Паёми... - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Паёми...

Паёми табрики раиси шаҳр Амирулло Асадулло ба муносибати «Рӯзи забон»
Ҳамдиёрони азиз!
      Ба шарофати соҳибистиқлоли ва сиёсати фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳити созгоре барои рушди фарҳанги милли ва эҳёи суннатҳои мардуми ба вуҷуд омад.
Дар ин замина ҳисси ватандӯстии шаҳрвандони кишвар бедор шуда, Раванд шинохти хеш ва арҷгузори ба муқаддасоти милли ба зинаи сифатан нав баромад.
Зеро Сарвари давлат дар мулоқотхояшон бо зиёиёни мамлакат ва Паёми анъанавии ҳарсолаашон ба инкишофи фарҳанг эътибори махсус дода, нақши забони тоҷикиро дар ривоҷи фарҳанги милли махсус таъкид менамоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид андешаи ҷолиби таваҷҷуҳ ва таҳрикдихандаи худшиносиро хеле олимона зикр кардаанд. «Забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати милли ва нахустунсури тафаккури милли мебошад». Ин ҳидояти Пешвои миллат дар бунёди давлати милли ва густаришу ривоҷи андешаи милли нақши калиди дорад. Дар ин асос ва муҳити созгори соҳибистиқлоли ташаббус ва дастгирии роҳбарияти олии кишвар соли 2009-ум Қонуни забон бознигари гардида, дар якҷояги бо халқ дар таҳияи нав қабул шуд. Дар он манфиатҳои милливу давлати ҳимоя шуданд ва фаъолияту корбурди забонҳои дигар низ дар қаламрави Тоҷикистон қонунан ва мутобиқ ба меъёрхои байналмиллали муайян гардидаанд.
Қабули Қонун «Дар бораи забони давлати» гувоҳи он аст, ки демократия пай дар ҷомеаи мо густариш ёфта, тибқи талаботи Конститутсия манфиатҳои кулли бошандагони Тоҷикистон таҳти ҳимоя қарор доранд.
Тибқи талаботи Қонун «Дар бораи забони давлати» як силсила барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳо тархрези гардида, марҳила ба марҳила мавриди амал қарор доранд.
Ба ин маъни месозад зикр намоем, ки дар маркази вилоят – шаҳри Қӯрғонтеппа комиссияи татбиқи қонуни забони назди мақомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахр амал мекунад. Узви комиссия дар асоси нақша фаъолият намуда, рафти татбиқи қонуни забонро месанчанд ва ба мақомоти иҷроия ахборот пешниҳод мекунанд. Конференсияву мулоқотхои судманд доир карда, оид ба имло, сифати шиору овезаҳо, номгузори ва ғайра ба кормандони масъули ташкилоту муассисаҳо маслихату тавсияҳо медиҳанд.
Дар ин самт корҳои назаррас бисёранд, аммо татбиқи қонуни забон тақозо менамоян ки хар як сокини Қӯрғонтеппа дар ин кор худро масъул эхсос карда, аз оила то мактабу чомеа ба забономӯзию забондонии шахрвандон диққат дода шавад.
Итминон ва боварии комил дорам ки сокинони маркази вилоят он гуна ки дар соли 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон захмат кашида, ба ифтихори ташрифи Пешвои миллат созандагию ободониро вусъат бахшиданд ва ин маъракаи муҳимро бо сари баланд гузарониданд, дар амали гардидани талаботи Қонуни забон низ хурду бузург ташаббускори нишон медиҳанд, дар миқёси вилоят пешоҳангиро аз даст намедиҳанд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, кулли истиқоматкунандагони Қӯрғонтеппа ва шахрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо иди забон табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар роҳи пиёда сохтани ормолҳои милли комёби орзу мекунам.
Рӯзи забон муборак! 
Ҳамдиёрони азиз!

7.10.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню