Таҳсилоти миёнаи умумии № 12 - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Таҳсилоти миёнаи умумии № 12

Дар бораи муассисаи Таҳсилоти миёнаи умумии № 12 ба номи Анварбек Ҳамидови ш. Қӯрғонтеппа.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12 ба номи Анварбек Ҳамидови ш. Қӯрғонтеппа соли 1968 бо иқтидори лоиҳавӣ барои 940 хонанда ва соли 1974 бинои иловагӣ барои 650 хонанда сохта шудааст.Мактаб дорои 4 бинои таълимӣ буда, дар он 70 синфхона, аз чумла 12 синфхонаи ёрирасон (барои зергурӯҳҳо), толори мачлисҳо, толори варзишӣ, ошхона, майдончаҳои варзишӣ мавчуд аст.Дар муассиса 104 нафар омӯзгорон барои 2807 нафар хонанда дар ду баст дарс мегузаранд, ки 89 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Аз зумраи омӯзгорон 91 нафар дорои маълумоти олӣ, 8 нафар дорои маълумоти олии нопурра (донишчӯёни бахшҳои 4 ва 5 ғоибонаи ДДҚ ба номи Носири Хусрав), 18 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус мебошанд. 39 нафар дорои тахассуси дарачаи олӣ, 35 нафар дорои тахассуси дарачаи якум ва 21 нафар дорои тахассуси дарачаи дуюм мебошанд. Масъалаи таъиноти кадрӣ пурра Ҳал гашта, эҳтиёч ба нест. Аз ин шумора 9 нафар дорои унвони «Аълочии маорифи Точикистон» мебошанд. Аз 109 омӯзгор 97 нафар дорои маълумоти олӣ, 3 нафар бо маълумоти олии нопурра (донишчӯёни бахши 4 ДДҚ ба номи Носири Хусрав), ва 21 нафар бо маълумоти миёнаи махсус дарс медиҳанд. Ах 121 нафар омӯзгор 34 нафар дорои дарачаи тахассусии олӣ, 34 нафар дорои дарачаи тахассусии якум, 20 нафар дорои дарачаи тахассусии дуюм ва 33 нафар дорои дарачаи тахассусии умумӣ мебошанд9 нафар омӯзгорони муассиса дорои унвони «Аълочии маорифи Точикистон» мебошанд, аз чумла Бибиҳаво Исоева, Одил Ҳамидов, Муҳиба Шарбатова, Ақлимо Баҳриддинова, Умидахон Ҳамидова, Латофат Хочаева, Зебунисо Ҳакимова, Набичон Қодиров, Савринисо Назарова, Очатбегим Мақсудшоева. Ақлимо Баҳриддинова дорандаи чоизаи ба номи Надежда Крупская мебошад.
Дар қатори инҳо омӯзгорон Парвина Сатторова, Муҳиба Шарбатова, Ширмоӣ Сафарова, Адолат Ҳакимова, Майдагул Миниқулова, Мунира Ҳакимова бо меҳнати худ сазовори обрӯю эҳтироми аҳли маорифи шаҳр гардидаанд.
Муассиса дорои базаи мустаҳками педагогӣ дошта, омӯзгорон Ақлимоҳ Баҳриддинова – 56 сол, Хочатбегим Мақсудшоева – 48 сол, Набичон Қодиров – 46 сол, Зебунисо Ҳакимова – 48 сол, Мунаввара Алиханова – 41, Муҳаббат Содиқова – 43 сол ва зиёда аз он тачрибаи омӯзгории педагогӣ доранд ва дар давоми фаъолияти педагогиашон ҳазорон шогирдонро ва шаҳрвандони барӯманди халқи точикро калон кардаанд.
Шогирдони омӯзгорон Қурбонмаҳмадова П., Ҳакимова А., Ҳамидов О., Ҳамидова У., Сафарова Ш., Амонқулова Г., Чабборова Т., Раҳмонова П., Шарбатова М., Ҳаитов Н. Мақсудшоева О. ҳамасола дар Олимпиадаҳои вилоятиву чумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори чойҳои намоён мегарданд.
Дар муассиса ба тарбияи насли чавони омӯзгорӣ аҳамияти чиддӣ дода мешавад. Омӯзгорони чавон аз қабили Зӯҳро Расулова, Майрамхон Абдусатторова, Фароғат Расулова, Мавзуна Файзуллоева, Савринисои Гурезчон, Чумъагули Давлат саъю кӯшиш доранд, ки дар фаъолияти омӯзгории худ ба сарфарозиҳои баланд бирасанд ва дар оянда омӯзгорони беҳтарини чумҳурӣ хоҳад шуд.
94,4% хатмкунандагони соли хониши 2014-2015 барои давом додани таҳсил ба мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи махсуси чумҳурӣ дохил шудаанд. Аз чумла 7 нафар хонандагони муассиса таҳсили худро дар муассисаҳои олии хоричи кишвар давом дода истодаанд.
Нишододи дохилшавии хатмкардагони муассиса ба мактабҳои таҳсилоти олии дохил ва хоричи кишвар, коллеч, техникум, омӯзишгоҳҳо қобили зикр аст. Соли таҳсили 2013-2014 251 нафар муассисаро хатм намуданд. Аз ин ҳисоб 239 нафар дар мактабҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус таҳсили худро идома дода истодаанд.
Дар соли хониши 2014–2015 295 нафар курси муассисаи асосӣ ва 256 нафар хонанда курси муассисаи миёнаро хатм мекунанд ва мо боварии комил дорем, ки на кам аз 92% хатмкунандагони имсола таҳсили худро дар муассисаҳои олии касбӣ ва миёнаи махсуси чумҳуриямон ва хориҷи кишвар давом медиҳанд.
Дар муассиса тули 2 сол нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти Чумҳурии Точикистон фаъолият карда истодааст. Дар давоми маъракаи бақайдгирии хатмкунандагон ба воситаи Марказ ба ҳолати 15 апрели соли 2015 223 (87,1%) нафар хатмкунандаи муассиса барои дохил шудан ба мактабҳои таҳсилоти олии касбва миёнаи махсус ҳуччатҳои худро супоридаанд.
Муассиса дорои базаи мустаҳками таълимию методӣ дошта, 62 утоқи таълимӣ, аз чумла кабинетҳои мучаҳҳазгардонидашудаи математика, физика, химия, биология дорост.
Муассиса дар шаҳр ягона мебошад, ки дорои се синфхонаи компютерӣ, ки бо 56 компютер таъмин мебошанд ва аввалин муассисае, ки тӯли 14 сол ба шабакаи глобалии Интернет пайваста шудааст ва хонандагон аз хизматрасониҳои Интернет бевосита барои тайёр намудани дарсҳои худ, омода шудан ба Олимпиадаҳои фаннӣ ва дохилшавӣ ба воситаи имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавии Маркази миллии тестӣ истифода мебаранд.
Дар муассиса 56 адад компютерҳои ҳозиразамон, 9 адад принтер, 2 генератори барқӣ, 3 синфхонаи компютерӣ, 5 нафар омӯзгорони технологияи информатсионӣ мавчуданд. Ба ҳар 33 нафар хонанда як компютер рост меояд. Ичрои нақшаи компютеркунонӣ дар муассиса 65,2% аст. Кор дар ин самт идома дорад.
Компютерҳои муассиса аз соли 2002 ба шабакаи ИНТЕРНЕТ ба воситаи интернет провайдери “Babilon-T” пайваст шуда, интернети дастрасшуда барои таъмини суръати лозимӣ кифоя аст.
Танҳо дар 3 соли охир хонандагони муассиса дар Олимпиадаҳои фаннии чумҳурӣ иштирок намуда, сазовори чойҳои намоён мегарданд, аз чумла хонандагон Муҳаммад Абдураҳимов, Илҳом Ҳакимов, Чумъахон Саидов, Икром Абдуллоев ва ғайраҳо мебошанд. Дар соли хониши 2014 – 2015 хонандагони синфҳои 11 Илҳом Ҳакимов, Чумъахон Саидов, Икром Абдуллоев дар Олимпиадаҳои фанни, номӣ, даставӣ ва фосилавӣ, ки дар муҳлатҳои гуногун гузаронида мешаванд, иштирок менамоянд.
Муассиса дар бадали 3 моҳи соли равон 3 мачлиси Шӯрои омӯзгорон, 6 машварат дар назди мудир доир намуда, дар онҳо 14 масъалаи нақшавии таълиму тарбияро баррасӣ намуд.
Дар давоми 3 моҳ дар муассиса конфронсҳои илмӣ-адабӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, Наврӯзи Ачам, Рӯзи кайҳоннавардон гузаронида шуд.Дар арафаи ба чашнгирии 70 солагии Ғалаба бар Германияи фашистӣ дар муассиса ҳамарӯза дар сафороиҳои пагоҳирӯзӣ қироати шеър ва порчаҳо аз ашъори шоирону нависандагон гузаронида, дар 103 синф соатҳои тарбиявӣ бо иштироки меҳтарони чангу меҳнат гузашта истодааст.Хонандагони муассиса 4 нафар ветерани Чанги Бузурги Ватанӣ дар хонаашон хабар гирифта, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ёрии моддӣ ба маблағи 2400 сомонӣ расонидаанд.
Ҳамчунин, шогирдони муассиса ҳамасола дар олимпиадаҳои фаннии вилоятӣ иштирок намуда, аз фанҳои забон ва адабиёти точик, забон ва адабиёти ӯзбек, забони давлатӣ, забони русӣ, забони англисӣ, математика, химия, таърих, технологияи информатсионӣ, биология ва ҳуқуқ фаъолона иштирок менамоянд.
Барои зимистонгузаронии фасли 2014-2015 мактаб чораҳои заруриро андешида, дар асоси фармоиши шӯъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа фармоиш оид ба таъсиси ситоди зимистонгузаронӣ таъсис дод. Ситоди мазкур корҳои назаррасро ба сомон расонидааст:
Дар 62 синфхонаи мактаб 62 адад печҳои ангиштӣ ва ва 62 адад печҳои барқӣ гузошта шуда, барои зимистонгузаронӣ 15 тонна ангишт, 30м3 хезум, 128 литри маводи сӯзишворӣ (бензин ва солярка барои генереторҳои барқӣ) тайёр кардааст. Мактаб барои фасли зимистони 2013 – 2014 100% шишабандӣ карда шудааст, тамоми ноқилҳои барқӣ ва фурузонакҳо коршояманд. Ошхонаи мактаб ба таври мунтазам фаъолият карда истодааст.
Ҳолати санитарию-эпидемиологии мактаб ба талабот чавобгӯ буда, ба ҳолати 20 апрели соли 2015 барои безараргардонии чойҳои аҳлотпартоӣ ва хочатхонаҳои мактаб 50 кг хлор захира карда шудааст.

Масъалаи бо хати алоҳидаи барқӣ таъмин кардани мактаб барои гузаронидани дарсҳои технологияи информатсионӣ дар фасли зимистони 2015–2016 дар ҳолати ҳалшавӣ мебошад.

Директори
муассисаи таълимӣ: Б. Исоева




 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню