Протокол - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Протокол

Дар толори мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки раиси шаҳр, муовини якум, муовинон,  роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шӯъба ва бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳои шаҳр ва воситаҳои ахбори омма оид ба беҳтар намудани вазъи корҳои ободони дар шаҳр, муҳокима  ва   баррасии  супоришҳои додашуда  ва дигар масъалаҳои  рӯзмара  07.09.2015 маҷлис барпо гардид.
         Мачлисро раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло оғоз бахшида сараввал ҳамаи фаъолон ва шаҳрвандони шаҳрро аз номи мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба ифтихори чашни 24 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, ба Шумо саломатӣ, умри дароз, рӯзгори обод, дар вазифаи пурмасъулияту бошараф бурдбориҳо ва ба ҳамаи сокинони шаҳр тансиҳатию хонаободӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.Қайд карда шуд, ки бигузор, ин рӯзи таърихӣ ба Шумо ва мардуми сарбаланди чумҳурӣ, аз чумла шаҳри Қӯрғонтеппа   дастоварду кашфиётҳои беназир ато намояд.
         Раиси шаҳр Амирулло Асадулло дар давоми суханрониашон қайд намуданд, ки барои меҳнати пурсамари бенуқсон, саҳми босазо гузоштан дар корҳои ободонию бунёдкорӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ ва бахшида ба чашни  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони арзанда бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Боиси фахраст, ки чунин шахсиятҳо дар қатори мову Шумо фаъолият менамоянд.
Вобаста ба масъалаи мазкур сухан ба муовини раиси шаҳр Қосимова Солия дода мешавад.  Муовини раиси шаҳр Қосимова С.А. матни Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат намуда бо тантана аз тарафи раиси шаҳр Амирулло Асадулло ба Абдуллоев И. Н.-роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр супорида шуд.
         Ҳамчунин Ифтихорномаи Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ дар соҳаи омори давлатӣ ва ба муносибати рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Хонбоев Шералӣ Тулфорович – сардори шӯъбаи омори шаҳри Қӯрғонтеппа супорида шуд.
         Илова бар ин раиси Кумитаи ичроияи Ҳизби Халқии Демократии Точикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа Наҷидуллоев Тавакал ба сухан баромада сипосномаҳоро аз номи муовини якуми КИ ҲХДТ ба раиси шаҳр Амирулло Асадулло – раиси шаҳр Амирулло Асадулло ва ба муовини раиси шаҳр Қосимова С. супорид.
Раиси шаҳр ар давоми мачлис қайд намуда, ки чун анъана аз чониби мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамасола кормандони беҳтарини соҳаҳои хочагии халқи шаҳр бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
         Вобаста ба масъалаи мазкур сухан ба мудири шӯъбаи рушди ичтимоӣ ва робита бо чомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Тоҷиев Ч. дода шуд. Точиев Ч. матни Ифтихорномаи мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрро қироат намуда, аз тарафи раиси шаҳр Амирулло Асадулло ба фаъолони корхонаю муассисаҳои шаҳрӣ Ифтихорномаҳоро супорид.
          Раиси шаҳр мачлиси пагоҳирӯзиро идома бахшида қайд намуданд, ки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кумитаю идораҳо ва шӯъбаю бахшҳои мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа зарур аст, ки фаъолияти кории худро дучанд намоянд, дар навбати худ аз чониби мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр кушиш ба харч дода мешавад, ки шахсони арзандаро ҳар сол 2 нафарӣ барои сарфароз гардидан бо мукофотҳои давлатӣ пешниҳод намоянд.
      Инчунин ба маълумоти роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаю идораҳо, шӯъбаю бахшҳои мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр расонид, ки дар майдони 70 – солагии Водии Вахши шаҳри Қӯрғонтеппа тибқи нақша - чорабиниҳои мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон рӯзи           8 сентябри соли чорӣ, соати 1700 рӯзи чашни 24 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чалби тамоми фаъолон, собиқадорон ва шаҳрвандони шаҳр баргузор карда мешавад.
         Дар ин самт фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кумитаю идораҳои мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр вазифадор карда шаванд, ки бо тамоми кормандонашон дар чорабинии мазкур иштирок намоянд.
         Вобаста ба масъалаи мазкур  Баротов Д., Точиев Ч., Шоев А., Сафаров С., Юсупов А. ва Ашурова А. вазифадор карда шаванд, ки дар рӯзи чорабинӣ тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрро рӯйхат намуда, барои маълумот ба унвони раиси шаҳр бо тариқи хаттӣ гузориш пешниҳод намоянд.
           Раиси шаҳр Амирулло Асадулло дар давоми суханрониашон нисбати дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханрони намуда барои ичрои саривақтии дастур ва супоришҳо ба муовинон ва масъулини соҳаҳо ичрои супоришҳои додашударо дар мӯҳлатҳои муайяншуда талаб намуда, бо назардошти он мачлис
 
ҚАРОР МЕКУНАД:
 
         1. Ба муовини раиси шаҳр Қосимов Т. супориш дода шавад, ки аз тамоми воситаҳо ва омилҳое, ки ба рушду пешрафти иқтисодиёту ичтимоиёт, беҳтар гардидани вазъи чамъоварии андозҳо ва андози ичтимоӣ, бартараф кардани камбудӣ ва қонуншиканиҳо дар истифодаи маблағҳои бучетӣ, пардохти саривақтии нафақапулӣ ва чубронпулиҳо, аз байн бурдани бақияпулиҳои андозҳо, ташкил намудани чойҳои нави корӣ ва пешгирии  чинояткорӣ, чораҳои заруриро ба амал бароранд. 
-           Инчунин фаъолияти корхонаҳои саноатиро, ки  дар  чамъбасти ҳаштмоҳаи соли 2015 ба пастравии истеҳсолот роҳ додаанд таҳлил намуда, барои зиёд намудани коркарди маҳсулоти саноатӣ дар чамъбасти нуҳмоҳаи соли чорӣ чорачуӣ намояд.
         2. Сардори Нозироти андоз – Абдуллозода Ф. нақшаи чамъоварии маблағи андоз дар моҳи август талаботи мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрро қаноатманд накард, аз ин лиҳоз Абдуллозода Ф. вазифадор карда шавад, ки чиҳати бо нишондиҳандаҳои хуб чамъбаст намудани натичаҳои нуҳмоҳа тадбирҳо андешида, оиди дарёфти манбаҳои иловагии андоз, бақайдгирии соҳибкороне, ки дар ҳудуди шаҳр бе патент ва шаҳодатнома фаъолият мекунанд, чораҳои дахлдор андешанд.
Дар ин самт оид ба беҳтар намудани чамъоварии андоз, назоратро аз болои таъмини мағозаю марказҳои хизматрасонии шаҳр бо машинаҳои назоратии хазинавии хотираашон фиксиалӣ, баҳри боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти нозироти андоз ба роҳ монда, оид ба корҳои анчомдода, ба унвони раиси шаҳр ахбороти хаттӣ пешниҳод намоянд.
Инчунин бояд гуфт, ки оиди ичрои ҳамаи намудҳои андоз дар шаҳр дар 9 моҳи соли чорӣ тадбирҳо андешида шаванд.
        - дар ҳамбастагӣ бо шӯъбаи Агентии меҳнат ва шӯғли аҳолии шаҳр бо мақсади муайян намудани сарчашмаҳои иловагии андоз, чойҳои кории нав, бақайдгирӣ ва супоридани андози ичтимоӣ дар корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ санчишҳо гузаронда, оид ба натичаи корҳои ба анчом расонидашуда ба унвони раиси шаҳр ахбороти хаттӣ пешниҳод намояд.
     - ҳамзамон дар ҳамбастагӣ бо бахши дин, танзими анъана ва чашну маросимҳои миллии назди мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба андозбанди фарогир намудани ҳофизон, навобардорон, ошпазон ва ронандагон дар туйҳои ҳудуди шаҳр чораандеши намоянд.
3. Сардори идораи “Қӯрғонтеппагаз” Сайфуллоев Қ. вазифадор карда шавад, ки дар фаъолияти минбаъдаи худ чиҳати кам кардани бақияпулиҳо, пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон, чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
 
4. Ба Сайфуллоев Қ. супориш дода шавад, ки барои ҳарчи зиёдтар бо гази табиӣ таъмин намудани аҳолӣ ва корхонаҳое, ки бо газ фаъолият мекунанд дар фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 тадбирҳо андешида, баҳри пардохти пурраи музди меҳнати кормандон, чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
5. Мудири шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр Саъдуллоев В.  вазифадор карда шавад, ки оид ба беҳтар шудани сифати иншоотҳои бунёдшаванда, рӯ ба беҳбудӣ овардани симои меъморӣ, роҳ надодан ба сохтмонҳои ғайриқонунӣ ва таъмини ичрои талаботҳои нақшаи Генералии шаҳрро зери назорат қарор дода, ин самтро асоси фаъолияти худ қарор диҳанд.
Инчунин бо мақсади чалби соҳибкорони ватанӣ барои сохтмони биною иншоотҳо, корхонаю марказҳои савдо ва хонаҳои баландошёна дар шаҳр корҳои амалиро ба сомон расонанд.
          6. Ба сардори Корхонаи воҳиди давлатии Хочагии коммуналии шаҳр Мусоев А. супориш дода шавад, ки вобаста ба масъалаи саривақт баровардани паспартовҳо аз нуқтаҳои паспартов ва дар ин самт бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр ҳамкориро ба роҳ монда, чиҳати гузаронидани корҳои безараргардонии нуқтаҳои паспартов, тадбирҳо андешанд.
          7. Сардори Корхонаи давлатии фаръии ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунии шаҳр Дустов М. вазифадор карда шавад, ки дар самти таъмин намудани майдону хиёбонҳои шаҳр бо ниҳолҳо, гулҳои ороишӣ аз тамоми шароиту имкониятҳои мавчуда самаранок истифода намуда, нармкунии майдонҳо ва хиёбонҳоро аз ҳамин рӯз оғоз намоянд.
-           Инчунин чиҳати тозагӣ, шинонидани гулу гулбутаҳо дар майдони 70 – солагии Водии Вахш чораҳои зарурӣ андешида, то рӯзи чашни Истиқлолият, талаботҳои нақшаи чорабиниҳоро таъмин намояд.
         8. Ба сардори Корхонаи воҳиди давлатии Ширкати хонаҳои шаҳр Холов С. супориш дода шавад, ки чиҳати рангу бори биноҳои хонаҳои истиқоматии баландошёна, нарм намудани қитъаҳои заминҳои гирду атрофи онҳо, сафед кардани дарахтон дар якчоягӣ бо раисони Кумитаҳои маҳалла, бо аҳолӣ вохӯриҳо ташкил намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.
          9. Муовини раиси шаҳр Аминзода Т. Ҳ. нисбати камбудию норасогиҳои дар соҳа вучуддошта чораҳои зарурӣ андешида, ҳамзамон вазифадор карда шавад, ки чиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, устувор нигоҳ доштани вазъи бозори истеъмолӣ ва дар сатҳи муайян нигоҳ доштани нархи молҳои ниёзи мардум чораҳои заруриро амалӣ намуда, таъмини марказҳо ва нуқтаҳои савдо бо мошинаҳои назоратии хазинавии фискалӣ, аз байн бардоштани савдои кӯчагӣ, ба сатҳи баланд расонидани хизматрасонӣ дар ошхонаю марказҳои савдои шаҳр ва пешниҳод намудани варақаҳои гузариш, обунашавӣ ба мачалаю рӯзномаҳо аз чониби хочагиҳои деҳқонӣ, дар якчоягӣ бо сохторҳои дахлдор чораҳои лозимиро амалӣ намояд.
        Инчунин дар якчоягӣ бо роҳбарияти бозорҳои шаҳр дар арафаи чашни 24 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои камбизоат, маъюбон ва дигар табақаҳои ниёзманд кумакҳои моддӣ расонида шавад.
       Дар баробари ин роҳбарияти бозорҳои шаҳр вазифадор карда шаванд, ки масъалаи шиору навиштачотҳои гирду атрофи биноҳои бозорҳоро ба тартиб дароранд.
       10. Мудири бахши кишоварзии шаҳр Каримов Ю. вазифадор карда шавад, ки назоратро аз болои хочагиҳои деҳқонии шаҳр пурзур намуда, чиҳати ичрои нақшаи чамъоварии ҳосили пахта тадбирҳои амалӣ андешида, ҳамарӯза ба унвони раиси шаҳр ахборот пешниҳод карда шавад.
       11. Муовини раиси шаҳр Қосимова С. А. вазифадор карда шавад, ки дар якчоягӣ бо соҳаҳои дахлдори зерсохтор, масъалаҳои бартараф сохтани камбудию нуқсонҳои чойдошта, баланд бардоштани сифат ва самараи кори муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ, дар доираи қонунҳои амалкунанда фаъолият намудани муассисаҳои динии шаҳр, амалӣ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимҳо»-ро асоси фаъолияти худ қарор диҳанд.
      12. Ба мудири бахши чавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Исматуллозода Ч. супориш дода шавад, ки чиҳати амалигардонии барномаҳои рушди тарбияи чисмонӣ, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо масъулини муассисаҳо ва шӯъбаҳои дахлдори мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тадбирҳо андешида, барои чалби сайёҳон ба шаҳр аз ҳама воситаҳо самаранок истифода баранд.
     13. Ба мудири бахш оид ба танзими анъана ва чашну маросимҳои миллии шаҳр Меҳронов М. супориш дода шавад, ки пеш аз гузоштани намозҳо ба намозгузорон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиро чиҳати паст кардани сатҳи чинояткорӣ, нашъамандӣ, дӯздӣ, ғоратгарӣ, шомилшавии чавонон ба гурӯҳҳои экстреместӣ, террористӣ ва амалҳои номатлуби шаҳрвандоне, ки дар субҳи рӯзи 4 сентябри соли 2015 дар шаҳри Ваҳдат ва шаҳри Душанбе рух додааст, ба роҳ монда, чиҳати таълиму тарбияи чавонон, маърифатнокии онҳо, чалби онҳо ба варзиш ва корҳои фоиданоки чамъиятӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, корро дар ин самт чоннок намоянд.
      14. Дар ин самт роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кумитаю идораҳо, шӯъбаю бахшҳои мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа (новобаста аз шакли моликияташон) вазифадор карда шаванд, ки вобаста ба масъалаи ғоратгарӣ, шомилшавии чавонон ба гурӯҳҳои экстреместӣ, террористӣ ва амалҳои номатлуби шаҳрвандоне, ки дар субҳи рӯзи 4 сентябри соли 2015 дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе рух додааст, суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, оиди корҳои ба анчомдода ба унвони раиси шаҳр ахборотҳо пешниҳод намоянд.
        Баъдан раииси шаҳр Амирулло Асадулло аз Мусоев Бобочон - раиси Кумитаи маҳаллаи “Ваҳдат-1”, Абдураҳмонов Абдусаттор - раиси Кумитаи маҳаллаи “Ваҳдат-2” ва аз Давлатов Маҳмадкарим - раиси Кумитаи маҳаллаи “Ғайрат”, оиди фаъолияти кории Кумита пурсишҳо намуда, бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти кориашон якчанд дастур ва супоришҳои иловагӣ дода шуданд.
        Ҳамзамон ба ичрокунандаи вазифаи мудири шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳр Орипова М. супориш дода шуд, ки масъалаи дар оянда фаъолият намудани раисони Кумитаҳои маҳаллаҳои “Ваҳдат-1”, “Ваҳдат -2” ва “Ғайрат”- ро дида баромада, аз натичаи он ба унвони раиси шаҳр гузоришҳо пешниҳод карда шаванд.
       Мудири шуъбаи маорифи шаҳр Ашурова А. ба сухан баромада вобаста ба дастгирии пайвастаи раиси шаҳр Амирулло Асадулло дар рушд ва пешрафти соҳаи маориф, ҳамчунин оид ба таъсис ва ташкил намудани лагери тобистонаи мактаббачагон миннатдории кулли соҳаи маорифи шаҳрро қайд намуда, ба раиси шаҳр Амирулло Асадулло туҳфаҳои хотиравии аҳли маорифи шаҳрро супорид.
        Ҳамчунин Исматуллозода Чамолиддин – мудири бахши чавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ба сухан баромада, вобаста ба чамъбасти чорабиниҳо бахшида ба чашни 24 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуда, ифтихорнома ва туҳфаҳои омодашудаи бахши чавонон аз тарафи раиси шаҳр Амирулло Асадулло ба ғолибони озмунҳо супорида шуд.
        15. Муовинон, мудирони шӯъба ва бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва идораҳои шаҳр вазифадор карда шаванд, ки бо мақсади таъмини ичрои саривақтии супоришҳои имрӯзаи раиси шаҳр чораҳои қатъӣ андешида, то охири ҳафта аз натичаи корҳои ичрошуда, бо тариқи хаттӣ ба мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ахборотҳо пешниҳод намоянд. 
        16. Назорати ичрои дастуру супоришҳо ба зиммаи муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр гузошта шавад.
 
      
 
               Мурратиб                                                 Қ. Қурбонов 

 
 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню