Тарбия – пешрафти таълим. - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Тарбия – пешрафти таълим.

Тарбия – пешрафти таълим.
Дар ҳар давру замон сатҳу сифати маърифатнокии чомеа қудрату тавонмандии давлатро муайян месозад. Ҳамчунон ки зимин ба гармии офтоб эҳтиёт дорад. Инсон низ ба тарбияи хуб ниёз дорад.
Шоири ширинкаломи форсу тоҷик, устод Саъдии Шерозӣ таъкид менамояд, ки қадру қимати инсон дар илму ҳунари ӯст, на дар аслу насаб, вале илму ҳунар бидуни тарбия ҳосил намешавад ин нуқтаро шоир дар асарҳои ахлоқии хуб – «Бустон» ва «Гулистон» хеле хуб тайр намудааст. Саъдӣ дар бобҳои «Дар олами тарбият» ва «Дар таъсири тарбият» таъкид менамояд, ки инсон гавҳари қобилест, ки дар натичаи таълиму тарбия комил мегардад. Ӯ инсони бетарбиятро ба ҳайвон монанд мекунад, вале фарқ дар он аст, ки инсон ба тарбия комил гашта метавонад. Аз ин рӯ, бояд ба тарбия ва ахлоқи насли наврас таваччуҳи бештаре зоҳир кард.
Аз рӯи ақидаи сотсиологи кӯдак 60 фоизи тарбияро аз муҳити оила, 15 фоизашро аз муассисаҳои таълимӣ, боқимондаашро тавассути муҳити атроф (чомеа) ва аз дигар шабакаҳои хабаррасон мегирад. Бубинед, ки оила дар тарбияи кӯдак мақоми хосаро дорост.
Таълиму тарбия бо ҳам робитаи хеле зичдорад ва дар муҳите, ки сатҳи тарбия паст бошад, таълим додан ҳам барои омӯзгор хеле мушкил мегардад.
Бояд қайд намоям, ки омили асосии паст шудани ахлоқи чавононро мо дар истифодаи нодурусти тачҳизоти техникӣ мебинем. Аксарияти чавонони мо аз фарҳанги истифодабарии техникаи ҳозиразамон бехабаранд. Бояд онҳо меъёр ва фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилӣ, компютер ва интернетро донанд. Шоҳиди бисёр ҳодисаҳое гаштем, ки онҳо аз ҳамин сар задаанд. Донистани техникаи навин барои наврасон хуб аст ва мутобиқи тақозои замон, вале он меъёр дошта бошад.
Ҳолатҳое буданд, ки хонандагон аз дасҳо гурехта, ба марказҳои компютерӣ мераванд ва ба сайти бозиҳои «Линеч» даромада, бозиҳое аз қабили қатлу куштор, тарзу усули истифодаи силоҳҳои оташфишонро тамошо мекарданд ва ин ба шуури кӯдак таъсири манфии худро мерасонад. Онҳо аз ин бозиҳои холҳои муайян гирифта, ба якдигар мефурӯшанд ва дар баъзе мавридҳо ин масъала ба занозанӣ дар байни онҳо ҳал мегардад. Магар инро маърифати техника ҳисобидан мумкин аст?
Чун мо дар замони иқтисоди бозорӣ қарор дорем, қисми зиёди рисқу рӯзии худро аз бозор пайдо мекунанд, вале боиси таассуф аст, ки ба ин кор наврасон низ майли зиёд доранд. Вақте ки кудак ба савдо машғул мешаваду пули андакеро дар чайби худ мебинанд, худро баробари калонсолон ҳисоб намуда, ба ҳар кор қодир будани худро нишон доданӣ мешавад. Ин ҳам омили дигаре ҳаст, ки ахлоқи наврасонро дар чамъият коста мегардонад, чунки дар бозор одамони синну соли гуногун фаъолият менамоянд ва кӯдакон мехоҳанд, ки ба онҳо дар одобу рафтору гуфтор монанд шаванд ва баъзан дар ҳамин ҳолат ба ҳар гунна корҳо ношоиста даст мезанад.
Масъулияти омӯзгорон дар таълиму тарбия бештар аст, вале тарбияи фарзанди солеҳ, инсондӯст, раҳмдил, поквичдон ва ватандуст пеш аз ҳама аз муҳити оила оғоз меёбад. Беҳуда нест, ки бо ташабуси Президенти кишвар соли 2015-соли оила эълон гардидааст.
Мутаассифона, ҳоло ҳам идае аз падару модар таълиму тарбияи фарзандро танҳо вазифаи муассисаҳои таълимӣ медонанд. Онҳо фаромӯш карданд, ки кӯдак дар мактаб шаш соат таълиму тарбия мегирад, ҳаждаҳ соати дигар дар ихтиёри волидайнанд. Онҳо танҳо таъмини чиҳати модии фарзандонро ба ҳисоб мегиранду халос ва ин албатта аз фориғболии падару модар дарак медиҳад. Барои беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия бояд робитаи падару модар бо мактаб мустаҳкам гардад.
Ман, чун омӯзгор барои пешрафти ин масъалаи муҳим хоҳиш менамоям, ки барои падару модарон дастури махсусе таҳия гардад ва он ба оилаҳои ҷавон кӯмаки хубе хоҳад шуд.
(Таҳияи Мирзо Сулаймон.)  

 
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню