«КАМБУДИҲОРО БОЯД БАРТАРАФ КУНЕМ»

Бо мақсади бартараф кардани камбудиву норасогӣ ва иҷрои супоришҳои раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гуруҳҳои корӣ ташкил гардида, баҳри ҳалли масъалаҳои мавҷуда кор бурда истодаанд.

SAM_8061.JPGЯке аз масъалаҳои асосие, ки раиси шаҳр диққати ҷиддӣ дод, ин иваз, ислоҳ ва гирифтани қисмате аз шиору овеза ва навиштаҷоти тарғиботӣ буданд. Инро ба инобат гирифта имрӯз гуруҳи корӣ кӯчаи ба номи Бобочон Ғафуров ва хиёбони Ваҳдатро дидан карда, хатогиҳоро дар навиштаҷот, шиору овезаҳои назди ташкилоту муассиса, корхона, мағозаву дуконҳои савдо ва дигар намуди хизматрасониҳо огоҳи доданд, ки дар кӯтоҳтарин муддат иваз ё ислоҳ карда шаванд. Ҳамзамон шиору овезаҳоеро, ки куҳнаву фарсуда шудаанд, барои иваз намуданашон дастур дода шуд то ҳусни шаҳрро накоҳонанд.

    Масъалаи дигар ин бемаврид, ғайриқонунӣ ва ба талабот чавобгу набудани дуконҳои наздики бозори «Фаровон» буданд, ки баъди таҳлилу санҷишҳо аниқ гардид, ки аксаран худсарона гузошта шуда будаанд. Гуруҳи дигари кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ки аз масъулини ташкилоту идораҳои дахлдор иборат аст, нисбати ин масъала чораандеши намуда истодаанд. Санҷишҳо нишон доданд, ки дуконҳои бемавридгузошташуда ба талаботи санитарӣ чавоб нестанд.

SAM_8067.JPGИнчунин гуруҳи корӣ тоззагиву озодагии кӯчаҳои шаҳрро аз назар гузаронида, масъулонро барои тозза ва сабзпӯш шудани ду тарафи кӯчаҳои марказӣ вазифадор карданд. Аъзоёни гуруҳи корӣ дар суҳбат гуфтанд, ки дар кутоҳтарин муддат камбудиҳоро бояд бартараф кунем.

      Итминон меравад, ки дар кӯтоҳтарин муддат камбудиҳои ҷойдошта бартараф мешаванд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Қӯрғонтеппа

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.