Таҷлили 16 Ноябр Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Таҷлили 16 Ноябр Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа тахти роҳбарии Раиси шаҳр мӯҳтарам - Амирулло Асадулло дар боғи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Р. Мурчаев 16 Ноябр Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расми ва бо як ҳиси ватандустиву худогоҳи дар сатҳи баланди сиёси таҷлил карда шуд. Пеш аз оғози намоиш меҳмонон ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз намоишгоҳи асарҳо, аксҳо ва расмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Дар намоишгоҳ асарҳои пурарзиши Пешвои миллат ва аксҳои давраҳои хассоси идоракунии давлат аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли ба намоишгоҳ гузошта шуда буд. Чорабиниро бо сухани ифтитои табрики аз номи Раиси вилоят, муовини Раиси вилоят – К. Ҳакимзода оғоз намуда, ҳамчунин зимни суханрониаш бори дигар аз роҳҳои пурмашакати тайнамудаи истиқлолияи милли ва ризоияти милли тахти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам - Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд. Сипас барномаи консертии омодданамуди бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба намоиш гузошта шуд. Минбаъд низ хҳамасола ин санаи бузург ба хотири тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худогоҳиву ватандӯсти дар саросари ҷумҳурии соҳибистиқлоламон сазовор ҷашн гирифта мешавад.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

16.11.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню