Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати «Kryso Resources Limited» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди /ҶДММ/ «Пакрут» оид ба истихроҷи кони «Пакрут»-ро 31 январ вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расонданд

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода дар назди вакилони Парлумони мамлакат ин масъаларо ташреҳ дод.

Мавсуф гуфт, ки тибқи Созишнома Ширкати «Kryso Resources Limited» ва ҶДММ «Пакрут» сохтмон ва истифодаи кони маъдан, ба роҳ мондани фаъолияти босамари фабрикаи бойгардонӣ, дар марҳилаи якум коркарди маъдан бо иқтидори 660 ҳазор тонна, дар марҳилаи дуюм 660 ҳазор тонна дар як сол, беҳсозии инфрасохтори роҳ, иншооти муҳандисӣ ва дигар корҳои вобаста ба ин лоиҳаи сармоягузориро ба сомон расонида, ҷиҳати амалигардонии ин корҳо маблағи зарурӣ ҷудо менамояд.

parlament.jpgБояд тазаккур дод, ки корҳои вобаста ба истифодаи саноатии кони «Пакрут» ҳанӯз соли 2012 оғоз гардида, дар ин давра сохтмони 53 километр роҳ, 73 километр хати баландшиддати интиқоли барқ — 110 кВт, таъмири 5 пули кӯҳна ва сохтмони 2 пули нав дар шаҳри Ваҳдат ба анҷом расонида шудааст.

ДУШАНБЕ, 01.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Қӯрғонтеппа

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.