Вохӯрии навбати бо ноболиғон. - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Вохӯрии навбати бо ноболиғон.

Бо ташаббуси мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Назир Азимов дар толори муасисаи таҳсилоти умумии рақами 9-и шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзӯи «Ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва роҳҳои пешгирии он» вохӯрии судманд бо хонандагону омӯзгорон гузаронида шуд. Дар оғози вохӯрӣ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Назир Азимов оид ба мафҳуми ноболиғ, ҷиноят, категорияҳои он, ҷазо, намудҳои ҷазои барои ноболиғон муайяншуда  ва мақсади ҷазо бо нишон додани мисолҳои мушахас маърӯзаи худро  тафсир намуданд. Ҳамчунин профессор Назир Азимов оиди  сабабҳои умумӣ ва махсуси мусоидткунандаи ҷиноятсодиркунии ноболиғон ва роҳҳои пешгирӣ аз ин гуна қонуншиканиҳоро ба хонандгон фаҳмондадиҳӣ  намуданд.
Дар вохӯрӣ намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла ёрдамчии прокурои шаҳр Ализода низ иштирок намуданд ва оид ба мафҳуми ҷиноят, категорияҳои он ва шаклҳои гуноҳ  изҳори андеша намуданд. Хамчунин қайд намуданд, ки нооромии оила метавонад ба ахлоқи кӯдак таъсири манфӣ расонад ва дар оянда ба оқибатҳои ногувор аз қабили ҷиноятсодиркунии ноболиғ оварда расонад.  Ин гунна вохӯриҳо тибқи нақшаи тасдиқшуда натанҳо дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллечҳо, балки дар корхонаву муассисаҳо ва маҳаллаҳои шаҳр низ баргузор мегардад. Мақсад аз ин иқдом баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳр мебошад.  Баланд шудани маърифати ҳуқуқии мардум ба сифати ичрои қонун, болоравии самараи ичрои қонун созгор омада, ба мустаҳтакам шудани истиқлоляти зеҳнии шаҳрвандон мусоидат мекунад. Албатта боз ҳар яки моро лозим меояд, ки корҳои таълимиву тарбиявии фарзандони худро мустаҳкамтар намоем, дар вақтҳои холигӣ аз таҳсил онҳоро бо шуғл фаро гирем ва дастачаъмона таввасути  робитаи зичи байни падару модарон бо мактаб аз қонунвайронкунии  ноболиғон пешгирӣ намоем.
Котиби  матбуотии  Раис.

 
 
 
 
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню