Эмомалӣ Раҳмон соли 2016-ро бобарор номид - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Эмомалӣ Раҳмон соли 2016-ро бобарор номид

Президент таъкид намуд, ки соли 2016 барои мардуми тоҷик соли таърихӣ ва бобарор ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст мешавад.
Субҳи имрӯз таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор оғоз намуд, ки дар он нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2016 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2017 муайян карда мешаванд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон кори маҷлисро оғоз бахшида таъкид намуд, ки соли 2016 барои мардуми тоҷик соли таърихӣ ва бобарор ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст мешавад.
Нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар ҳисоботи худ таъкид дошт, ки бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин карда шуданд.
Ӯ қайд кард, ки Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 54 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он ба 6,9 фоиз баробар гардида сарфи назар аз коҳишёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ, нархҳо дар бозори истеъмолӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуданд ва сатҳи таваррум 6 фоизро ташкил дод.
Зикр гардид, ки нақшаи ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ – 95 фоиз таъмин ва ба он 16,8 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 907 млн. сомонӣ (беш аз 115 млн. доллари ИМА) кам мебошад.
Дар даври ҳисоботӣ нақшаи воридоти андозҳо аз ҷониби мақомоти андоз - 98,2 фоиз ва Хадамоти гумрук 90,1 фоиз таъмин гардида, соли 2016-ум 52 фоизи хароҷоти буҷет, яъне 8,1 миллиард сомонӣ ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардид.
Гуфта мешавад, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва таҳлилу ҷамъбасти воқеии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2016, ба Сарвазири мамлакат, муовини якум ва муовинони Сарвазир дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Муаллиф: Asia-Plus

23.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню