Мизи мудаввар бахшида ба 5 - солагии рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Мизи мудаввар бахшида ба 5 - солагии рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

Дар санаи 29 ноябри соли 2016 аз тарафи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахри Қӯрғонтеппа бо иштироки котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахри Қӯрғонтеппа Шодиев Д. сармутахассиси шӯъбаи маорифи шахр Рачабов С. сармутахассиси бахши чавонон варзиш ва сайёхии шахри Қӯрғонтеппа Маҳмуродов Х. дар толори телевизиони вилояти Хатлон мизи мудаввар бахшида ба 5 - солагии рафти ичрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гузаронида шуд. Дар мизи мудаввар, ки озод сурат гирифт, иштирокчиёни он тавонистанд оид ба рафт ва натичахои ичрои Қонуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханрони намуда, хамзамон оиди таъмини минбъдаи рафти ичроиши қонуни дарчгардида фикру мулохизахои худро баён намоянд.
Котиби Комиссия оид ба хуқуқи кӯдак: Д. Шодиев

3.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню