БОЗ ЯК ҚАДАМИ СОЗАНДА

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат аз тарафи давлату ҳукумати кишвар соҳибкорон дар сатҳи лозима дарстгирӣ меёбанд. Ин аст, ки рӯз то рӯз фаъолияти соҳибкорони ватанӣ рушди тоза ёфта истодааст. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ соҳибкорони аз чониби мақомоти маҳаллӣ дастгирӣ меёбанд ва барои фаъолияташон шароитҳо муҳаё гардидаанд.

    Литсейи физикӣ-математикии «Ориёно»-и шаҳри Қӯрғонтеппа аз муассисаҳои пешсаф маҳсуб ёфта, ҳамасола шогирдони босаводро омода мекунад. Дар ин даргоҳи илму маърифат то ба имрӯз ошхона барои хонандагону омӯзгорон, ки аз субҳ то шом дар муассиса мебошанд, мавчуд набуд. Имрӯз бошад бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Абдумачид Қурбонов дар муассиса ошхонаи наву замонавӣ бо шароитҳои бюеҳтарин сохта пешниҳод гардид, ки сохтумони он ду моҳ идома ёфт. Барои сохтумони ошхонаи мазкур зиёда аз 10 нафар устоҳои моҳир аз ҳудуди вилоят ва вилояти Суғд чалб гардида, дар сатҳи баланд онро сохта пешкаш карданд, ки имрӯз боиси таҳсин аст.

    SAM_8134.JPGДар литсейи номбурда 960 нафар хонандагон таҳсил ва 55 нафар омӯзгорон кор мекунанд. Имрӯз дар ба истифодадиҳии ошхонаи муассиса муовини раиси шаҳр Абдуназарзода Шоиста ва дигар намояндагони маҳокомти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ширкат варзиданд. Қайд шуд, ки ҳадафи аслии ичозат додани сохту шудани чунин ошхона аз тарафи соҳибкорон дар ҳудуди муассиса аз он иборат мебошад, ки барои кору таҳсили омӯзгорону хонандагон шароит беҳтар шавад. Дар мавриде, ки онҳо аз субҳ то шом дар муассиса ба ко рва таҳсил фаро гирифта мешаванд ва аз ҳисоби хӯроки нисфирӯзӣ танқисӣ намекашанд, боварӣ ҳаст, ки натичаҳои фаъолият хубтар мегарданд. Бо ба фаъолият шуруъ кардани ошхона , ки 3 намуди хизматрасонӣ: пешниҳоди хурокҳои болаззат, пирашкӣ-хотдок-самбӯса-қаҳва ва дигар намуд хурданиҳои тезтаёр, фуруши лавозимоти дарсӣ 8 нафар сокинони Қӯрғонтеппашаҳр ба чои кори доимӣ таъмин шуданд.      

    Абдумачид Қурбонов дар суҳбат гуфт, ки мизу курсиҳои дар ошхона буда, маҳсули дастранчи устоҳои моҳири шаҳр мебошанд ва дар бисёр корҳои сохтумону фаъолияти ошхона мо ҳунармандони худдиро чалб кардем. Аз дастгириҳои мақомоти маҳаллӣ миннатдорем ва кӯшиш мекунем, ки ба ҳамаи дастгириҳо сазовор бошем. Ин боз як қадами созандаи мо ва ҳамеша баҳри ободии як гӯшаи диёр нерӯ, тавоноии худро доиман сарф хоҳем кард.

   SAM_8141.JPGОмӯзгорону хонандагони муассисаро бо кушода шудани ошхона шодӣ фарогир буд. Зеро хӯрокхои болаззат бон архи арзон пешниход мегарданд. Барои хонандагони аз 1 то 4 аз ҳисоби муассиса ба таври шартномавӣ хӯрокҳои нисфирӯзӣ дода мешавад. Барои хонандагони аз 5 то 11 маблағи моҳонаи хӯрокхурӣ 50 сомониро ташкил медиҳад, ки дар як рӯз ду сомониро ташкил медиҳад. Омӯзгорон барои хӯроки нисфирӯзӣ дар як рӯз 5 сомонӣ масраф мекунанд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Қӯрғонтеппа

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.