Вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои 11 - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои 11

Санаи 18 апрели соли 2017 дар толори мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, таҳти раёсати роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Н. Азимзода бо хонандагони фаъоли мактабҳои шаҳр, вохӯрӣ доир ба Соли ҷавонон, дар мавзӯҳои терроризм экстримизм, ахлоқу одоби хонандагон дар ҷамъият доир гардид. Тоҷиев Ҷуъмахон мудири шӯъбаи кор бо кадрҳои мақомоти иҷроия ҷаласаро кушода, А. Соҳибназаров дар бораи таълиму тарбияи фарзанд ва хурмати падару модар ба хонандагон аз ҳаёти пайғамбарону пешвоёни дини мубини Ислом мисолҳо овард.
Роҳбари дастгоҳ Н. Азимзода ба минбар баромада, дар бораи терроризм, экстремизм, фирефта шудани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ андешаҳояшро баён намуд. Дар бораи ҳуқуқҳои инсон дар ҷамъият, пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон бо мисолҳои мушаххас изҳори андеша кард.  Ба аҳли толор муроҷиат карда, дар ин самт ҳушёриву зиракии сиёсии ҷомеаро мувофиқи матлаб шуморид. Перомуни ин мавзӯъ байни аҳли толор ва Н. Азимзода саволу ҷавоб ба вуқуъ пайваста масоили марбут ба мавзӯи матраҳгардида, аз нигоҳи талаботи қонун шарҳу тавзеҳ ёфтанд.
Котиби матбуотии 
раиси шаҳри Қурғонтеппа:             Каримов А.
18.04.2017


 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню