Вохӯрӣ дар МТМУ-и №9 - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Вохӯрӣ дар МТМУ-и №9

Рӯзи 30 марти соли 2017 гурӯҳи таблиғотии МИМҲД шаҳри Қӯрғонтеппа бо роҳбарии роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Азимзода Н. дар муассисаи таълимии №9 дар мавзӯи «Ҷалби наврасон,ноболиғон ва ҷавонон дар содир намудани кирдорҳои зидди ҷамъиятӣ» бо хонандагону омӯзгорни ин муассиса вохӯрӣ баргузор гардид.Ҷаласаро мудири бахши ҷавонон Исматуллозода Ҷ. ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 шодбош гуфт ва онҳоро ба фаъол  будан чун Дилшод Назаров бо нангу номус ва  парчамбардори миллат буданро  ҳидоят намуд. Аъзои гурӯхи таблиғотӣ Усмон Нуров чанд мисоле аз ҳаёти пайғамбарону бузургони дини мубини Ислом ёдовар шуда,ба илмомӯзӣ  ва дигар корҳои хайре,ки ба ҷомеа манфиатовар аст ҷавононро ҳидоят намуд. Шодиев Д. котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди МИМҲД шаҳри ӯрғонтеппа ба сухан баромада дар бораи рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаҳояшро баён карда, иброз намуданд, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ пешниҳод шудааст дар муассисаҳои таълимӣ омӯзиши қонуни зикргардида ба роҳ монда шавад. Азимзода Н.Б. ҷаласаро ҷамъбаст намуда, бо хонандагон аз фанҳои гуногун саволу ҷавоб намуданд, ки хонандагон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Котиби матбуотии 
раиси шаҳри Қурғонтеппа:             Каримов А.
31.03.2017


 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню