БАРОИ НАЗОРАТӢ ОМОДАГӢ БА ЧАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУРУҲИ КОРӢ ТАШКИЛ ЁФТ.

Дар назди мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа барои омодагии чиддӣ дидан ба чашни байналмилалии «Наврӯз» гуруҳи корӣ ташкил ёфт. Гуруҳи кории мазкур бо роҳбарии раиси шаҳр Исмоилзода Абдуалим фаъолияти худро шуруъ кард, ки аъзоён аз намояндагони мақомоти пракратура, корҳои дохилӣ ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ ва роҳбарони ҳамаи ташкилоту муассиса, корхонаҳои шаҳр иборатанд.

SAM_8006.JPGИсмоилзода Абдуалим гуфт, ки гуруҳи кории мазкур ҳар ҳафта рӯзҳои панчшанбе гӯшаву канори шаҳр, кӯчаву хиёбонҳо ва тамоми ташкилоту муассисаҳоро дидан карда, камбудиву норасогиҳоро ошкор намуда, баҳри ҳаллашон дастуру супоришҳо дода мешавад. Дар кӯтоҳтарин муддат бояд камбудиҳои чойдошта ҳалли худро пайдо кунанд.

Имрӯз бошад гуруҳи корӣ кӯчаи Бобочон Ғафуров то назди бозори марказӣ ва хиёбони Ваҳдатро то назди меҳмонхонаи Рамз дидан карда, як қатор камбудиву норасогиҳоро ошкор намуд. Хусусан ба тозагиву озодагии гирду атроф ва дохилӣ бино ва нуктаҳои хизматрасонӣ диққати чиддӣ дода шуд.

Бинои КОХИ ВАТАН, КОЛЛЕЧИ АГРАРӢ ВА ХОБГОҲИ ОН, КОЛЛЕЧИ ОМӮЗГОРӢ, ТАРАБХОНАИ РОҲАТ, ГИРДУ АТРОФИ БОЗОРИ «ФАРОВОН», НУКТАИ БОЗИИ ЛОТО, МЕҲМОНХОНА, ДУКОНҲО, КОШОНАИ ҲУСН, ШУЪБАИ САБТИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДИИ ШАҲР, БОҒИ ФАРҲАНГӢ, САРТАРОШХОНА-ро аз назар гузаронида, вобаста ба камбудиҳои чойдошта мақомот ва ташкилоту муассисаҳои дахлдорро супориш доданд то дар муддати кӯтоҳ мушкилиҳо бартараф шаванд.

SAM_8007.JPGГуруҳи корӣ аз гирду атроф, дохил, чои ошпазон, фуруши нӯшокиҳои спиртӣ, утоқҳои хӯрокхурӣ, чойи нигоҳдошти маводҳои хӯрокаи тарабхонаи «Роҳат» дидан намуданд. Мушоҳидаҳо нишон дод, ки гирду атрофи тарабхона ба талаботи санитариву гигиенӣ чавобгӯ набуда, чойи нигоҳдошти маводҳои хӯрокворӣ мувофиқи матлаб нест.

Ғайр аз ин аниқ гардид, ки роҳравҳоро дар атрофи бозор ба нуктаҳои савдо бе асос ва бе ягон ҳуччати тасдиқкунанда табдил додаанд. Ошкор шуд, ки аксаран савдогарон андоз насупорида, дафтарчаи санитарӣ надоранд.

Аз тарафи раиси шаҳр суориш дода шуд, ки дар шаҳр нуктаи махсус «Гӯшаи эълонҳо» ташкил карда шавад ва навиштачоту овеза, шиорҳои рекламавӣ пурра гирифта шаванд ва ба чои онхо сухану навиштачот бобати тарғиби сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумати кишвар насб гарданд. Бе мавриду ноқулай гузошта шудани баъзе аз нақлиётҳои сабукрав низ эрод гирифта шуд. Гуфта шуд, ки биноҳои кӯчаи Бобочон Ғафуров ва хиёбони Ваҳдат аз таъмири чорӣ ва рангуборкунӣ гузаронида шуда, симои берунии онҳо зебу оро дода шаванд.

SAM_8009.JPGХулас метавон арз намуд, ки гузаронидани назорати имрӯзаи гуруҳи кории мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар самти тозаву озода гардидани гирду атроф, кӯчаву хиёбонҳо ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр мусоидат мекунад. Зеро ҳамаи камбудиву норасогиҳои зиёде ошкор гардида, баҳри ҳаллашон ба масъулон супоришҳои қатъи дода шуд.            

Гуруҳи кории мазкур то баргузории чашни Наврузи байналмилалӣ рӯзҳои панчшанбе фаъолияти худро давом дода, ҳамаи гӯшаву канори шаҳрро назорат мебарад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Қӯрғонтеппа

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.