Дар 1 моҳ 15 адрасбоф омода мешавад - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Дар 1 моҳ 15 адрасбоф омода мешавад

Имрӯзхо  нахустин гурӯҳи занону бонувон, ки қаблан ба омӯзиши ҳунари адрасу атласбофӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷалб гардида буданд, ин касбро алакай ба дигарон меомӯзонанд. Занону бонувони пурра ва бекамукост аз худ намудаи  ҳунари адрасбофӣ (Лоиҳаи «Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон», ки иҷрокунандаи он Асотсиатсияи милли занҳои соҳибкори Тоҷикистон мебошад,  курси омӯзишии онхоро ба роҳ монда буд) имрӯзхо имконияти мусақмлона фаъолият намуданро доро гаштаанд.
Дар давоми омӯзиш  занони ҳунаромӯз аз нузукиҳои ин касб бархурдор шуда, аз коркарди ашёи хом тоба истеҳсолот баровардани матои адрас таҷриба пайдо намуданд. Дар ин кор тренерони касбии адрасбоф, ки аз вилояти Суғд мебошанд, саҳми бориз дошта, ин ҳунари ниҳоят заҳматталабро ба занони хатлонӣ омӯзониданд.
Ин аст, ки иштирокчиёни омӯзиши мазкур, алакай мустақилона ва озод ба ин кор даст зада, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардида истодаанд.
Чанд тан аз онҳо, тасмим доранд, дар ояндаи наздик якҷоя коргоҳи худро бунёд намуда, бо истифода аз ҳунари волои дастии худ тиҷорат кунанд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр: Қ. БОБОХОНОВ

3.12.2016
Мушовири ТИ:
Муродова Сановбар
 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню