Ободониҳо дар маҳаллаи Ҷ. Руми-1 - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Ободониҳо дар маҳаллаи Ҷ. Руми-1

Таҳти роҳбарии Раиси кумитаи маҳаллаи Ҷ. Руми-1 С. Назаров ва дастгирии молиявии як қатор соҳибкорони саховатпешаи ин маҳалла дар давоми соли ҷори 750 метр роҳи асосии маҳалла аз таъмири  асоси бароварда шуда, асфалтпӯш  ва 500 метр роҳи дигар барои асфалтпӯш намудан омода карда шуд. Деворҳои паҳлӯи роҳ аз нав карда шуда, тарҳи замонавиро аз худ намуданд. Дар замини масчиди панчвақтаи маҳҳалла бунёди бунгоҳи тибби замонави бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳр Амирулло Асадулло оғоз гардида, айни ҳол сохтмони он идома дорад. Дигар мушкилии асосии кучаи навтаъсиси маҳалларо нарасидани хати барқ ташкил медод, ки имрӯзҳо бо дастгирии соҳибкорони маҳалла таҳти роҳбарии раиси кумита ҳалли худро ёфта истодаааст.  Иқдомҳои начиби созандагиву бунёдкории Раиси кумитаи маҳаллаи Ҷ Руми-1 С. Назаров сазовори дастгири буда, дигар раисони маҳаллаҳои шаҳр метавонанд ба он пайрави намоянд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

30.10.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню