«ҚӮРҒОНТЕППА - ШАҲРИ САЙЁҲИ»

ҚӮРҒОНТЕППА - яке аз шаҳрҳои зебо ва маркази яке аз вилоятҳои калонтарини Тоҷикистон мебошад. Албатта, ин шаҳр таърихи худро доро аст ва дар рушду пешрафташ шахсиятҳои зиёде саҳмгузоранду фарзандони зиёди номдори кишвар маҳз дар ин ҷо фаъолияти кории худро шуруъ намудаанд.

Умуман гуфтан мумкин аст, ки дар даврони соҳиб истиқлолии мамлакат ба пешравию муваффақият ва дастовардҳои нав ба нав ноил гардид. Давоми 10 соли охир бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон тозаву озода, гулгашт, зебову диданӣ гаштаистода аст.

Ҷойҳои тамошобоб, истироҳативу фароғатӣ, осорхона, китобхона ва дигар нуктаҳои диданиву ҷолиб таваҷҷуҳи на танҳо сокинони кишвар , балки хориҷиён ҷалб намуд. Ин аст, ки имсол Наврӯзи байналмилалӣ дар ин шаҳри ободон таҷлил мегардад.

Хориҷиёни зиёде ҳамасола барои тамошо ва дидан кардан аз ҷойҳои тамошобоб ва таърихии шаҳри Қӯрғонтеппа меоянд.

Бо эълон гардидани соли 2018, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба роззагиву озодагӣ, ободонӣ, гулгул шукуфӣ ва ба шаҳри ҳақиқатан сайёҳӣ табдил ёфтани Қӯрғонтеппа тамоми нерӯ истифода мешавад.

Имрӯз 3 нафар хориҷиёнро дар назди Кохи ватани шаҳр дидем, ки сурат гирифта,  ба тамошои Қӯрғонтеппа машғул буданд. Бо ҳам суҳбат шудан фаҳмидем, ки онҳо шаҳрвандони Карея буда, ба сайёҳати Тоҷикистон омадаанд. Маҳз барои дидани манзара, ҷойҳои истироҳатӣ, осорхона, таърихӣ ва ободониву пешрафти Қӯрғонтеппа омадаанд. Онҳогуфтанд, ки ин шаҳр ба онҳо писанд омад ва муносибат, рафтору кирдори мардумро баҳои хуб доданд. 

   Бале, Қӯрғонтеппа шаҳри зебо, гулгул шукуфон, сайёҳӣ мебошад ва барои боз ҳам ободу диданитар шудани он масъулон ва сокинони шаҳр тамоми кӯшишу ғайрати худро харҷ карда истодаанд.

ВОҚЕАН ҚӮРҒОНТЕППА ШАҲРИ ОРЗУҲО ВА САЙЁҲОН АСТ.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Қӯрғонтеппа

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.