Таҳсилоти миёнаи умумии №7 - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Таҳсилоти миёнаи умумии №7

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ба номи Нурулло Шарифови ш. Қӯрғонтеппа
         Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ба номи Нурулло Шарифови ш. Қӯрғонтеппа аз рӯи масълаҳои зерин:
- «Дар бораи кансепсияҳо»
- « Кор бо ноболиғон»
- «Маҳфилҳо»
- «Рушди забон»
- «Масълулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»
- «Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ»
- «Танзим анана ва ҷашну  маросимҳо»,корҳои зайлро ба сомон расонидаанд:
-         Консепсияи миллии таҳсилот бо назардошти ҳокимияти халқи Ҷумҳурӣ дар робита бо стандартҳои байналхалқии маълумот, таъғироти сиёсӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ, ахлоқӣ ва маънавии давраи гузариш бо иқтисодиёти бозори таҳия гардида, самтҳо ва муҳтавои асосии дурнамои ислоҳоти соҳаи маорифро муайян менамояд.
-          Асоси кансепсияи миллиии таҳсилот аз талаботи Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, ғояҳои таърихӣ, арзишҳои миллию умумибашарӣ, инсону инсонгароӣ, маънавиёт,ҳуқуқ ва озодиҳои шахс, ташакули тафаккури миллӣ, зарурати таҷдиди мазмуну маълумот дар муассисаҳои таълимиро ташкил медиҳад.
-         Оди кор бо ноболиғон як қатор корҳо ва чорабиниҳо ташкил намуда гузаронида шуд. Дар  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 оид кор  бо ноболиғон ситоди махсус ташкил намуда шудааст. роҳбари ситоди кор бо ноболиғон рӯйхати ноболиғоне, ки даст ба корҳои ношоям мезананд, ташкил додааст. Ҳар ҳафта як маротиба бо инхонандагон сӯҳбат гузаронида мешавад. ноболиғоне, ки аз таҳсил дур мондаанд ба дарсҳо ҷалб карда шуда онҳо ба маҳфилҳои фаннӣ ҷалб карда шудааст.
-         Оиди маҳфилҳо  маълумот пешниҳод менамоем, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-аз аввали соли хониши2015-2016 маҳфилҳои зерин; «Дастони моҳир», «Забоншинос»,«Варзишгар» ,«Ватандӯст», «Табиатдӯстони ҷавон», «Химикони наврас», «Русский язык»,« Кишваршинос», «Таърихчиёни ҷавон», ва дигаон ташкил карда шудааст.Ҳар як маҳфил роҳбари худро дорад роҳбарони маҳфилҳо аз рӯи нақшаи солона кор ва фаъолият менамоянд. ҳар як маҳфил 10-15 нафар аъзо доранд, ки хонандагони синфҳои гуногунро дар бар мегирад. маҳфилҳо бисёр шавқоварудилписанд гузаронида мешавад.
-         Оди рушди забон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Қӯреппа корҳои зайл ба сомон расонида шудааст.
-         Бо роҳбарии омӯзгорони  фанҳои забон ва адабиёт ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳои муассиса бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Гӯшаи забони модарӣ ташкил карда шудааст Иқтибосҳо ва овозаҳо дар бораи қонуни забони тоҷикӣ ташкил карда шуда дар деворҳои муассиса овеза карда шудааст. Дар муассиса таълим ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Рушди забони тоҷик дар муассиса ривоҷ меёбад.
-         Оди масъалаи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Қӯрғонтеппа тадбирҳои зиёде ба итмом расонида шуд. дар муассиса дар давоми як моҳ мувофиқи нақшаи кории  ҷонишини директор оид ба тарбиявӣ ду маротиба ҷамъомад ташкил карда мешавад. дар ҷамъомад масъалаи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муҳокима карда шуда ба падару модарон фаҳмонда мешавад. натиҷаи ин корҳост, ки вазифаҳои падару модарон худро ба худро ба хуби дарк намудаанд. масъулияти падару модариро ҳис менамоянд. алоқаи падару модарон ба муассиса арзи вуҷуд дорад.
-         Оид масъалаи шӯрои ҳаракати миллӣ дар муассисаи номбурда ба таври зайл ба роҳ монда шудааст. хонандагонро дар бораи дар Ҷумҳурии соҳибистиқлол ташкил кардани ҳаракати ваҳдати миллӣ маълумот дода мешавад.
-         дар бораи ба имзо расидани қонун дар бораи ваҳдати миллӣ 27-июни соли 1997 маълумот дода мешавад.
-         Ҳар сол рӯзи 27-июн ҳамчун рӯзи ваҳдати миллӣ қайд карда мешавад.
-         Оиди масъалаи  танзим анана ва ҷашну маросимҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Қӯрғонтеппа корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст. Махсусан  дар байни хонандагони синфҳои болоӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ҷашну маросимҳо суҳбат гузаронида мешавад. Дар  бораи камхарҷ  бо сифат гузаронидани ҷашну маросимҳо  маълумот дода мешавад. Зарурате пеш омад, ки Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар бораи камхарҷу  босифат гузаронидани ҷашну маросимҳо қонун қабул намояд. Қабул намудани қонун дар бораи «Анана ва ҷашну маросимҳо» дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурӣ корест мувофиқи матлаби замон.
 
Роҳбари муассиса:                                М. Абдулов

 
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню