«ЭМИН МОНДАН АЗ ГУРУҲҲОИ ИФРОТӢ»

Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо мақсади пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба гуруҳҳои терористиву экстреристӣ ва ифротӣ бо сокинони шаҳр вохуриҳои иттилоотӣ- фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд. Гуруҳи кории тарғиботии мазкур дар масчидҳо бо сокинон вохурӣ гузаронида истодааст.

    Дар вохуриҳо қайд гардид, ки масъалаи тероризму экстреризм ва фаъолияти гуруҳҳои ифротӣ аз масъалаҳое маҳсуб меёбад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Барои мубориза бурдан бо ин зуҳуроти номатлуб тамоми қишрҳои ҷомеаро мебояд дастаҷамъона мубориза бурда, бо истифодаи зиракии сиёсии хеш  бар фанду фиреб ва ваъдаҳои бардуруғи тарғиботчиёни ин гуруҳҳо дода нашаванд.

   Илова шуд, ки ташкилоти экстремистию терористии ҲНИТ беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон амал кард. Ҳануз аз солҳои 70-уми асри гузашта, ба эътибори иқрори худи масъулини ин ҳизби манъшуда, наҳзатиён мавзӯи сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба кишвари сирф динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд. Баъди анҷоми муноқишаҳои дохилӣ ин ҳизб парлумонӣ гардид, аммо набудани имконоти сари қудрат омадан тавассути интихобот оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии мақсуди онҳоро кушод. Охирин шонси наҳзатиён табаддулот буд, ки билохира дар он шикаст хӯрданд. Чунин хулоса мешавад, ки сенарияи баъзе кишварҳои хориҷӣ оид ба ташкили табаддулот тавассути неруҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон дар амалан татбиқ нагардид.

 Ҳамзамон мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гуфт, ки мутаассифона , ин таҷриба то ба ҳол барои мафкурапардозон сабақ нашудааст, то кунун баъзе фирориёни ин ҳизби терористиву ифротӣ  эълом шуда, дар хориҷа аз «адлолат»-у «нақзи ҳуқуқи инсон» даъво мекунанд, аммо боре нашуда, ки гиребони худро бӯ кардану амалҳои хешро дар тарозуи воқеият баркашида, ба хулосае оянд, ки чӣ кори баде барои ҷомеаи Тоҷикситон ва чӣ хиёнате барои миллат кардаанд.

    Ба назар чунин мерасад, ки онҳо дар муборизаи иттилоотӣ бо мардуми шарифи Тоҷикистон танҳо нестанд, созмонҳои тундгаро ва иғвоангези «Гуруҳи 24», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ваҳҳобия», «Салафия» ва амсоли инҳо бо тамоми қувваи бадкориҳо ба сари мардум борони туҳмату буҳтон мерезад.

   Дар қисмати охири вохурӣ иброз шуд, ки чунин ҷамъомаду чорабинӣ ва вохуриҳо дар гӯшаву канори шаҳр доиман гузаронида мешавад ва бояд, ки дар самти эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз гуруҳҳои терористиву экстреристӣ ва ифротӣ дастаҷамъомана мубориза барем.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Қӯрғонтеппа

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.