Оид ба фаъолияти кӯдакистони №18 «Лола»-и шаҳри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Оид ба фаъолияти кӯдакистони №18 «Лола»-и шаҳри Қӯрғонтеппа

Кӯдакистони  №18- «Лола»-и шаҳри Қӯрғонтеппа  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» (Қонунҳои мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва  ичтимоии  соҳаи таълиму тарбияи томактабиро дар Чумҳурии Точикистон муқаррар менамоянд), Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва Оинномаи муасисаро сармашқи фаъолияти кории худ қарор дода, то ин муддат дар таълим ва тарбияи кӯдакони муасиса  як қатор корҳоро ба сомон расонид.   Бояд қайд кард, ки   кӯдакони синни томактабие, ки шаҳрвандони Чумҳурии Точикистон мебошанд, сарфи назар аз миллат, нажод, чинс, забон,  эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи ичтимоӣ ва молумулкии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), ба гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ дар муассисаҳои томактабӣ  ҳуқуқ доранд. Шаҳрвандони хоричӣ ва шахсони бешаҳрванд бошанд, таълиму тарбияи томактабиро бо тартиби  муқаррарнамудаи қонунгузории Чумҳурии Точикистон гирифта метавонанд.Масъулият барои гирифтани таълиму тарбияи томактабии кӯдакон ба зиммаи падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)  ё ба зиммаи муассисае гузошта мешавад, ки кӯдакон дар он чо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба ин хотир маъмурияти муассиса , ки айни хол дар он 120 нафар кудакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, дар тамоми зинаҳои фаъолияти худ  ичрои қарори Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз 30 03 2007№125, Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 17-уми феврали соли 2006 № 57 «Оид ба қарори  Ҳукумати Чумҳурии Точикистон аз 31-уми октябри соли 2005 № 395 Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии  рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Чумҳурии Точикистон  барои солҳои 2012-2016» таҳти назорат қарор дода аст.
    Маъмурияти муассиса чиҳати беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва ба талаботи замона чавобгӯ будани он  аз тамоми имкониятҳои мавчуда  истифода менамояд. Такмили низоми тарбия, муҳайё намудани шароит барои беҳтар намудани шаклу усул ва воситаҳои тарбия, таъмини робитаи доими миёни падару модарон бо  муассиса ва аҳли чомеа дар таълиму тарбия, тарғибу ташвиқи одоби муошират, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ва дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ахлоқи ҳамида тарбия намудании кӯдакон чавҳари фаъолияти маъмурияти муассисаро ташкил менамояд.
         Тарбиятгирандагон ва мураббиён дар чорабиниҳои фарҳангию маърифатии вилояту шаҳрӣ  иштирок менамоянд, дар гурӯҳҳо хушҳолию машғулиятҳои намунавӣ доир менамоянд, ки чунин машғулияту хушҳолиҳо ба кӯдакон чиҳати инкишофи нутқ, инкишофи рӯҳӣ, маънавӣ ва эстетикии онҳо мусоидат  менамоянд.
Дар муасиса таълиму тарбия дар асоси принсипҳои зерин ба роҳ монда шуда аст:
- таъмини шароити баробар барои рушди қобилият, шавқу рағбат, истеъдод, инкишофи ҳамачонибаи ҳар як кӯдак;
- боҳампайвандии инкишоф, таълим, тарбия ва саломатии кӯдак;
-робитаи мутақобилаи таълиму тарбияи кудак дар оила ва муассисаҳои томактабӣ;
- пайдарҳамӣ ва муттасилии таълиму тарбияи томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ;
- хусусияти демократӣ ва инсондӯстона доштани таълиму тарбияи томактабӣ;
    - мувофиқати мазмуну мундарича, сатҳи таълиму тарбияи томактабӣ ба хусусиятҳои инкишоф, беҳдошти саломатии кӯдакони синни томактабӣ.
Муасиса  эҳтиёчоти кӯдаконро ба гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ қонеъ мегардонад, бехатарӣ ва безарарии шароити инкишоф, тарбия ва таълими кӯдакон  ва беҳдошти саломатии онҳоро  мувофиқи талаботи санитарию гигиенӣ ба роҳ монда, риояи онҳоро таъмин менамояд. Дар кӯдакон  малакаҳои гигиенӣ, тарзи ҳаёти солим ва  меъёрҳои рафтору ахлоқи бехатарро ташаккул медиҳад, ҳифз ва беҳдошти саломатӣ, инкишофи чисмонӣ, маънавӣ, ичтимоӣ ва  зеҳнии кӯдаконро таъмин мекунад.Тарғиботи донишҳои равонӣ-педагогӣ ва физиологиро дар бораи кудакони синни томактабӣ барои падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда) ба роҳ мемонад ва  ҳимоя ва дастгирии ичтимоии кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ ва ҳамкории мутақобиларо бо оила амалӣ менамояд. Дар бораи офияти ҳар як кӯдак ғамхорӣ менамояд ва кӯдакони синни томактабиро барои давом додани таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ омода менамояд. Дар баробар ин  мазмуни таълиму тарбияи томактабиро  муайян месозад  ва барои  фароҳам овардани шароит барои инкишофи чисмонӣ, маънавӣ ва зеҳнии кӯдакони синни томактабӣ аз рӯи қобилият, шавқу рағбат ва хусусиятҳои фардии онҳо аз тамоми тадбирҳо истифода мебарад. То ин, ки ташаккули шахсияти кӯдакони синни томактабӣ дар асоси меъёрҳои одобу ахлоқ, қобилияту инкишофи зеҳнӣ ва тачрибаи ичтимоию ҳаётӣ ба роҳ  монда шаванд.
    Ба ин хотир рӯзи 1-сентябр- «Рӯзи дониш» бо шукӯҳ дар саҳни кӯдакистон чашн гирифта шуд. Дар даромадгоҳи боғча гурӯҳи кӯдакон падару модаронро бо қироати шеърҳо пешвоз гирифта, бо «Рӯзи дониш» табрик намуданд. Мувофиқи сенарияи баргузории чорабинӣ кӯдакон дар васфи «Точикистон», «Ватан», «Модар», «Сулҳ» ва ғайра қироати шеърҳо намуда, суруду рақс ва бозиҳои шавқовар гузарониданд. Баъд аз анчоми хушҳолӣ дар гурӯҳҳои калон машғулияти омӯзишии «Сулҳ шакарханди лаби кӯдакон» гузаронида шуд. Мақсад аз  гузаронидани ин машғулият ба кӯдакон омӯзонидани мафҳуми калимаи сулҳ, дӯстӣ, рафоқат, донистани муқаддасоти давлати худ, инкишоф ёфтани нутқи кӯдакон ва тарбия намудани  меҳру  муҳаббат ба Ватани худ, арч гузоштан ба муқаддасоти миллӣ мебошад. 
Инчунин бахшида ба Соли оила, 24-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Точикистон ва ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ ва зодрӯзи  Мавлоно Чалолиддини Рӯми, Иди омӯзгорон, Рӯзи Конститутсия  дар гурӯҳҳои  муассиса чорабинӣ ва хушҳолию дарсҳои кушод дар мавзӯи «Оилаи ман», «Панди бобо», «Мураббии ман» гузаронида шуданд.
Бо мақсади ичрои фармоиши Раёсати маорифи мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 27 02 2015 «Дар бораи гузаронидани озмуни «Ман медонам.Ту ҳам медонӣ?» даври якуми озмун гузорина шуда, ғолибон ба даври дуюми озмун пешниҳод карда шуданд.
         Бо мақсади ичрои нақшаи кории солонаи муассиса баррасии масъалаҳои томактабӣ ба беҳбудӣ бахшидан ба самти фаъолияти мураббияҳо ва барномаҳои соҳавӣ дар ин давра шаш  Шӯрои омӯзгорӣ ва чандин  машваратҳои назди мудири муассиса доир гардида, дар он  масъалаҳои ҳалталаб мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ичроиши онҳо  зери назорат гирифта шуданд.
         Маъмурият ва аҳли кормандони педагогии муассисаи таҳсилоти томактабии №18 фаъолияти худро минбаъд низ дар асоси Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимҳо дар Чумҳурии Точикистон» Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи забони давлатии Чумҳурии Точикистон» ва дигар санадҳои меъёри-ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, чиҳати ташаккули муносибати бошууронаи кӯдакон ба муҳити зист ва ҳифзи онҳо,тарбия дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, забони давлатӣ, оила, чомеа, арзишҳои фарҳангию миллӣ ва умумибашарӣ, ҳифз ва беҳдошти саломатии чисмонӣ,  инкишофи равонӣ ва маънавии онҳо  ва  таъмини ичрои Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ аз тамоми имкониятҳи истифода мебарад.
Падару модарони кудакони тарбиягиранда  низ дар навбати худ   чунин ӯҳдадоранд:
      - дар бораи саломатии чисмонию равонии кӯдак ғамхорӣ  зоҳир намуда, барои инкишофи шавқу рағбат ва қобилияти фарзанди худ шароит фароҳам оваранд;
     - ба фарзандашон барои гирифтани таълиму тарбияи  томактабӣ  шароит фароҳам оваранд;
    - барои ба таҳсил омода намудани кӯдакон мусоидат намоянд;
   - дар кӯдакон муҳаббат ба Ватан, ҳисси эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро тарбия намоянд;
    - ба кӯдакон муносибати эҳтиромона доштан ба рамзҳои давлатӣ, забони давлатӣ, мероси ниёгон, шахсони калонсол,  расму оин ва анъанаҳои миллиро  омӯзонанд.
 
                               
         Мудири кӯдакистон                                        Сафарова Б                                                          
 

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню