса дар давоми соли 2015  дар тамоми чорабиниҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ иштирок намуданд. Аз чумла       дар мусобиқаҳои варзишӣ, ки аз тарафи шӯъбаи маориф ва ташкилоти чавонони шаҳр ташкил карда мешуд иштироки фаъолона варзида чойҳои намоёнро ишғол намуданд ва сазовори чойҳои намоён, соҳиби ифтихорномаҳо, медалҳо ва тӯҳфаҳои қиматнок гаштанд.                                                                              Дар муассиса дар ин муддат якчанд чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида шуд, аз чумла «Ровии беҳтарин», озмуни «Хушнависон», озмунҳои «Донояк ва Ҳамадон». Дар байни хонандагон конфиренсияҳо оиди «Рӯзи модар». «Ҳомии Ватан»  700 солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ «Таърихӣ Наврӯз», 5 солагии «Наврӯзи Чаҳонӣ», иштироки фаъолона дар ҳафтаи мусиқӣ ва китоб, ташкил ва гузаронидани рӯзи гулҳо ва парандаҳо,  Конфиренсия бахшида ба зодрӯзи Садриддин Айнӣ, Чорабини бахшида ба рӯзи кайҳонавардон, Рӯзи якдилии меҳнаткашон, чашнгирии зодрӯзи Лоиқ Шералӣ, Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, рӯзи чавонон ва қабули хонандагон ба сафи созмони талабагӣ бо иштироки директории маркази таҳсилоти иловагии шаҳр Нурова Гулнора, дар озмуни суруд ва рақси  беҳтарин  Маҳмудов Музаффар ва Рабиева Парвина бо рақси қумбоқи Кулобӣ чойи якумро гирифтанд.        Дар моҳи сентябри соли 2015 хониш дар муассиса бо дарси «Сулҳ ва Дониш» оғоз ёфт, ки дар он меҳмонон аз ташкилотҳои болоӣ ҳузур доштанд. Дар тамоми синфҳо баромади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тариқи оинаи нилгун ташкил карда шуд. 9 сентябр – Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳи хоссе дар муассиса ва дар шаҳр чашн гирифта шуд. Дар давоми сол  ҳафтаҳои фаннӣ аз тарафи иттиҳодияи методии химия, биология,  забони точикӣ, таърих ва ҳуқуқ, забони русӣ ва англисӣ гузаронида шуд. Хонандагон дар сафороиши пагоҳирӯзи аз ачоиботи олами химия ва биология маълумотҳои васеъ гирифтанд ва дар охири ҳафта конфиренсияи илмӣ-адабӣ таҳти роҳбарии Гулмаҳмадова Наргиса гузаронида шуд. Ҳафтаи фаннии забони точикӣ хеле шавқовар гузашт, хонандагон аз эчодиёти Абӯабдулло Рӯдакӣ ва Чалолиддини Румӣ қироатҳо карданд. Бахшида ба рӯзӣ Рӯдакӣ 22 сентябр ва 700 солагии Туғрал  конфиренсияи илмӣ-адабӣ баргузор гардид, бахшида ба зодрӯзи Чалолиддини Румӣ, рӯзи парчам чорабинии тантанавӣ гузаронида шуд. Дар ин чода саҳми муаллими забон ва адабиёт Расулов Сафаралӣ чолиби қайд аст.Рӯзи 15-декабр бо ташаббуси маркази «Чавонон ва сайёҳи» шаҳр озмуни рақси замонавии «Валс» гузаронида шуд, ки шогирдони муассиса Рабиева М ва Пирумшоев А иштирок намуда чойҳои намоёнро ишғол намуданд.
 Дар моҳи октябри соли чорӣ мувофиқи фармоиши мудири шӯъбаи маорифи мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа аз 1 октябри соли 2015, №350 ва фармоиши директори муассисаи таълимӣ аз 7.10.2015 сол дар муассисаи таълимии №15 аз        2-юми октябр то 15-уми октябри соли 2015 Олимпиадаи даври якум гузаронида шуд.                                                                                                               Дар Олимпиадаи мактабӣ  243  нафар хонандагони синфи 8-11 иштирок намуданд, ки аз онҳо 128 нафарашон духтарҳо буданд.  
Рӯзи саршавии Олимпиада 2-уми октябр саҳни муассиса бо байрақчаҳо ва шиорҳои «Муваффақият ёратон бод, довталабон!» «Беҳтаринҳо ғолиб меоянд.»   «Шумо ояндаи давлати моед.»  ва ғайраҳо оро дода шуда буданд.                                                                              Рӯзи 15-уми октябр олимпиадаи фаннии мактабӣ ба охир расид.                  Аз 243 нафар иштирокчиён 99  нафар аз он чумла 55 нафар духтарон сазовори чойҳои  1, 2, 3 гаштанд.                                                            Аз ҳисоби умумӣ 66 нафар хонандагон аз чумла 34 нафар духтарон, ки чойҳои 1, 2-ро ишғол намуданд, ба олимпиадаи даври дуюм сафарбар карда шуд.
Дар озмуни даври дуюми олимпиадаи мактаббачагон 13-нафар хонандагони муассиса ғолиб баромаданд, ки аз ин ҳисоб 3-нафарашон духтарон мебошад.                                                                                       Аз фанни тарбияи чисмонӣ чорабиниҳои зиёде  гузаронида мешавад. Дар моҳи сентябр ва октябр дар муассиса байни  хонандагони  синфҳои 9-11 мусобиқа дар намуди футбол гузаронида шуд. Омӯзгорон дар  озмуни  «Шоҳмот», ки аз  тарафи маорифи шаҳр ташкил карда  шуда буд фаъолона  иштирок намуданд.
Аз тарафи чамъияти «Чавононӣ» шаҳр аз 13 то 29 октябр дар варзишгоҳи  шаҳр мусобиқа  хонандагони шаҳр   бахшида ба 21 солагии  Сарқонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баргузор гардид.  Дар он шогирдони муассиса иштирок намуда  сазовори чойҳои  дуюм  ва сеюм гардиданд. Хонандаи  синфи 10 «в» Султонов Ёқуб дар мусобиқаи намуди «Бокс» дар шаҳри Душанбе иштирок намуда чои сеюмро  ишғол намуд. Дар мусобиқаҳои варзишӣ, ҳарби-ватандӯстӣ, ки дар моҳи октябр-ноябр шуданд, хонандагон  соҳиби 20-медали чойҳои 1, 2, 3-юм гардтданд. Доимо пеш аз рӯзҳои таърихӣ  собиқадораи чангу  мехнатро хабар  мегиранд ва  хотирашонро шод менамоянд. Ин ҳам яке аз воситаҳои асосии  тарбияи хонандагон ба ҳисоб меравад. Ба кори ин омӯзгорон иштирокчиёни семинари чонишинони директор оид ба таълим, ки 19.11.2015 сол дар муассиса шуда гузашт, баҳои хуб доданд. Дар дарсҳо ба чиҳати тарбиявии дарс ва аҳамияти он дар чомеа диққат дода мешавад.
Ҳама рӯзҳои шанбе хонандагон ба ободонӣ ва кабудизоркуни машғул буданд. Дар муассиса боғи навбунёд бо номи «Боғи ирфон» ташкил карда шуд, ки 245 ниҳоли мевагӣ шинонда шуд ва сабзу хуррам шуда истодааст. Дар гирди майдончаи варзишии тобистонаи муассиса 150 бех ниҳоли ҳамешасабзи «Арча» шинонида шуд. Корҳои ободонӣ дар таълимгоҳ идома  дошта коллективи омӯзгорон кӯшиш ба он медиҳанд, ки сатҳи сифати дониши хонандагонро дар муассиса баланд бардоранд. Ҳоло дар муассиса  тайёри ба олимпиадаи фаннӣ давом карда истодааст.
                                                                     
Директори муассиса:                                            Солиева Д.К.

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню