НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ШАҲРИ ҚӮРҒОНТЕППА ИСМОИЛЗОДА АБДУАЛИМ БО ИШТИРОКИ 40 НАФАР НАМОЯНДАИ ВАО

Дар нишасти хабарии раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим қариб намояндагони ҳамаи расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппа, вилоятӣ ва шаҳрӣ  ширкат доштанд, ки зиёда аз 35 нафарро ташкил медоданд. Мушоҳида гардид, ки барои иштирок дар ин нишасти хабарӣ рӯзноманигорон омодагӣ дида, бо суолҳои махсуси хеш омода буданд.

      Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 сентябри соли 2011 ва бо назардошти нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят имрӯз нишасти матбуотии раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим бо намояндагони ВАО баргузор гардид.

   20180206_091135.jpgДар нишасти матбуотӣ раиси шаҳр Исмоилзода Абдуалим бобати фаъолияти соҳаҳои хочагии халқи шаҳри Қӯрғонтеппа давоми соли 2017 ба таври мушаххас маълумот дод. Иброз дошт, ки меҳнаткашони шаҳри Қӯрғонтеппа барои иҷрои амру фармон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ва ҷихати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳбудии зисту зиндагонии сокинони шаҳр дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ диловарона меҳнат намуда истодаанд. Илова кард, ки дар натиҷаи иҷрои дастуру супориш ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Хатлон ва дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр давоми соли 2017 нишондиҳандаҳои истеҳсолию иқтисодӣ афзоиш ёфтанд. Ҳамзамон раиси Қӯрғонтеппашаҳр хусуси таърихи пайдоиши Қӯрғонтеппа ва Бохтари қадим, инчунин дигар паҳлуҳои фаъолият, дастовард ва муваффақиятҳои соҳаҳо, иҷроиши нақшаи андоз, таъмири роҳҳо табодули афкор намуд.

      Дар қисми дуюми нишасти хабарӣ намояндагони ВАО вобаста ба мавзуҳои мубрами рӯз суолҳо дода, чавобҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд. 

     Махсусан намояндаи ТВС дар вилояти Хатлон Хуршед Сафаров дар бораи сохта ба истифода додани маҷмааи варзишӣ, ташкили майдончахои варзишӣ, дастгири ёфтани варзишгарон суол дод.

     Исмоилзода Абдуалим дар чавоб гуфт, ки Ташкилоти ҷамъиятии дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дастгирикунандаи махсус надошт ва аз соли 2017 ташкилоти мазкурро дар мувофиқа бо раиси вилояти Хатлон ба клуби футболи Хатлони Бохтар табдил додем ва барои дастгириву маблағҳо ҷудо карда шудаанд, ки алакай варзишгарони ин даста маоши худро гирифта истоданд. Давоми соли 2018 дастгирии он боз ҳам дар ҳамин шакл идома меёбад. Мувофиқи нақшаи генералии шахр солҳои 2015-2035 маҷмааи варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ба 25 ҳазор нафар чой ҳаст. Ин маҷмаа – маҷмааи замонавӣ хоҳад буд. Шуъбаи меъмории шаҳр дар назди бозори Ҳоҷи Шариф овезаи махсуси нақшаи маҷмааи варзиширо овезон мекунад то ҳамагон аз он огоҳ шаванд.

     Баъдан хусуси аз рӯи ихтисос фаъолият намудани кормандони соҳаи фарҳанг, қонеъкунанда будани медалҳои гирифтаи хонандагони муассисаҳои таълимӣдар олимпиадаи имсола, ташкили саҳифаи муроҷиати шаҳрвандон дар шабакаҳои интернетӣ, сохтумони биноҳои баландошёна дар даромадгоҳҳои шаҳр, тозагиву озодагии шаҳр, омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, дар даромадгоҳҳои шаҳр мавчуд будани нуктаҳои фуруши сузишворӣ, ташкил кардани гуруҳи муҳақиқон ва олимон барои омӯзишӣ таърихи шаҳр ба хотири тадқиқоти илми гузаронидан хабарнигорон суолҳо доданд.

     Исмоилзода Абдуалим вобаста ба ҳар як суоли пешниҳодшуда, ҷавобҳои дақиқу муфассалро бо факту даленҳо пешниҳод кард. Аз ҷумла гуфта шуд, ки барои ташкили дарвозаи даромадгоҳи шаҳр корҳо рафта истодаанд ва лоиҳааш алакай омода мебошад. Дар сомона, газета ва телевизиони шаҳрӣ барои сохтани биноҳои баландошёна эълон дода шудааст, ки хоҳишмандон дастгирии комил меёбанд. Илова кард, ки дар чор даромадгоҳи шаҳр нақшаи генералии Қӯрғонтеппа гузошта мешаванд то ҳамагон дар бораи он маълумоти пурра пайдо кунанд. Инчунин хусуси аз номи Қӯрғонтеппа ба Бохтар гузаштани номи шахр қайд дошт, ки Бохтар таърихи қадима дорад ва ҳудуди зиёд низ дошт. Хулас омӯзишҳо нишон доданд, ки ба шаҳр номи Бохтар қуллайтар аст. Аз рӯзи 16-уми моҳи равон Қӯрғонтеппа номи расмии Бохтарро мегирад.

   Аз раванди суолу ҷавоб айён буд, ки нишасти хабарии раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим мувофиқи матлаб сурат гирифт ва ҳамаи журналистон аз ҷавобҳои пешниҳод кардаи раиси шаҳр қонеъ шуданд.      

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Қӯрғонтеппа

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.