Паём роҳнамо

Тули як ҳафта мешавад, ки гуруҳи корӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа бо табақаҳои гуногуни шаҳри Қӯрғонтеппа вохуриҳои фаҳмондадиҳӣ-иттилоотӣ доир карда истодаанд.

    Ин навбат вохурӣ дар толори маҷлисии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки мушовири Президенти Чумхурии Точикистон оид ба амнияти миллӣ Содиқ Шохназаров, раиси шаҳр Исмоилзода Абдуалим, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пракратура ва суд, инчунин ректори ДДҚ ба номи Носири Хусрав Шодиён Муҳаммад бо кормандони соҳаи камуналӣ, иқтисод, саноат ва нақлиёт, савдо баргузор гардид. Нахуст раиси Қӯрғонтеппашаҳр Абдуалим Исмоилзода баромад намуда, намояндагони гуруҳи кориро ба маркази вилояти Хатлон хайрамақдам хонд. Қайд дошт, ки пас аз ироа гардидани Паёми сарнавиштсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарафманди кишвар сокинони меҳнатқарини Қӯрғонтеппа онро ҳамчун раҳнамои худ дар кору фаъолият истифода мекунанд. Барои боз ҳам фаҳмотар ва хубтар шарҳ додани Паём ба сокинон маводҳои тақсимотӣ, нашр дар рӯзномаҳо ба сокинон дастрас гардидааст. Ҳамзамон мувофиқи нақша корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ба роҳ монда шудааст.

    Илова гардид, ки дар ҳақиқат Паёми Пешвои миллат саропо омӯхтанист ва мазмуни баландро дар бар дошта, ҳидоятсозанда ба роҳи ростист. Хурду бузурги мамлакатро зарур аст, ки дар зиндагии ҳаррӯза ва кору фаъолияти хеш аз Паём бо хуби истифода намоянд. Мардуми шарафманди шаҳри Қӯрғонтеппа аз Паёми мазкур руҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри ободониву кабудизоркунии гушаву канори шахр камари ҳиммат бастаанд. Ин аст, ки рӯз то рӯз Қӯрғонтеппашаҳр ободтару зеботар мегардад.

    Сипас мушовири Президенти ҶТ оид ба амнияти миллӣ Содиқ Шоҳназаров баромад намуда, тамоми паҳлуҳои Паёмро шарҳи васеъ намуд. Гуфт, ки Паёми имсоларо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат аз нигарони ба таҳдидҳои хатарзои ҷаҳони муосир огоз карда, бобати тероризм ва гумроҳкунии ҷавонон, истифодаи номи ислом аз ҷониби аъзоёни гуруҳҳои экстреристӣ истодагарӣ намуд. Шоҳназаров 15 фисад зиёд гардидани маоши кормандони соҳаи буҷҷет ва стипендияву нафақа, соли 2018 эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таваҷҷуҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар паҳлуҳои Паёмро шарҳи васеъ намуд.

     SAM_7755.JPGШодиён Муҳаммад – ректори ДДҚ ба номи Носири Хусрав зимни баромад назари худро бобати пешниҳоди ҳамасолаи Паём, таъсири баланди пешниҳоди идеяҳои нав ва эълон гардидани соли 2016 «Соли оила», соли 2016  «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ», соли 2017 «Соли ҷавонон» ва соли 2028  «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», инчунин тағирёбии фаҳмиши мардум бо шунидани Паём ва раҳнамои ҳақиқи будани он ба ҳамаи қишрҳои ҷомеаи кишвар баён дошт.

    Сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа  хусуси таваҷҷуҳи роҳбари давлат дар ироаи Паём ба ҷинояту ҷинояткорӣ, фаъолияти гуруҳҳои терористиву экстреристӣ ва таъсири бади онҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ табодули афкор кард.

    SAM_7764.JPGИштирокдорон низ дар бораи омӯзиши Паём, истифода дар ҳаёти ҳаррӯза аз Паём андешаронӣ карда, барои шароитҳои муҳаёгардида, дастгириҳои пайваста ва ҳидоятсози ба роҳи дурусти зиндагӣ изҳори ташаккур намуданд.

     Вохурии иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ ва омӯзишии гуруҳи кории мазкур дар шаҳри Қӯрғонтеппа идома дорад.         

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Қӯрғонтеппа

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.