Соҳаи арзишманд - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Соҳаи арзишманд

     Маъмурият ва коллективи омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и шаҳри Қӯрғонтеппа дар такя ба шуъбаи маорифи мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои ичрои супоришҳои Президенти кишвар, Чаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон фаъолияти худро ба роҳ монда, ҷиҳати боло бурдани сатҳи дониши шогирдон, татбиқ намудани сиёсати давлат дар соҳаи маориф, рушди соҳа компютеркунонии таълим ва такмили таълими забонҳои русӣ  ва англисӣ  корҳои зиёдеро ба анчом расониданд. Ба кори таълиму тарбия 54  нафар омӯзгорони ботачриба чалб шудаанд, ки аз онҳо 14 нафарашон дорои тахассуси олӣ , 12 нафарашон дорои тахассуси дарачаи якум ва 18 нафари онҳо дорои тахассуси дуюм, 1 нафараш Аълочии маорифи Чумҳурии Точикистон мебошад.
       Чараёни таълим дар ду баст ташкил шуда, баҳри беҳтар шудани сифати таълим кӯшиш ба харч медиҳем. Аз ин лиҳоз утоқҳои фаннӣ  ташкил карда шудааст, ки ин имкон медиҳад, ба хонандагон бештар кори индивидуалиро ба роҳ монда ва аз ҳамаи имкониятҳо омӯзгорон истифода баранд.
        Кабинетҳои фаннӣ  бо маводҳои таълимӣ  пурра тачҳизонида шудаанд.
     Дарсҳо дар асоси талабот ба роҳ монда шуда, сатҳи дониши хонандагонро бо роҳҳои саволу чавоб, гирифтани корҳои хаттӣ , пурсишҳои шифоӣ, диктант санчида, натичаҳои санчишҳо дар иттиҳодияҳои методӣ  ва шӯрои  омӯзгории муассиса мавриди муҳокима қарор мегиранд.
       Дар муассиса 10 иттиҳодияи методӣ  амал менамояд, ки дар машваратҳои худ оиди проблемаҳои фаннӣ , мавзуъҳои чолиб, баҳсу мунозира мекунанд.
      Баҳри беҳтар шудани сатҳи дониш ва маҳорати хатнависии хонандагон дар муассиса озмуни «Хушхатнависӣ », «Донишвар», «Ифтихори ватандорӣ » ва «Донояк» дар байни синфҳои 1-11 гузаронида мешавад. Озмуни хушхати на фақат синфҳои ибтидоӣ, балки хонандагони синфҳои болоиро низ барои зеботару хушнависӣ  чалб менамояд. Мувофиқи нақша соли гузашта дар нимсолаи 1-ум 25 нафар омӯзгор ва дар нимсолаи 2-юм 35 нафар омӯзгор дарсҳои намунавии кушод гузарониданд. Дар гузаронидани дарсҳои кушод омӯзгорони чавон низ фаъол мебошанд. Дар соли таҳсили чорӣ  7 нафар омӯзгори муассиса аз аттестатсияи навбатӣ  гузаштаанд, ки аз онҳо 1 нафар соҳиби дарачаи тахассусии олӣ , 6 нафар соҳиби дарачаи дуюм гардиданд. 11 нафар омӯзгор аз курси такмили ихтисос гузаштанд.
    Ҳамкорӣ  бо падару модарон, аҳли чомеа дар муассиса беҳтар гардид. Дар муассиса бо ташаббуси кумитаи падару модарон гӯшаи волидон ташкил шуда, рафти ҳамкориро инъикос менамояд. Дар муассиса ҳар моҳ «Рӯзи волидайн» муқаррар гардидааст.
  Дарачаи тарбияи хонандагон ба талаботи Консепсия миллии тарбия чавобгӯ мебошад. Дар байни хонандагон ҳуқуқвайронкунандагон дида намешаванд. Доир ба тарбияи миллӣ  ва ватандӯстии хонандагон дарсҳои тарбиявӣ , чорабиниҳои фарҳангӣ , конфронсҳо, шабнишиниҳои зиёде доир гардиданд, ки натичаи дилхоҳ доданд.
   Маъмурият ва колективи педагогии муассиса болоравии сифати таҳсилотро дар ҳамаи синфҳо кафили рушди муассиса дониста, барои дар соли таҳсили 2015-2016 ислоҳ намудани камбудиҳои чойдошта кӯшиш ба харч дода, итминон дорем, ки дастовардҳои аз имсола бештарро ба даст оварем.
 
Ниёзбегим Азизова,
сарвари  муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии №11.  

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню