Бахшида ба 22- солагии таъсисёбии ҲХДТ - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Бахшида ба 22- солагии таъсисёбии ҲХДТ

Табрикоти раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Амирулло Асадулло бахшида ба 22- солагии  таъсисёбии  ҲХДТ
                                   
Ҳ Х Д Т – НЕРӮИ  ТАВОНОИ  СИЁСӢ.
«Ҳар  яки  мо  вазифадорем, ки тамоми  азму  ирода  ва неруву  имкониятҳои  худро  барои  хизмат  ба  халқу  Ватани  маҳбубамон  ва  минбаъд   низ   сазовор   будан   ба  эътимоди   мардуми   кишвар  сафарбар  намоем»
                                                           ЭМОМАЛӢ  РАҲМОН
Мо  айни  ҳол  дар  марҳиллае   қарор  дорем,  ки  имсол  аъзоён  ва ҷонибдорони    ҲХДТ,   умуман  мардуми  сарбаланди   кишварамон  бо рӯҳбаландиву  ифтихори  миллӣ  22- умин  солгарди  таъсисёбии  Ҳизби  Халқии  Демократии   Тоҷикистонро   ҷашн  мегиранд.  Ин воқеият аз мо, ҳамчун  аъзои  ҳизбе, ки  Сарварии  онро  Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Раиси  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ӯҳда  доранд,  тақозо  менамояд, ки ба ҳадафҳои  олии  ҲХДТ  бирасем.
Ҳизби мо зери  сарварии  Пешвои  муаззами   тоҷикон  дар  тӯли  солҳои  фаъолияташ  рисолату  манзалати  худро бо сарбаландӣ  иҷро намуда, ҳамчун  ҳизби  бонуфузтарин  дар  ҷомеа  мавқеи  устуворро  соҳибӣ дорад.
Расидан  ба  қадри  соҳибихтиёриву   давлатдории  мустақилона,  таҳкими  сулҳу  ваҳдат, эҳсоси  ватандориву  ватанпарастӣ,  ҳушёрии  сиёсиву маънавӣ,  пос доштану  арҷ  гузоштан  ба  арзишҳои  миллӣ  ва   рамзҳои  давлатӣ  моро ба сӯи  бунёди  ҷомеаи  воқеан  шаҳрвандӣ, пешрафту устувории  иқтисодиву   иҷтимоӣ  ва  татбиқи  нақшаву  ҳадафҳои  стратегӣ мебаранд. 
Моро  лозим  аст, ки  дар  рафти  вохӯриҳо  бо  табақаҳои  гуногуни  ҷомеа  сиёсати  давлату  ҳукумати  мамлакатро  дар  ҳама  самтҳо  шарҳу  тавзеҳ  дода  тавонем.  Аз ҳамин хотир   мо бояд  тамоми чораҳоро  андешем  то ин ки  аъзоёну  ҷонибдорон  дар  ҷашнҳои   дигари  дар  пешистода  фаъолона  ширкат   варзанд  ва  дар  тақвият  додани  ҳуввияти   миллӣ,  хештаншиносӣ   ва   дар   вусъат   додани   корҳои   созандагиву  бунёдкорӣ   саҳми   арзанда   гузоранд. Дар ҳаёти сиёсии кишвар нақши ҲХДТ  чун ҳизби созандаву пешбарандаи ҷомеа  хеле  назаррас аст.    Бесабаб нест, ки шумораи аъзоёну пайравони он дар ҷомеа  босуръат меафзояд. Дар  натиҷаи  фаъолияти мақсаднок  ва бонизоми Кумитаи  иҷроияи  шаҳр ва  ташкилотҳои  ибтидоии  ҲХДТ сафи  ҷонибдорони  ҲХДТ  дар  шаҳри Қӯрғонтеппа  рӯз аз рӯз афзуда,  шумораи аъзоёни  ҳизб  дар маҷмӯъ  ба 14613  нафар  расидааст.  Аз  инҳо  занон   6653  нафар  ва   9201  нафарашонро   ҷавонон ташкил медиҳанд.
Аъзоёни  ҲХДТ  бояд  дар  ҳамаи  корҳои   ободониву  созандагӣ пешсаф,  ташаббускор  ва  намунаи  ибрат  бошанд. Чунки  мақсади асосии  ҲХДТ хизмат  ба  Ватан  аст.
Яке  аз  вазифаҳои  асосие,  ки  имрӯз  мо  пеши  худ  қарор  додем,  зери ғояҳои  созандаи  ҲХДТ муттаҳид  намудани   шахсони  бомаърифат, ободкор, соҳибтаҷриба, ташкилотчӣ  ва умуман дар атрофи  ҲХДТ  ҷамъ кардани он нафароне мебошад, ки то тавонанд  дар баробари худ  ҷомеаро  барои  созандагиву  бунёдкорӣ  сафарбар  намоянд.  Тайи  солҳои  охир маърифати  сиёсии  ҷавонон дар мамлакат дар муқоиса ба солҳои қаблӣ баланд шуда  истодааст. Муҳимтарин омилҳое, ки  мавқеи  сиёсии   ҷавононро дар  ҷомеаи  имрӯзаи  Тоҷикистон  собит ва муқаррар  мекунад, иштирок  ва  саҳмгузорӣ дар  маъракаҳои  сиёсӣ  аст. Имрӯз дар тамоми зинаҳои  сохторҳои  ҲХДТ  комиссияҳои кор бо занон ва ҷавонон  фаъоланд,  ки баҳри  ҳаллу фасли мушкилоти занон ба мусоидат ва  баррасии  саривақтии  онҳо  сафарбар гардидаанд.  Комиссияҳои мазкур то ин дам дар самти беҳдошти рӯзгори  занон ва ҷавонон корҳои мушаххаси назарриро  анҷом  дода  истодаанд.  
Мо аъзоёни ҲХДТ бо  дарки масъулият  ва  андешаи  ободии  Ватан  иброз  менамоем, ки  бояд дар амалӣ  гардидани  мақсаду  маром  ва  ҳадафҳои  ватандӯстонаи  Раиси ҲХДТ,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон тамоми  нерӯи  ақлонӣ  ва  ҷисмонии  худро  дареғ  надорем.
Итминон  дорам,  ки  дар соли  таҷлили 22- солагии  таъсисёбии  ҲХДТ аъзоёни  ҳизб  садоқатмандии  худро  нисбат  ба ин  ҳизби  пурнуфузи мамлакат  нишон  хоҳанд  дод.
Ба мардуми  шарафманди  Тоҷикистон  22- солагии  таъсисёбии  Ҳизби Халқии   Демократии  Тоҷикистонро  муборакбод  гуфта,  бо умеди  фардои  дурахшон, сарсабзии  Ватан  ва  сарбаландии  мардуми  кишвар  бурдборӣ  ва  азму  иродаи  қавӣ  орзу  намуда,  ба ҳамаи Шумо  хонаободиву   сулҳу  осоиштагӣ  ва  амнияти  кишварро  таманно дорам.

Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа:                                 Амирулло Асадулло

8.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню