Ҷаласаҳои назоратӣ – иҷроиши супоришҳо ва натиҷаҳои дилхоҳ

Ҳар  ҳафта рӯзҳои душанбе ҷаласаҳои назоратии назди раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим баргузор гардида истодаанд. Дар он кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони тамоми ташкилоту муассиса, корхона, бозорҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар масъулон иштирок мекунанд.

Рӯзи 29-уми январ дар ҷаласаи назоратии раиси шаҳр Усмон Билолӣ хусуси фаъолияти рӯзномаи «Набзи Қӯрғонтеппа» баромад карда, дар бораи дастоварду муваффақият ва камбудиву норасогиҳои фаъолияти корӣ ва рӯзномаи мазкур табодули афкор кард. Сипас раиси шаҳр вобаста ба ҷойдоштани камбудиҳо, сари вақт иҷро нашудани обунаи рӯзнома ба пуррагӣ ва дигар паҳлуҳои фаъолияти корӣ эродҳо гирифта, барои ҳаллашон дастуру супоришҳо дод. Аз ҷумла дар бораи сифати чопи рӯзнома истодагарӣ намуд, ки мувофиқи талаби замон нест. Қайд гардид, ки бояд ин масъала ба наздики ҳалли худро пайдо кунад ва сифати нашри рӯзнома беҳтар шавад.  

Сипас Исмоилзода Абдуалим дар бораи омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз андешарони карда, аз иҷроиши дастуру супоришҳои ҳафтаи гузашта пурсон гардид. Дар бораи камбудиву норасогиҳо эродҳо гирифта, барои ҳаллашон ба масъулон супоришҳои қатъи дод.

Рӯзи 5-уми феврал бошад Абдулло Давлатов масъул дар Идораи назорат ва танзим дар соҳаи нақлияти шаҳри Қӯрғонтеппа бобати фаъолияти корӣ ва натиҷаҳо баромад кард. Гуфт, ки дар соли 2017 рейдҳои муштарак гузаронида, 3780 нақлиёт санҷида шуда, 1036 пратаколҳо тартиб дода шуданд.

Раиси шаҳр дар бораи фаъолияти бо сифати корӣ, гузаронидани рейдҳои одилона, назорати дурусти терминалҳои пулакӣ дастур дод. Гуфта шуд, ки ҳамаи терминалҳо аз назорати ҷиддӣ гузаронида мешаванд ва танҳо бояд онҳоеаш фаъолият кунанд, ки расман ҳуҷҷат гузорӣ шудаанду ҳуқуқи фаъолият доранд. Истгоҳҳои пулакие, ки худсарона дар назди роҳҳо ташкил карда шудаанд, бояд фаъолияташон қатъ карда шуда, нисбаташон чора андешӣ карда шавад.

Баъдан раиси шаҳр хусуси ивазнамудани баъзе аз шиору овезаҳои рекламавие, ки ба талаботи шаҳрдорӣ ҷавобгӯ нестанд, эродҳо гирифта барои иваз намуданашон шахсони мутасадиро вазифадор намуд.

Ғайр аз ин дар бораи абектҳои ҷашние, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода мешаванд, табодули афкор гардид. Қайд шуд, ки бояд ҳамаи обектҳои ҷашнӣ бо пуррагӣ омода бошанд. Иншоотҳои ҷашнӣ майдони Парчами миллӣ, боғчаи №12, биноҳои баландошёна, меҳмонхона, маркази ташхисиву табобатӣ ва дигар иншоотҳо ба амсоли ин омода шуда истодаанд. Бояд ҳамаи иншоотҳо мувофиқи матлаб омода гарданд.

SAM_8201.JPGГуфта шуд, ки Ситод оид ба омодагӣ ба ҷашни Наврӯз ташкил карда мешавад, ки ҳамаи ташкилоту муассисаҳои шаҳр ширкат мекунанд ва дар омодагӣ саҳми худро мегузоранд. Ҳадафи асосӣ дар сатҳи баланд ва мувофиқи матлаб омодагӣ дидан ба истиқболи ҷашни байнал милалии Наврӯз мебошад.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Қӯрғонтеппа

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.