Оиди фаъолияти кӯдакистони № 17 «ГУЛҒУНЧА дар соли 2015 - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Оиди фаъолияти кӯдакистони № 17 «ГУЛҒУНЧА дар соли 2015

       Маъмурият ва коллективи педагогии кӯдакистони № 17 -и шаҳри  Қӯрғонтеппа  фаъолияти  хешро дар асоси дастуру супоришҳои  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва дигар хуччатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, баҳри ҳифз ва таҳкими саломатии чисмонӣ ва рӯҳии кӯдакон, инкишофи маънавӣ ва ташаккули шахсияти онҳо, ғамхорӣ дар бораи офияти эҳсосоти мусбӣ ва таъмини инкишофи ҳаматарафаи кӯдакро дар ҳамкорӣ бо оила масъалаи асосии фаъолияти худ дониста, дар беҳтар намудани кори таълиму тарбия корҳои назаррасро  ба анчом расонид. Дар ин давра тамоми талаботҳои нақшаи кори соли сипаригашта  ичро гашт. Дар натичаи  андешидани чораҳои мушаххас вазъи бино, таъминоти кадрӣ, ҳолати таълим ва тарбияи кӯдакон беҳтар гашт. Дар беҳдошти ҳолати таълиму тарбия, таъмири хушсифати бино, таъминот бо айёният ва бозичаҳои таълимӣ мусоидати волидон қобили қайд аст. Ба таълими забонҳо, бахусус забони точикӣ ва дар ҳамин замина беҳ намудани ҳолати таълими забонҳои руса англисӣ аҳамияти даркорӣ дода шуд. Дар давоми сол ба такмили таълими тарбияи чисмонӣ дар машғулият ва чорабиниҳои махсус эътибори  даркорӣ дода  мешавад.
         Ҳоло дар муассисаи мо ҳамагӣ 21 нафар кормандони педагогӣ, аз чумла 6 нафар мураббия, 1 нафар омӯзгори забони англисӣ (Оймухамедова  Марина) ва 1 нафар омӯзгори забони русӣ (Шаропова  Насиба), Роҳбари мусиқӣ Абдураҳмонов Абдураҳим, мушовир Камбарова Садбарг кору фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумӣ 6 нафар бо маълумоти олӣ, 5 нафар бо маълумоти миёнаи касбӣ ва боқимонда, яъне кормандони хурди техникӣ бо маълумоти миёна мебошанд. Ҳамаи мураббияҳо аз курси такмили  ихтисос  гузаштаанд.
             Маъмурият ва тамоми кормандони муассиса талаботи Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимҳо дар Чумҳурии Точикистон», «Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ», «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Чумҳурии Точикистон барои солҳои 2012-2016», «Консепсияи миллии тарбия дар Чумҳурии Точикистон», Барномаи «Роҳнамои мураббӣ» ва дигар ҳуччатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи тарбияи томактабиро  мавриди омӯзиш қарор дода, ба натичаҳои назаррас  ноил гардиданд.
              Фонди китобҳои бадеии бачагона дар муассиса  сол то сол ғанӣ гардида, айни замон китобҳои мавчуда мавриди истифодаи доимии кормандону тарбиятгирандагон қарор гирифт. Тамоми қарор, мактуб, супориш ва ҳуччатҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки аз чониби мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят ва шуъбаи маориф дастрас мешуд, мавриди муҳокимаю баррасӣ ва истифодаи доимӣ қарор дода шуд. Ба сифати машғулияти  мураббиён диққати чиддӣ дода, дар ҳамин замина беҳтар намудани  корҳои методӣ, омӯзиши байниҳамдигарии тачрибаи педагогӣ замина гузоштем. Дар давоми сол ба масъалаҳои  пурзӯр намудани тадбирҳо оид ба инкишофи нутқи кӯдакон бо роҳҳои мукаммал ва мураккабтар намудани шеър, чистон, зарбулмасал, тезгӯяк, тартиб додани ҳикоя, афсона, аз нав нақл кардани ҳикояҳо, кам кардани истифодаи суханҳои шевагӣ дар нутқи кӯдакон, такмили маданияти талаффузи дурусти ҳарф ва калимаҳо, чустан ва амалӣ намудани роҳҳои гуногуни омӯзиши қоидаҳои ҳаракати роҳ аз чониби кӯдакон, вобаста ба талаботи имрӯза ба роҳ мондани алоқаи муассиса бо падару модарон аҳамияти хоса дода шуд.
           Ҳамзамон  як қатор  тадбирҳо, аз қабили мутобиқ ба нақша хушсифат гузаронидани Шӯрои педагогӣ, машғулиятҳои кушод, машваратҳо, назорати педагогӣ, семинарҳои тачрибавӣ, кор бо мутахассисони чавон дар маркази диққат буд. Масъалаҳои мустаҳкам намудани интизоми меҳнат, ташкили меҳнати солим, ташкили хӯроки серғизои солимгардонанда, хубтар ба роҳ мондани хизмати тиббӣ ва корҳои пешгирии касалиҳои оммавӣ ва хурӯчкунанда пайваста мавриди назорат буданд. Дар машварати назди мудир ба инкишофи нутқ, ки бо инкишофи рӯҳӣ, фикрӣ, чисмонӣ, маънавӣ, эстетикӣ тавъам аст, дар якчоягӣ корҳо пеш бурда шуда, ба айёният, бадеияти тафаккур, бозӣ дар инкишофи ҳаматарафаи кӯдак мақоми хоса дода шуд. Тарбиятгирандагони кӯдакистон шеърҳо, афсонаҳо, зарбулмасал, чистони зиёд азёд намуданд. Дар гурӯҳҳо китобҳои бадеӣ барои кӯдакон, китоб ва дастурҳои методӣ  ба таври кофӣ мавчуд аст ва пурсамар истифода карда мешаванд.
              Мураббиёни кӯдакистон ба тарбияи маънавӣ, гуфтор, ҳис ва дарк намудани тасаввурот аз солҳои аввали ҳаёти кӯдак шаклгиранда,  ташаккули малакаҳои маънавӣ мувофиқи хусусиятҳои  фардӣ ва синнусолии кӯдакон, инкишофи  эҳсосҳои маънавӣ, хусусиятҳо ва тағйирёбии онҳо  дар ҳолатҳои гуногун, инкишофи худбаҳодиҳии онҳо, ташаккули олами маънавии кӯдакон, такмили тарбияи чисмонӣ дар машғулиятҳо, инкишофи малакаҳои ахлоқӣ, эҳсосӣ ва маданию гигиении тарбиятгирандагон  аҳамияти хоса медиҳанд.
                     Рӯзи 23 январи соли чорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси  вакилон  бо тамоми кормандони кӯдакистон тавассути намоиши телевизионӣ дар толори кӯдакистон баргузор карда шуд. Дар ифтитоҳи  сухан  Президенти мамлакат, мӯҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар бораи кам шудани сатҳи камбизоатии мардуми кишвар, эҳтироми зан, афзоиши таваллуд ва кам шудани  фавти кӯдакон ва модарон қайд  карданд.  Боиси  қайд аст, ки  соли равон  фавти кӯдакон ва модарон 2 баробар кам шудааст. Масъалаи никоҳи байни хешовандон, ки сабаби ба дунё омадани кӯдакони маъюбу носолим гардидааст, яке аз он масъалаҳои дардноке буд, ки Сарвари давлат махсус истода гузаштанд. Дар баробари ин Сарвари давлат оид ба иҷроиши буҷаи давлат, Стратегияи ҷумҳурӣ, роҳсозӣ, таъмин намудани мардуми кишвар  бо оби нӯшокӣ, бунёди нави ҷойи корӣ дар шаҳруноҳияҳои кишвар, вазъи соҳаи тандурустӣ, соҳаи маорифва Қонун дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»,соҳаи варзиш, интихоботи навбатӣ, нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, амалҳои  экстремистӣ  алоҳида ибрози ақида намуданд.
             Инчунин проблемаҳои соҳавӣ ба мисоли дар муассисаҳои таълимӣ  ташкил намудани  дарси  «Одоби  оиладорӣ», Интихоби касб,  дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбии дохил ва хориҷи кишвар тавассути имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестӣ, Тарзи ҳаёти солим, таъсис  намудани Институти ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва амсоли инҳо  аз он масъалаҳое буданд, ки  Сарвари давлат ба ин  таваҷҷӯҳи  хоса зоҳир намуданд.
           Президенти мамлакат дар бораи саҳлнигорӣ накардан ба интихоби касби ҷавонон сухан карда, қайд карданд, ки дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби маъмурият ва роҳбарони синф бо ҳар як хатмкунанда ва волидони онҳо дар алоҳидагӣ  корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда,  онҳоро  ба роҳидурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд. Ба гуфтаи Сарвари давлат  «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад».
           Дар ҳақиқат, омӯзгори асил ҳамон шахсест, ки дар баробари падару модар ба таълиму тарбияи шогирдон масъулият ҳис мекунад ва ояндаи дурахшони онҳоро таъмин менамояд. Дар баробари ин, ҳар як падару модар ва омӯзгор пеш аз ҳама фарзандони баору номус, худшинос, худогоҳ, ватандусту ватанпарастро боядтарбия намояд. Мардуми кишвар бояд шукргузор бошад, ки чунин давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, соҳибистиқлол ва осуда дорад. Имрӯзҳо дар ҷумҳуриҳои ҳамсарҳад  ба ҳаракатҳои динӣ, экстремистӣ шомил гардидани ҷавонон моро бояд бетараф нагузорад. Барои ин ҷавононеро бояд тарбия намоем, ки дар вуҷудионҳо меҳри Ватан, ҳифзидавлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро  ҷой дода тавонем ва ояндаи кишварро бо дилпурӣ ба дасти онҳо  супорида тавонем. Ба гуфтаи Сарвари давлат ба умеди хоҷаҳои хориҷи нашавем, худшиносу хештаншинос бошем, ғурури  миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дошта бошем.
             Аз ин гуфтаҳои Сарвари давлат  аҳли кормандони кӯдакистон як ҷаҳон маънӣ бардошта, тасмим гирифтанд, ки корро  дар самти  алоқаи  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 бо кӯдакистон,  бо  кумитаҳои  падару модарон, бо китобхонаи шаҳрию вилоятӣ, омӯзиш ва амалисозии Қонуни  Чумҳурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро  беҳтару хубтар ба роҳ монда,  ба  ташкили «Рӯзи волидайн» ва даъвати волидайнро ба машғулиятҳо, чорабиниҳои кӯдакистон,  шиносоии онҳо бо аснодҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи тарбияи томактабӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои волидайн, дар амал истифода бурдани  адабиётҳои илмӣ-методӣ оид ба таълим ва тарбияи томактабӣ, омӯзиш, чамъбаст ва паҳн намудани тачрибаи пешқадами  педагогиро дар кӯдакистон куллан ҷоннок намуда, дар ин ҷода аз тамоми  имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд ва баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониши тарбиятгирандагон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар ин раванд шогирдонеро тарбия менамоянд, ки  ҳисси  баланди миллӣ дошта бошанд, эҳтироми падару модар ва калонсолонро ба ҷо оранд, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосирро пешаи аввалиндараҷаи худ дониста, дар оянда ҳамчун ҷавонони  шоиста  кишвари азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ  карда тавонанд.
               Дар мачлисҳои падару модарон  дар бораи   одоби салом,  муносибат бо калонсолон, одоби  меҳмондорӣ  ва гигиенаи шахсӣ  сӯҳбатҳо гузаронида мешавад,  дар  кабинети  методӣ  китобҳои  кӯдакона,  эҳдои китобҳои бадеӣ бо забони точикӣ аз тарафи кормандон ва падару модарон чамъомада ба 65 адад расидааст, ки  кӯдакон аз онҳо   дар вақтҳои дилхоҳ истифода мебаранд.
  Дар   гурӯҳҳо   қолин, курпачаҳои  миллӣ, гӯшаи миллӣ, чиҳозҳои хона, бозичаҳои сохтумонӣ, варзишӣ, таълимӣ, мусиқӣ, ҳисоб, табибӣ, кулолӣ, наққошӣ ва ғайра   мавчуд  мебошад, ки ин ҳам бошад бо дастгирӣ ва кӯмаки волидон  ташкил карда шудааст.
Дар  машғулиятҳои  мураббиёни  муассиса   усулҳои фаъол и  таълим  истифода бурда мешавад, ки  дар оянда боқимонда мураббиён низ ба онҳо хоҳиши пайравӣ кардан  доранд  ва  аллакай  дар машғулиятҳои  худ каму беш истифода бурда истодаанд. Мураббиёни  гурӯҳҳои калон ва омодагӣ ба мактаб  бо мактаби таҳсилоти  миёнаи  умумии № 12  ҳамкории  зич доранд.  Мураббиёни ин гурӯҳҳо  борҳо тарбиятгирандагони худро ба мактаб барои сайру гашт ва шиносоӣ бо хонандагону муаллимони мактаб чалб намудаанд. Тарбиятгирандагони  гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб  бо омӯзгорони синфҳои якум шиносоӣ пайдо намуда,  аллакай  хоҳиши  ҳарчӣ  тезтар  ба мактаб рафтанро доранд.
Муассиса бо ҳамшираи шафқат  таъмин мебошад, ки номбурда  аз рӯи нақшаи кории  худ  кӯдаконро таҳти муоинаи тиббӣ  қарор дода,  ҳифзи саломатӣ  ва   давомоти онҳоро   назорат мебарад.
Соли равон муассиса бо мусоидати шӯъбаи маориф, мақомоти ичроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳр  таъмир карда шуд. Ҳоло кӯдакистон  барои  зимистонгузаронӣ  ҳаматарафа  омода  мебошад.
Ба ҳамаи  ин нигоҳ накарда,  дар ду гуруҳ ва роҳравҳо  шишабандӣ  пурра  намебошад. Дар  ин хусус  ба шуъбаи маориф  дархост  ирсол карда шуд ва боварӣ ҳаст, ки  дар рӯзҳои наздик  масъалаи мазкур   ҳалли  худро  хоҳад ёфт.
Маъмурият ва ҳайати педагогии кӯдакистони № 17 тасмим  гирифтаанд, ки  нисбати таълиму тарбияи насли наврас аз тамоми имконотҳои мавчуда истифода мебаранд ва корро  дар  ин самт  боз  ҳам чоннок  хоҳанд  кард.
 
 
             Мудири  кӯдакистон:                                                 Абдувосиева Ш.
 

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню