РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ҚӮРҒОНТЕППА

    Чорабинӣ бахшида ба соли 2018, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар назди Кохи Лоҳутии шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид. Дар он ҳамаи ҳунармандони шаҳр ширкат доштанд. Воқеан намоиши маҳсули дастранчи онҳо нишонаи боҳунарии мардуми Қӯрғонтеппа мебошад. Зиёда аз 200 намуди ҳунарҳои мардумиро сокинони шаҳр пешкаш намуданд, ки боиси аҳсану офарин гардид.  

     SAM_8515.JPGАз субҳи барвақт назди мучассамаи А. Рӯдакӣ, назди «Кохи Лоҳутӣ»-и шаҳр серодам буд. Ин чо ҳамаи нафароне, ки ба ҳунар ва ҳунармандӣ машғул мебошанд, чамъ омада буданд. Дар чорабинии фарҳангиву фароғатии мазкур муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират Умар ва раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз ва дигар меҳмонон ширкат доштанд. Барои қабул чавондухтарон бо либосҳои миллӣ, шеърҳо қироат карда, бо гулу гулдастаҳо меҳмононро истиқбол гирифтанд. Сипас гуруҳи занони ҳунарманди шаҳр (доиранавозон) маҳорати баланд нишон доданд, ки аз тарафи иштирокдорон баҳои баланд гирифт. Барои пешниҳод кардани намоиши маҳсули дастранчи ҳунармандон ташкилоту муассисаҳо, маҳаллаҳо ва ҳунармандон вобаста ва чалб гардида буданд. Дар ҳар як гӯша маҳсули дастранчи ҳунармандон – хусусан ҳунарҳои мардумӣ гузошта шуда буд. Ғайр аз ин гӯшаи сайёҳии шаҳрро ташкил намуда буданд, ки чойҳои диданӣ, таърихӣ, фароғатӣ, тамошобоб ва истироҳатии Қӯрғонтеппаро муаррифӣ мекард. Инчунин маҳсули заргарон, кандакорон, қуроқдӯзон, гулдузон ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

     SAM_8338.JPGДар раванди дидан намудан аз намоиши мазкур раиси шаҳр Исмоилзода Абдуалим ва дигар ҳамроҳон барои пешниҳоди маҳсули дастранч аз ҳунарҳои мардумӣ интихобҳо намуда, аз ҳунармандон барои ҳамокрӣ даъват ба амал оварданд. Зеро Наврӯзи имсола дар Қӯргонтеппа доир мегардад ва ба меҳмонону иштирокдорон ҳунарҳои мардумӣ пешкаш гардонида мешаванд. Мувофиқа карда шуд, ки аз маҳсули дастранчи ҳунармандони мардумии шаҳр бештар пешниход карда мешаванд. Ҳамзамон ба чанде аз ҳунармандон барои рушди ҳунар ва беҳбуди бахшидан дар фаъолияти корӣ маслиҳатҳо дода шуд.

     SAM_8358.JPGСипас раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим дар назди ҳозирин баромад карда, ҳамагонро барои эълон гардидани соли 2018, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» шодбош гуфт. Илова намуд, ки дар чорабинии мазкур зиёда аз 200 намуди ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуд. Ин гувоҳи он аст, ки дар маркази вилояти Хатлон ҳанрмандони зиёде фаъолият мебаранд. Ҳамзамон аз дастгириҳои давлату ҳукумати кишвар, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат нисбати ҳунармандон ва рушди соҳаи сайёҳӣ ёдовар гардид. Инчунин раиси шаҳр Исмоилзода Абдуалим дар бораи тағийр додани номи шаҳр аз Қӯрғонтеппа ба Бохтар ҳарф зада, ба ин муносибат сокинони шаҳрро муборакбод гуфт. Илова намуд, ки имсол боиси хурсандист, ки Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор емгардад ва бояд, ких урду бузурги шахр ба ин муносибат омодагии чидди бубинанд ва саҳми арзандаи худро гузоранд.

     SAM_8419.JPGБаъдан муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар баромад намуда, дар бораи рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ табодули афкор кард. Дар бораи чорабинӣ ва намоиши ҳунарии баргузоргардида ибрози андеша намуда, ба маҳсули дастранчи ҳунармандон баҳои баланд дод.   

      Қисмати дигари чорабиниро намоиши фарҳангӣ ташкил медод. Аз чониби ҳунармандони маркази вилоят, Ансамбли рақсии «Ситора», кормандони бахши фарҳанг суруду рақс пешниҳод гардид. Ҳамзамон дар ин раванд либосҳои миллӣ низ дар шаклҳои замонавӣ пешкаш карда шуд, ки диққати ҳамагонро бо хуби ба худ чалб намуд.

    Хулас гуфтан мумкин аст, ки баргузории чорабинии мазкур дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ метавонист, ки таъсири мусбии худро расонад. Зеро дар он аксарияти ҳунармандони шаҳр даъват гардиданд ва дар бораи датсгириҳои давлату ҳукумати кишвар маълумоти зиёд гирифта, огоҳ шуданд, ки барои фаъолияти онҳо ягон мушкилӣ чой надорад ва шароитҳои мувофиқи матлаб мебошад. Танҳо ба сайқали ҳунарҳои мардумӣ бояд пардозанд ва ҳунарҳои мардумиро рушд бахшанд.

SAM_8475.JPGSAM_8543.JPG

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Қӯрғонтеппа

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.