“ҚӮРҒОНТЕППАРО ЗЕБОТАР МЕКУНЕМ”

Дар даврони соҳибистиқлолӣ рӯз то рӯз дар гӯшаву канори мамлакат пешрафту шукуфои ва ободонӣ ба чашм мерасад. Қӯрғонтеппа, ки маркази яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ Хатлони бостон мебошад, сол то сол ободтару зеботар ва диданитар мегардад. Нисбат ба 10 сол қабл ин шаҳри чароғону гулгулшукуфон зеботар ба чашм мерасад. Чун баргузории Наврӯзи байналмилалии имсола дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба нақша гирифта шудааст. Аз ин лиҳоз Қарори раиси шаҳр Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз бобати омодагӣ, тоззаву озода намудани кӯчаву хиёбонҳо, шинонидани гулу гулбутаҳо ва тезонидани сохтумони иншоотҳои ҷашни ба тасвиб расидааст.

Дар шаффати майдони Исмоили Сомонӣ , ки дар хиёбони Ваҳдат ҷойгир мебошад, майдони Парчами миллӣ бо қомат афрохтани парчами баландиаш 65 метр, дарозӣ ва паҳмии парчам 7 бар 14 аст.

m parcham2.jpgМувофиқ ба маълумоти шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа сохтмон ва сафолакчинӣ, гулу гулкорӣ намудани майдони Парчами миллӣ аз моҳи декабри соли 2017 оғоз гардида, он дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба истифода дода мешавад.

  Фармоишгар Идораи сохтмони асосии шаҳри Қӯрғонтеппа буда, пудратчии сохтмон ҶДММ  “Нигора МФМ” мебошад.

Майдони Парчами миллӣ гулу гулкорӣ, сафолакпуш, фавораҳои замонавӣ, нишастгоҳҳои мувофиқ ва чароғон гардида, ба яке аз ҷойҳои истироҳатӣ-фароғатии сокинони Қӯрғонтеппашаҳр табдил меёбад.

Ёдовар мегардем, ки якчанд майдон ва ҷойҳои истироҳатӣ барои сайру гашт ва истироҳати сокинони шаҳр  мавҷуд аст. Дар такя ба маълумоти шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳр  метавон гуфт, ки бо амалишавии нақшаҳои пешакӣ Қӯрғонтеппа ба яке аз зеботарин, диданитарин ва шаҳри сайёҳии кишвар табдил меёбад. 

m parcham3.JPGm parcham4.JPG

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Қӯрғонтеппа

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.