Ширкати ҳиндӣ дар Тоҷикистон 3 нерӯгоҳи барқӣ сохтанист - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Ширкати ҳиндӣ дар Тоҷикистон 3 нерӯгоҳи барқӣ сохтанист

Group of Industries ҳоло ҳам ният дорад, ки дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои барқи обӣ бунёд намояд.
Ширкати Khoday Group of IndustriesҲиндустон имкони сохтмони се нерӯгоҳи барқи обии миёна дар Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор додааст.
Охири ҳафтаи гузашта зимни мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарияти ин ширкат масъалаи татбиқи лоиҳаҳои мақсадноки сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика, бахусус рафти иҷрои лоиҳаи сармоягузории сохтмони Нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Оби Хингоб - “Нуробод - 1”, “Нуробод - 2” ва “Фондарё” мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат дар ин робита зикр мегардад, ки иқтидори нерӯгоҳи барқи обии “Нуробод - 1” - 400 МВт, “Нуробод - 2” - 520 МВт ва “Фондарё” - 135 МВт - ро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки сохторҳои марбутаи Тоҷикистон якҷоя бо мутахассисони ширкати “Ходайз групп Индастрис” лоиҳаҳои бунёди нерӯгоҳҳоро пурра омӯхта, аз натиҷааш ба ҳукумати кишвар хулосаҳои худро пешниҳод намоянд.
Қобили зикр аст, ки ҳанӯз соли 2012 миёни Вазорати энергетикаи Тоҷикистон ва Khoday Group of Industries дар бораи сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Хингоб ва Фондарё ёддошт ба имзо расида буд. Қабл аз ин дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон моҳи сентябри соли 2012 дар байни санадҳои баизорасидаи ҳамкорӣ миёни кишварҳо байни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкатҳои Khoday groop низ ҳуҷҷат ба имзо расида буд.
Муаллиф: Asia-Plus

19.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню