Мактаби бачагонаи санъати шаҳри Қӯрғонтеппа - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Мактаби бачагонаи санъати шаҳри Қӯрғонтеппа

            Мактаби бачагонаи  санъати шаҳри Қӯрғонтеппа  ягона мактаби   бачагонаи санъати  шаҳр буда, аз 15 шӯъба иборат аст.       
            Дар мактаб 47  нафар омӯзгорон кор ва фаъолият карда машғулиятҳо аз рӯи соатҳои ҷадвали дарсӣ гузаронида мешаванд.
       Дар моҳи январ  дар вақти  таътили зимистона  бо  хонандагони  сустхон  дарсҳои иловаги,  бо кормандон оиди  қарори  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти  падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мунтазам   сӯҳбатҳо гузаронида нақшаи кори тартиб дода шуда,  чорякиҳои якӯм, дуюм ва сеюми   соли хониш бо муваффақият чамъбаст карда шуд.
           Дар мактаб оиди  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки 23-01-2015  барпо гашт нақшаи чорабиниҳо тартиб додашуда, чамъомадҳо ва суҳбатҳо бо аҳли кормандон бахшида ба соли «Оила» мунтазам гузаронида мешаванд. Дар ҳашт моҳаи соли чорӣ бо иштироки кормандон шанбегиҳо ташкил карда гирду атрофи мактабро тозаю озода намуда  чиҳати  кабудизоркунии гирду атроф кормандон ва хонандагон саҳмгузор мебошанд. Дар моҳи январ дар барномаи ҳунарии «Озмуни бонувони шаҳр» овозхонони синфи сурудҳои ананавӣ баромад намуда хотири тамошобинонро шод намуданд. Дар  ҳашт моҳаи соли равон чорякиҳои соли хониш чамъбаст шуда дарсҳои кушод гузаронида шуд. Дар моҳи феврали соли равон дар озмуни «Ватанпарвар» бахшида ба рузи Артиши миллӣ,ки дар мактаби миёнаи №6 баргузор гардид ансамбли дуторнавозон бо  барномаи ҳунари баромад намуданд. Намоиш ва фуруши ниҳолҳои мевадиҳандаю ороиши ва гулу тухмиҳои гуногун,ки рузи 14-02-2015 дар бозори Ҳочи Шариф барпо гардид ансамбли карнай ва дойра хотири меҳмононро шод намуданд.
        Бахшида  ба рӯзи Артиши миллӣ ва рӯзи Модар,ки дар шаҳр чашн гирифта шуд,хори умумӣ, гуруҳи рақсӣ, омӯзгорони ҳунарманд ва ансамбли карнаю дойраи мактаб дар барномаҳои ҳунарӣ баромад намуданд. Ҳамзамон ҳунармандони мактаб дар ҳамкори бо бахши фарҳанги шаҳр ва ҳайати эчодии барномаи ҳунарӣ  бобати дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ тачлил ва баргузор намудани Наврӯзӣ байналмилалии имсола як қисм суруду таронаҳои наврӯзиро дар студияи сабти овоз сабт намуданд. Дар моҳи март бахшида ба соли «Оила» ва рӯзи Модар дар мактаб озмуни «Рассомони чавон» баргузор гашт. Дар ин озмун иштирокчиён маҳсули кори онҳоро тамошо намуданд ва хонандагони шӯъбаи рассоми бо «Ифтихорнома»-ҳо кадр гардиданд.
        Дар моҳи апрел бахшида ба рӯзи ханда ансамбли дойранавозон ва гуруҳи  рақси дар барномаи ҳунари, ки дар кохи Лоҳутӣ баргузор гардид ҳунарнамои намуда писанди тамошобинон гардиданд. Дар давоми  моҳ аз тарафи телевизиони Сафина ва телевизиони Хатлон  оиди кору фаъолияти мактаб сабт гардида  намоиш дода шуд.
       Дар давоми моҳи майи соли чори чорабинии фарҳанги- маърифати таҳти унвонии «Пайки меҳр» бахшида ба соли «Оила» ва тачлили рӯзи байналмилалии «Оила», ки рӯзи 14.05.2015 дар тарабхонаи «Мафтуна» баргузор гадид ансамбли карнай ва дойра ва омӯзгор Б.Одинаев дар барномаи ҳунари ҳунарнамои карданд. Дар ҳамин рӯз дар боғи истироҳати бахшида ба рӯзи Чавонони Точикистон фестивал-озмуни «Истеъдодҳои чавон», «Суруди беҳтарин» ва «Рақси беҳтарин» баргузор гардид,ки дар ин озмун ансамбли рақсии мактаб, овозхонон Шабнами Одина , Музафар Маҳмудов, Султон Хадзиев ҳунарнамои карданд ва дар ин озмун Шабнами Одина бо Шоҳчоиза  Музафар Маҳмудов, Султон Хадзиев ва гуруҳи рақси чои аввалро гирифта бо «Диплом»-ҳо ва «Ифтихорнома»-ҳо қадрдони гардиданд.Рӯзи  15.05.2015 дар Осорхонаи вилояти чорабинии фарҳанги гузаронида шуд, ки дар он хонандагони синфи дӯтор бо барномаи консерти хотири тамошобинонро шод гардониданд. 16.05.2015 дар боғи истироҳати бахшида ба тачлили соли «Оила» ва рӯзи байналмилалии «Оила» тачлил гардид, ки дар ин чашн хонандагон С. Сайфиддинзод, Ш.Одина, гуруҳи рақси, ансамбли карнай ва дойра омӯзгорони ҳунарманд Б.Одинаев, С. Ғуломов дар барномаи ҳунари ҳунарнамои карданд.Дар кушодашавии меҳмонхонаи Бохтариён ансамбли карнайю дойранавозон,овозхонон Г.Сафарова, С. Ғуломов  дар назди тамошобинон бо барномаи ҳунарии рангин хотири меҳмононро шод гардониданд. Рӯзи 18.05.2015  консерти ҳисоботии мактаб ва озмуни расми шӯъбаи рассоми шуда гузашт, ки дар ин чорабини волидайни хонандагон ва меҳмонон аз раёсати фарҳанги вилояти Хатлон иштирок намуданд. 27.05.2015 бахшида ба рӯзи байналмилалии кӯдакон дар Теппаи шаҳр гуруҳҳои ҳунари,ансамблҳо ва овозхонони мактаб бахшида ба ин чашн  ҳунарнамои карданд ва рӯзи 01.06.2015 ҳамаи  ҳунармандон, ансамблҳо ва овозхонони мактаб дар ин рӯзи иди кӯдакон фаолона иштирок намуда дар чорабинии фарҳанги ҳунари худро нишон доданд.
       Бахшида ба рӯзи умумичаҳонии ҳифзи муҳити зист дар санаи 05.06.2015  дар боғи истироҳати хонандагон,  гуруҳҳои  ҳунармандони мактаб ва ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр дар барномаи ҳунари бахшида ба ин чашн ҳунарнамои карда бо «Ифтихорнома»-ҳо мукофотонида шуданд. 
        Дар соли хониши 2014-2015 дар мактаб мачлисҳои метод и,дарсҳои кушод ва консертҳои академи шуда гузашта чорякиҳои соли хониш чамъбаст гардиданд. Соли хониши 2014-2015 мактабро 53 нафар хонанда аз он чумла шӯъбаи рассомиро-10-нафар, рӯбоб 1-нафар, дойра 2-нафар, дутор 4-нафар, фортепиано 4-нафар, скрипка 2-нафар, рақс 13-нафар ва дӯзандаги 17-нафар хатм намуданд.                                                                                                                                                                                             
          Дар рӯзи 09.06.2015 бахшида ба чашни «Оила» меҳмонон аз вилояти Суғд ба мактаби мо ташриф оварданд ва аз фаъолияти мактаб шинос шуданд. Меҳмононро аҳли кормандон ва хонандагони мактаб бо хурсанди пешвоз гирифта  ҳунари худро ба онҳо пешкаш намуданд, ки аз ин ҳунарнамои хотири тамошобинон шод гардид. Шоми ҳамин бегоҳ аҳли ҳунармандони мактаб ва кормандони бахши фарҳанги шаҳри Қӯрғонтеппа дар барномаи шоми адабӣ- фарҳангӣ таҳти унвони «Оила макони меҳру муҳаббат» фаъолона дар чорабинии фарҳанги ҳунарнамои намуда  хотири меҳмононро шод гардониданд.
         Дар ин моҳи равон 7-нафар хонандагони шӯъбаи рассоми дар озмуни расмҳои бачагона бо номи «Туркманистон аз назари рассомони навраси Точикистон» дар шаҳри Душанбе ширкат варзида аз тарафи сафоратхонаи  Туркманистон дар Тоҷикистон бо дипломҳои озмун қадрдони карда шуданд.Бахшида ба рӯзи Ваҳдати милӣ кормандон аз он чумла ансамблҳои ҳунари ва рақси дар барномаи ҳунарии вилоят ва шаҳр , ки рӯзи чашн баргузор гардид ҳунарнамои намуда хотири тамошобинонро шод гардонанд. Бо маблағгузори аз бучети ҳукумати шаҳр дар деҳаи Хумдони чамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон 02 -07-2015 лагери истироҳатии мактаббачагон бо номи          «Соҳил» мавриди истифодабари  қарор гирифт. Ба муносибати расман кушода шудани истироҳатгоҳи «Соҳил» дар саҳни истироҳатгоҳ барномаи чолиби консерти мураттаб аз суруду таронаҳои чазоби васфкунандаи сулҳу дусти,ваҳдат, ватанхоҳи бо ҳамбастагии ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр ва мактаб намоиш дода шуд.Бахшида ба 24-солагии Истиқлолияти ЧҶумҳури  дар санаи 12-августи соли 2015 дар назди теппаи шаҳр  ҳунармандони мактаб дар назди тамошобинон бо барномаи ҳунари баромад намуданд.
     Дар рӯзи 15-август дар кохи Лоҳути 70-солагии шоир А.Муроди чашн гирифта шуд. Дар ин чашн дар барномаи ҳунари ҳунармандони мактаб ва бахши фарҳанги шаҳр ҳунарнамои намуданд. Дар рӯзи озмуни «Оши палав» бо иқдому ташаббуси бевоситаи раиси шаҳри Қурғонтеппа Амирулло Асадулло дар маҳалу кучаҳои шаҳр аз чониби роҳбарони савобчую хайрхоҳи корхонаю муассисаҳо дегҳои калони оши палав пухта ба таври ройгон пешкаши мардум карда шуданд. Бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳанги баргузор гардидани озмуни вилоятии «Оши палав» кормандони мактаб боҳамбастаги бо ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр дар барномаи фарҳангии идона ҳунарнамои намуда хотири тамошобинонро шод гардониданд. Ҳамзамон кормандони мактаб дар ҳамкори бо бахши фарҳанги шаҳр ва ҳайати эчодии барномаи ҳунари дар бобати  дар сатҳи баланди сиёсию фарҳанги баргузор намудани  иди«Асал», «Сайри харбуза» дар шаҳри Кулоб ва озмуни чамбастии «Оши палав» дар шаҳри Душанбе як қисм суруду таронаҳоро дар студияи сабти овоз сабт намуданд.
   Кормандони мактаб тасмим гирифтаанд,ки минбаъд ҳам таълиму тарбия ва чорабиниҳои дар пеш истодаро бо тайёрии хуб ба роҳ монда дар тарбияи зебопарастии насли наврас ҳиссагузор бошанд.

        Директори
        мактаби бачагонаи санъати
        шаҳри  Қӯрғонтеппа:                                                         Ш. Қосимов

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню