Чорабинии ҳизбӣ бахшида ба 22-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Чорабинии ҳизбӣ бахшида ба 22-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

 ҲХДТ – НЕРӮИ  ТАВОНОИ  СИЁСИ                                                                          
«Хар яки мо вазифадорем, ки тамоми азму ирода ва неруву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар намоем»
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Дар толори кохи «Ватан»-и шахри Қӯрғонтеппа бахшида ба 22-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки рохбарони ташкилотхои ибтидоии ҳизбии шаҳрӣ, собиқадорони ҲХДТ, фаъолон, ҷонибдорони ҳизб, кормандони масъули Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа чорабини доир карда шуд. Дар чорабинии доиргардида хамчунин  узви Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон– раиси шахри Қӯрғонтеппа мӯҳтарам Амирулло Асадулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ализода Аҳмадҷон иштирок намуданд. Ба ҳар яки мо маълум аст, ки аз рӯзхои нахустини таъсисёбии ҲХДТ қуввахои зеҳнии ҷомеа ба ин ҳизб таваҷҷӯх пайдо карда, бо роҳбари ва
ҳидояти роҳбари муаззами ҳизбамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтох тавонистанд ҷомеаро аз вартаи нести раҳои бахшанд. ҲХДТ аз рӯзҳои нахустини ба арсаи сиёси баромаданаш мавқеи пешоҳангиро ишғол карда, дар ба эътидор овардани вазъи сиёсию иҷтимоии ҷомеа нақши муассир бозид. Равандҳои созандагиро дар ҷомеа инкишоф дода, тавассути ташаббусҳои роҳбари ҲХДТ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадаф ва роҳҳои мустаҳкам кардани давлатдори ва пешрафтро тарҳрези ва амали кард. Бо ин мазмун ва аз ҳадафу  мақсадҳои  ояндаи ҲХДТ узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон – раиси шҳри Қӯрғонтеппа мӯҳтарам Амирулло Асадулло суханрони намуда, бо ин санаи муҳим ҳамаи сокинони шаҳри Қӯрғонтеппаро табрик намуданд. Дар навбати худ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ализода Аҳмадҷон қайд намуданд: мо айни ҳол дар марҳалае қарор дорем, ки имсола ъзоён ва чонибдорони ҲХДТ, умуман мардуми сарбаланди кишварамон бо рӯҳбаландиву ифтихории милли 22 - умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Ин воқеият аз мо, ҳамчун аъзои ҳизбе, ки Сарварии онро Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда доранд, тақозо менамояд, ки ба ҳадафҳои олии ҲХДТ бирасем. Ҳизбе, ки мо онро дӯст медорем, эътимод дорем ва он дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат мавқеи бузургеро соҳиб мебошад, яке аз ҷавонтарин ахзоби сиёси буда, дар давраи хеле ноҳамвори таърихи миллат ва парокандагии кишвар бо  мақсади муттаҳид намудани қувваҳои ақлонии Ватан рӯи саҳнаи сиёси омад. Баъди анҷоми баромадҳо ба аъзоёни фаъоли  ҲХДТ сипосномахо ва тӯҳфҳои хотирави аз тарафи Раёсат супорида шуд.
Котиби матбуотии Раиси шаҳр: Бобохонов Қ
 
12.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню