ХАБАР АЗ ХОРИҶИ МАМЛАКАТ:

Дар музофоти Нангарҳори Афғонистон бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин 17 нафар ҷангиёни гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» (ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) нобуд карда шуданд. Дар ин бора шабакаи телевизиони «Тулӯъ Нюс» бо истинод ба полиси маҳаллӣ гузориш медиҳад.

Бино ба иттилои полис, ҳамчунин зимни амалиёте, ки дар ноҳияҳои Ачин ва Хаска-Мина гузаронида шуд, паноҳгоҳҳо ва силоҳҳои ҷангиён хароб карда шуданд.

«Дар баробари ин, 14 нафар террорист дар ноҳияи Ачин ва се нафари дигар дар ноҳияи Хаска-Мина кушта шуданд», — омадааст дар изҳороти полиси музофоти Нангарҳор.

15.01.2018 /АМИТ «Ховар»/.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Қӯрғонтеппа

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.