БАРОИ НАЗОРАТӢ ОМОДАГӢ БА ЧАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУРУҲИ КОРӢ ТАШКИЛ ЁФТ.

Дар назди мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа барои омодагии чиддӣ дидан ба чашни байналмилалии «Наврӯз» гуруҳи корӣ ташкил ёфт. Гуруҳи кории мазкур бо роҳбарии раиси шаҳр Исмоилзода Абдуалим фаъолияти худро шуруъ кард, ки аъзоён аз намояндагони мақомоти пракратура, корҳои дохилӣ ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ ва роҳбарони ҳамаи ташкилоту муассиса, корхонаҳои шаҳр иборатанд.

Миёна: 5 (1 овоз)

.

Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон тасмим дорад, ки ояндаи наздик ба лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи тайёрии варзишӣ» ва ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намояд. Масъалаҳои мазкур 22 январ зимни баргузории ҷаласаи Шӯро, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуданд.

Миёна: 5 (1 овоз)

Ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим: ҚАТЪИЯТИ ИҶРОИ СУПОРИШҲО»

Ёдовар мегардем, ки ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассиса, корхона, раисони маҳалла, имомхатибон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр гузаронида мешавад. 

Ҳеҷ овозе нест

Дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқоти судманду созанда изҳори умедворӣ намуданд, ки ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва оид ба масъалаҳои марзи давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шуда, натиҷаҳои кори онҳо омили муҳими таҳкимбахшандаи муносибатҳои дӯстонаю самимии ду ҳамсоядавлат мегарданд.

Ҳеҷ овозе нест

«ЭМИН МОНДАН АЗ ГУРУҲҲОИ ИФРОТӢ»

Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо мақсади пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба гуруҳҳои терористиву экстреристӣ ва ифротӣ бо сокинони шаҳр вохуриҳои иттилоотӣ- фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд. Гуруҳи кории тарғиботии мазкур дар масчидҳо бо сокинон вохурӣ гузаронида истодааст.

Ҳеҷ овозе нест

«ҚӮРҒОНТЕППА - ШАҲРИ САЙЁҲИ»

ҚӮРҒОНТЕППА - яке аз шаҳрҳои зебо ва маркази яке аз вилоятҳои калонтарини Тоҷикистон мебошад. Албатта, ин шаҳр таърихи худро доро аст ва дар рушду пешрафташ шахсиятҳои зиёде саҳмгузоранду фарзандони зиёди номдори кишвар маҳз дар ин ҷо фаъолияти кории худро шуруъ намудаанд.

Ҳеҷ овозе нест

Pages

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Қӯрғонтеппа

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.