Қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа: «МО ҲАМАИ ШАҲРВАНДОНРО ҚАБУЛ МЕКУНЕМ»

     Қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе мувофиқи матлаб баргузор гардида истодааст. Ҳар ҳафта шаҳрвандон дар қабул ширкат варзида, арзу шикоят ва муроҷиатҳои худро ба унвонии раиси шаҳр мерасонанд. Давоми ду ҳафтаи сипаригардида низ қабул дар сатҳи лозима сурат гирифт ва раиси шаҳр 10 нафар шаҳрвандонро қабул кард, ки вобаста ба масъалаҳои рӯзмара: замини наздиҳавлигӣ ва ҳуҷҷатгузории он, бо ҷои кор таъмин намудан, барои кӯмак дар таъмири ҷории хона, надоштани хонаи истиқоматӣ ва кӯмак дар пайдо кардани хона рӯзи 3-юми феврал муроҷиат карданд. Барои мусоидат дар ҳал ё кӯмакрасонӣ ҳуқуқшиноси Дастгоҳи раиси шаҳр, сардори Кумитаи Идораи замин, раисони маҳалла, муовинон, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд.

   Ёдовар мегардем, ки рӯзи 27-уми январ низ дар чунин шакл қабули шаҳрвандон гузаронида шуд ва дар он низ 5 нафар шаҳрвандони маркази вилоят иштирок намуданд. Масъалаҳои асосии муроҷиати шаҳрвандон дар ин рӯз таъмин намудан бо хонаи истиқоматӣ, сохтани мактаб дар маҳаллаи Дӯстӣ №67 ва дигар масъалахо буданд.

   Барои мусоидат дар ҳалли ин масъалаҳо низ раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим ба масъулони ташкилоту муассиса, идораҳои ҳудуди шаҳр дастуру супоришҳо дод. Сипас раиси шаҳр дар бораи аз наздик огоҳ шудан ва фаҳмидани мушкилиҳои мардум ба раисони маҳалла супоришҳои қатъи дод. Гуфта шуд,ки бояд ҳар як раиси маҳалла дар бораи мушкиливу норасогиҳои тамоми шаҳрвандони ҳудуди кӯчааш маълумот дошта бошад ва барои кӯмакрасонӣ чораандеши намояд.

   Исмоилзода Абдуалим гуфт, ки мо ҳар ҳафта омодаем, ки ҳамаи шаҳрвандонро қабул кунем, вале бо вуҷуди ин бояд дигар масъулон ҳам пайи кӯмак ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд ва кӯмакхоҳ масъулияти ҷиддӣ дарк кунанд.

   SAM_8199.JPGБаъдан раиси шаҳр дар бораи то кадом андоза ҳалли худро ёфтани муроҷиати шаҳрвандон аз ҳафтаҳои пешин истодагари кард. Дар воқеъ муроҷиати шаҳрвандон бо мусоидати раиси шаҳр роҳи ҳали худро меёбанд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Қӯрғонтеппа

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.