Протокол - МИMҲДШ Қӯрғонтеппа

Перейти к контенту

Главное меню:

Протокол

Дар толори мақомоти ичроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки раиси шаҳр, муовини якум, муовинон,  роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шӯъба ва бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳои шаҳр ва воситаҳои ахбори омма оид ба беҳтар намудани вазъи корҳои ободони дар шаҳр, муҳокима  ва   баррасии  супоришҳои додашуда  ва дигар масъалаҳои  рӯзмара  31 08 2015 мачлис барпо гардид.
 
        Мачлисро раиси шаҳри Қӯрғонтеппа муовини раиси шаҳр Қосимова С.А. оғоз бахшида сараввал қайд намуд, ки ки рӯзи 29 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе чорабинии чумҳуриявӣ бахшида ба “Иди асал ва харбуза – 2015” гузаронида шудааст ва шаҳри Қӯрғонтеппа ва иштирокчиёни беҳтарини он бо Сипосномаи Вазорати кишоварзии Чумҳурии Точикистон сарфароз гардони шудаанд.
Вобаста ба масъалаи мазкур сухан ба муовини раиси шаҳр Аминзода Точиддин дода шуд. Муовини раиси шаҳр вобаста ба чорабинии мазкур суханрони намуда, иштирокчиёни озмунро бо Ифтихорномаи Вазорати кишоварзии Чумҳурии Точикистон қадрдони намуд.
Муовини раиси шаҳр Қосимова С.А. мачлисро идома бахшида қайд намуд, ки рӯзи 26 августи соли 2015 дар шаҳри Кӯлоб машварати августии омӯзгорони соҳаи маорифи вилояти Хатлон баргузор гардид. Барои ноил шудан ба дастовардҳои назаррас ва нишондиҳандаҳои хуб дар самти дохилшавии хатмкунандагон ба донишгоҳҳои олии кишвар бо тариқи Маркази миллии тестӣ ва инчунин барои ишғоли чойҳои намоён дар озмунҳои фаннии чумҳуриявӣ ва байналмилалӣ Ашурова А. – мудири шӯъбаи маорифи мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо Ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон сарфароз гардидааст.
 Муовини раиси шаҳр Қосимова С.А. мачлисро идома дода оид ба тағйироти кадорӣ суханронӣ намуданд. Аз чумла қайд карда шуд, ки Самадов Эмомалӣ Абдусатторович – аз 27 августи соли 2015 ба мансаби раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Қӯрғонтеппа бо қарори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Чумҳурии Точикистон, таъин карда шудааст.
Муовини раиси шаҳр Қосимова С.А. Самадов Э. А. вазифадор намуд, ки фаъолияти кории худро дар асоси талаботҳои Кодекси замини Чумҳурии Точикистон ба роҳ монда, назоратро аз болои сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар заминҳои корами обӣ ва ичрои саривақтии арзу шикоятҳои шаҳрвандон ба роҳ монад.
Дар баробари ин ба директори КДФ бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Қӯрғонтеппа Камолов С. супориш дода шавад, ки ҳамкориро дар самти сертификаткунонии заминҳои ёрирасони шаҳрвандон, идораю кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон бо Кумитаи идораи замини шаҳр ба роҳ монда, ичрои саривақтии мурочиатҳои шаҳрвандонро сармашқи кори худ намоянд.
Дар давоми мачлис муовини раиси шаҳр Қосимова С.А. ба маълумоти роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаю идораҳо, шӯъбаю бахшҳои мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр расонид, ки дар майдони 70 – солагии Водии Вахши шаҳри Қӯрғонтеппа тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон рӯзи 9 сентябри соли чорӣ  24 – солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Точикистон бо чалби тамоми фаъолон, собиқадорон ва шаҳрвандони шаҳр баргузор карда  мешавад.
Дар ин масъала муовинони раиси шаҳр Қосимов Т., Аминзода Т., Қосимова С., роҳбари дастгоҳ Абдуллоев И. мудири шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ Саъдуллоев В., сардори Муассисаи давлатии коммуналӣ ва таъмиру чароғонкунии шаҳр Миралишоҳи С., сардори Корхонаи давлатии фаръии ниҳолпарварию кабудизоркунии шаҳр Дустов М., сардори Корхонаи давлатии хуроки умумии шаҳр Абдурозиқов М. ва сардори Корхонаи давлатии фаръии хочагии манзилию коммуналии шаҳр Мусоев А. вазифадор карда шаванд, ки масъалаи тозагӣ, ободонӣ ва таъмири фавораҳои майдонро дида баромада, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин чорабинӣ, тамоми тадбирҳоро андешанд.
Ҳамзамон аз тарафи муовини раиси шаҳр оид ба тақсимоти таъмини курсиҳо (стул) дар рӯзи чорабинӣ вбаста карда шуд. Аз чумла  ба муовини раиси шаҳр Қосимов Т. бо соҳаи коммуналӣ ва иқтисод – 400 дона, ба  муовини раиси шаҳр Аминзода Т. бо соҳа – 200 дона ва ба муовини раиси шаҳр Қосимова С. бо соҳа – 200 дона.
           Муовини раиси шаҳр Қосимова С. А.дар давоми суханрониашон нисбати дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханрони намуда барои ичрои саривақтии дастур ва супоришҳо ба муовинон ва масъулини соҳаҳо ичрои супоришҳои додашударо дар мӯҳлатҳои муайяншуда талаб намуда, бо назардошти он мачлис
       ҚАРОР МЕКУНАД:
 
1. Ба муовини раиси шаҳр Қосимов Т. сардори Нозироти андоз - Абдуллоев Ф. супориш дода шавад, ки корҳо оид ба нақшаи чамъоварии маблағи андоз дар моҳи август пурзур намуда, чиҳати бо нишондиҳандаҳои хуб чамъбаст намудани натичаҳои ҳаштмоҳа тадбирҳо андешида, оиди дарёфти манбаҳои иловагии андоз, бақайдгирии соҳибкороне, ки дар ҳудуди шаҳр бе патент ва шаҳодатнома фаъолият мекунанд, чораҳои дахлдор андешанд.
Дар ин самт оид ба беҳтар намудани чамъоварии андоз, назоратро аз болои таъмини мағозаю марказҳои хизматрасонии шаҳр бо машинаҳои назоратии хазинавӣ, баҳри боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти нозироти андоз ба роҳ монда, оид ба корҳои анчомдода ба унвони раиси шаҳр ахбороти хаттӣ пешниҳод намоянд.
Инчунин бояд гуфт, ки оиди ичрои ҳамаи намудҳои андоз дар шаҳр тадбирҳо андешида шаванд.
2. Ба муовинони раиси шаҳр Қосимов Т., Аминзода Т., Қосимова С., роҳбари дастгоҳ Абдуллоев И., мудири шӯъбаи рушди иқтисод ва савдои шаҳр Шоев А. ва сардори шӯъбаи омор Хонбоев Ш. супориш дода шавад, ки бо мақсади бо натичаҳои баланди истеҳсоли чамъбаст намудани моҳи август аз тамоми ташкилоту муассисаҳо, кумитаю идораҳо ҳисоботҳоро талаб намуда, то 5 сентябр ба унвони раиси шаҳр ҳисоботҳоро пешниҳод намуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешанд.
Бояд қайд намуд, ки мувофиқи нақшаи дурнамои вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа дар соли 2015 оиди истеҳсоли маҳсулоти консервагӣ 1 миллиону 440 ҳазор қуттии шарти пешбини шудааст. Аммо истеҳсол дар ҳафт моҳ мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ ҳамагӣ 60 ҳазор қуттии шарти ичро шудаасту халос.
Бинобар ин ба сардори шӯъбаи омори шаҳр Хонбоев Ш. супориш дода шавад, ки дар сектори хусусӣ ҳисоботҳои омории истеҳсоли кансерва аз ҳисоби аҳолӣ нишон дода шавад.
Дар ин самт раисони Кумитаҳои маҳаллаи шаҳр вазифадор карда шаванд, ки хона ба хона оиди истеҳсоли консерваҳо аз ҳисоби аҳолӣ муайян карда шуда, ба шӯъбаи омори шаҳр ҳисоботҳо пешниҳод карда шаванд.
3. Ба сардори шӯъбаи хизматрасони ба шахсони якаву танҳои шаҳр Ойматов Ч. супориш дода шавад, ки оид ба вазъи зисту зиндагонии шахсони якаву танҳо то чашни 24 – солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Точикистон хабардор шуда, оид ба камбудиҳои чойдошта ба унвони раиси шаҳр ахборот пешниҳод карда шавад.
4. Қайд карда мешавад, ки Комиссияи муштараки таблиғотии назди мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар маҳаллаҳои шаҳр вохӯрию суҳбатҳо бо аҳолӣ гузаронида истодаанд. Дар вохӯриҳо нисбати фаъолияти соҳаи коммуналӣ арзу шикоятҳо зиёд мебошанд.
-       Бо ин мақсад ба мудири шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр Саъдуллоев В. ва сардори Идораи сохтмони асосии шаҳр Қосимов А. супориш дода шавад, ки дар маҳаллаи Борбад оиди ташкил ва сохтмони майдончаи варзишӣ тадбирҳо андешанд.
-       Ба Саъдуллоев В. супориш дода шавад, ки ҳамаи сохтмонҳое, ки бе лоиҳа дар саҳни ҳавлиҳои биноҳои баландошёнаи маҳаллаи Борбад сохта шудааст бартараф карда шуда, аз натичааш ба унвони раиси шаҳр ахборот пешниҳод карда шавад.
-       Сокинони маҳаллаи Ваҳдат – 3 хоҳиш намудаанд, ки барои гирифтани шиносномаҳои техникӣ мусоидат намоянд. Аз ин лиҳоз директори КДФ бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Қӯрғонтеппа Камолов С. вазифадор карда шавад, ки аз ҳисоби кормандони корхона гурӯҳи корӣ ташкил намуда, хона ба хона масъалаи бо шиносномаҳои техникӣ таъмин намудани аҳолӣ чораҳои дахлдор андешанд.
Шаҳрвандони маҳаллаи Ваҳдат – 2 мурочиат намудаанд, ки ҳангоми гузаштани варақаҳои гузариш дар корхонаҳои об, барқ ва хочагии коммуналӣ дар назди корхонаҳо аз як то ду рӯз интизорӣ мекашем. Бинобар ин ба Раҳимов Н., Билолов У. ва Мусоев А. супориш дода шавад, ки дар корхонаҳо навбатдорӣ ташкил намуда, барои саривақт ичро намудани дархосту мурочиатҳои шаҳрвандон чораҳои дахлдор андешанд.
Инчунин Раҳимов Н. вазифадор карда шаванд, ки дар рӯзҳои якшанбе дар корхона аз ҳисоби кормандони пуртачриба навбатдорӣ ташкил карда шавад.
Сокинони маҳаллаи Ваҳдат -1 дархост намудаанд, ки аз ҳисоби кормандони мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр гурӯҳи корӣ ташкил карда, барои бартараф намудани ҳамаи девор ва симтурҳое, ки дар роҳҳои пиёдагардон сохта шудааст бартараф карда шаванд ва барои ташкил намудани нуқтаи паспартовҳо замин чудо намоянд.
Бо ин мақсад ба Саъдуллоев В., Самадов Э., Камолов С., Мирзоев А. – сардори шӯъбаи ВКД дар шаҳр, Раҳимов Н., Мусоев А. ва Сафаров Сайдалӣ супориш дода шавад, ки як гурӯҳи корӣ ташкил намуда, дар маҳаллаи мазкур санчишҳо гузаронида, камбудиҳои мавчударо бартараф намоянд.
5.Ба мудири шӯъбаи рушди ичтимоӣ ва робита бо чомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Точиев Ч. супориш дода шавад, ки оид ба натичаи дархостҳои шаҳрвандон, ки зимни вохӯриҳо пешниҳод мегардад, аз масъулини соҳаҳо оиди ичрои онҳо ахборотҳо талаб намуда, ба унвони раиси шаҳр гузоришҳо пешниҳод намоянд.
6. Бори дигар ба ҳамаи роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва мутассадиёни кӯчаю хиёбонҳои шаҳр супориш дода шавад, ки гирду атрофи биноҳои корхонаҳоро аз паспартовҳо тоза намуда, таъмири зоҳирии биноҳоро ба роҳ монда, чиҳати ташкил намудани шиору овезаҳо бахшида ба чашнҳои дарпешистода, аз чумла Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Точикистон, 21 – солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Чумҳурии Точикистон, инчунин оиди батартиб даровардани номгузории  корхонаҳо корҳои заруриро ба сомон расонида, аз натичаи ичрои дастуру супоришҳо ахборот пешниҳод намоянд.
Муовинони раиси шаҳр дар ин самт корро чоннок намоед пурсиш дар ҳафтаи пешомад аз Шумо мешавад.
        7. Ба мудири шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр Саъдуллоев В. ва роҳбари Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои шаҳри Қӯрғонтеппа Арзиқулов Т. супориш дода шавад, ки дар якчоягӣ бо роҳсозони Чумҳурии мардумии Чин корҳоро чоннок намуда, барои шустан ва обпошии роҳҳо, ки таъмир шуда истодаанд, тадбирҳо андешида шаванд.
        8. Ба муовини раиси шаҳр Аминзода Т. Ҳ. супориш дода шавад, ки бо мақсади ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ то чашни 24 – солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Точикистон дар Боғи фарҳангию истироҳатии ба номи Р.Мурчаев дар якчоягӣ бо бозорҳо ва хочагиҳои деҳқонии шаҳр бо нархҳои нисбатан арзон тадбирҳои мушаххас андешанд.
-           Дар ин самт ба директори телевизиони Қӯрғонтеппа Камолов У. ва сармуҳаррири рӯзномаи “Набзи Қӯрғонтеппа” Туйчиев У. супориш дода шавад, ки дар барномаҳо ва рӯзномаҳои минбаъда рӯз ва чойи баргузории ярмаркаро ба тавсиб расонанд.
   9. Ба Аминзода Т., Каримов Ю., Самадов Э. ва Хонбоев Ш. супориш дода шавад, ки вобаста ба масъалаи мазкур корро чоннок намуда, ҳолати воқеъии кишти такрориро дар хочагиҳои деҳқонӣ дида баромада, барои ҳарчи зудтар ба анчом расонидани кишт, тадбирҳо андешида шаванд.
  10. Ба мудири бахши чавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Исматуллозода Ч. супориш дода шавад, ки чиҳати амалигардонии барномаҳои рушди тарбияи чисмонӣ, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо масъулини муассисаҳо ва шӯъбаҳои дахлдори мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тадбирҳо андешида, барои чалби сайёҳон ба шаҳр аз ҳама воситаҳо (аз чумла бо воситаи интернет) самаранок истифода баранд.
 11. Ба мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва чашну маросимҳои миллии шаҳр Меҳронов М. супориш дода шавад, ки пеш аз гузоштани намозҳо ба намозгузорон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиро чиҳати паст кардани сатҳи чинояткорӣ, нашъамандӣ, дӯздӣ, ғоратгарӣ, шомилшавии чавонон ба гурӯҳҳои экстреместӣ, террористӣ ва дигар омилҳои номатлуб ба роҳ монда, чиҳати таълиму тарбияи чавонон, маърифатнокии онҳо, чалби онҳо ба варзиш ва корҳои фоиданоки чамъиятӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, маҳз ташкили шанбегиҳо корро дар ин самт чоннок намоянд.
12. Ба мудири шӯъбаи маорифи шаҳр Ашурова А. супориш дода шавад, ки омодагиҳо ва тайёрӣ ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 корҳои амалиро ба роҳ монда, барои ҳарчи зудтар бо ангишт ва ҳезум таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр тадбирҳои заруриро ба роҳ монда, оиди корҳои анчом дода то 1 октябри соли 2015 ахборот ба унвони раиси шаҳр пешниҳод намоянд .
 13. Ба котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Шодиев Д. супориш дода шавад, ки дар якчоягӣ бо шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Чумҳурии Точикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа баъд аз соатҳои 2200 дар марказҳои компютерӣ ва дигар чойҳои чамъиятии шаҳр санчишҳо гузаронида, чиҳати таъмини ичрои талаботҳои Қонуни Чумҳурии Точикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, чораҳои дахлдор андешида шаванд.
Дар интиҳои даструру супоришҳо муовини раиси шаҳр Қосимова С.А. қайд намуданд, ки тибқи дастуру супориши роҳбари Дастгоҳи ичроияи Президенти Чумҳурии Точикистон ба қарори раиси шаҳр аз 2 январи соли 2015, № 1 “Дар бораи тасдиқи речаи чорабиниҳо, қабули шаҳрвандон ва муайян намудани тартиби навбатдорӣ дар бинои мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар соли 2015” тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, қабули шаҳрвандон аз чониби раиси шаҳр дар як ҳафта ду маротиба, рӯзҳои чоршанбе аз соати 800 то 1000 оид ба масъалаҳои замин ва рӯзи шанбе аз соати 800 то 1200 муайян карда шудааст.
           Дар баробари ин ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, Кумитаю идораҳои шаҳр супориш дода шавад, ки бо мақсади ба низом даровардани навбатдории шабонарӯзӣ дар биноҳои корхонаҳо аҳамияти чиддӣ дода, шахсони мансабдоре, ки дар бинои мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи қарори раиси шаҳр муайян карда шудааст, дар рӯзи муқарраргардида ҳозир бошанд.
          Ба мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр Баротов Д. супориш дода шавад, ки дар ҳолати ҳозир нашудани навбатдорон дар бинои мақомот ба унвони раиси шаҳр нисбати роҳбарони корхонаҳо гузориш пешниҳод карда шавад.
          Инчунин вобаста ба масъалаи тайёрӣ ва гузаронидани ичлосияи навбатии Мачлиси вакилони халқи шаҳр тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, оиди ба баррасии Барномаи рушди иқтисодию ичтимоии шаҳри Қӯрғонтеппа барои солҳои 2016 – 2020 дар ичлосияи навбатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.  
          Ба мутассадиёне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр дар рӯзи баргузории 1 сентябр – рӯзи дониш вобаста шудаанд супориш дода шавад, ки иштирок намуда, вобаста ба масъалаи таъмин будани хонандагон бо сару либоси ягона ва таъмири бинои муассисаҳо дидан намуда, ба унвони раиси шаҳр ахборотҳо пешниҳод намоянд.
         Дар охири мачлис роҳбари хочагии НИХИ Чалилов С. ва     директори китобхонаи Марказии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи К.Хучандӣ Аксакалова З. – оид ба фаъолияти китобхона дар давоми 8 моҳи соли 2015 ҳисобот дода вобаста ба камбудиҳои соҳа аз тарафи муовини раиси шаҳр Қосимова С.А. якчанд дастур ва супоришҳои иловаги дода шуданд.
        14. Муовинон, мудирони шӯъба ва бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва идораҳои шаҳр вазифадор карда шаванд, ки бо мақсади таъмини ичрои саривақтии супоришҳои имрӯзаи раиси шаҳр чораҳои қатъӣ андешида, то охири ҳафта аз натичаи корҳои ичрошуда, бо тариқи хаттӣ ба мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ахборотҳо пешниҳод намоянд. 
        18. Назорати ичрои дастуру супоришҳо ба зиммаи муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр гузошта шавад.
 

 
                Мурратиб                                             Қ. Қурбонов 

 
 
Назад к содержимому | Назад к главному меню