ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН: Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим

Ёдовар мегардем, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе аз тарафи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим қабули шаҳрвандон гузаронида мешавад.

    Ин навбат дар қабули шаҳрвандон 5 нафар сокинони шаҳр арзу шикоят ва мурочиатҳои худро ба раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим расониданд.

    Шаҳрвандон Мичгона Ҳусейнова, Муаззама Раҳмонова сокини маҳалаи Ч.Румӣ №6, Ёдгор Амиров  омӯзгори чавони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 - истиқоматкунандаи маҳаллаи Дӯстӣ, Сафармо Ҳайтова истиқоматкунандаи маҳаллаи Маданият №25 ва Чупон Бадал соҳибкори маҳаллӣ дар қабул ширкат доштанд.

     SAM_7884.JPGБо чои кор таъмин шудан ва зиёд кардани нафақаи маъюбӣ, таёр кардан ва гирифтани ҳуччатҳои хонаи истиқоматӣ, мушкилот дар чои корӣ ва чалб нмудан бо кори иловагӣ, пурзур кардани кори мақомоти корҳои дохилӣ дар маҳалҳо, пешгирӣ аз даст задани чавонон ба дӯздӣ ва мусоидат дар ошкоршавии ҳолати дӯздӣ дар маҳаллаи Дӯстӣ, мусоид дар ҳаллӣ мушкилоти чудошавӣ ва муайян намудани падарӣ, кӯмаки иқтисодӣ, чудо кардани замин барои ташкили «Маркази намоиши ҳунарҳои мардумӣ» аз масъалаҳое буданд, ки шаҳрвандон ба раиси шаҳр расониданд.

     Исмоилзода Абдуалим – раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ба тамоми роҳбарон ва масъулони соҳаҳо вобаста ба мусоидат дар ҳалли масъалаҳои зикршуда дастуру супоришҳо дод. Бо супориши раиси шаҳр Комиссияи махсуси назоратӣ бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Шоиста Абдуназарзода ва мудирони шуъбаҳо ташкил карда шуд. Комиссияи мазкур аз рӯи ичрои дастуру супориш ва вазифаҳои гузошташуда барои ҳалли масъалаҳои дар боло зикргардида назорат бурда, то рӯзи панчшанбеи ҳафтаи оянда ба раиси шаҳр ҳисобот пешниҳод мекунад.    

      Ғайр аз ин шаҳрвандон метавонанд, ки мурочиат ва арзу шикоятҳояшонро ба тариқи сомонаи мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба раиси шаҳр пешниҳод намоянд. Дар сомонаи саҳифаи махсуси қабули мурочиат ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон чой дода шудааст.

SAM_7899.JPGSAM_7902.JPG

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Қӯрғонтеппа

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.